Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 216 аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар бораи тасдиқи Низомномаҳои мақомоти назорати давдатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозрасии давлатии сохтмони кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъмори ва сохтмон" ва "Дар бораи масъулияти иқтисоди корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструкция ва маснуоти бинокорӣ" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май соли 1997 № 441 "Дар хусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъмори ва сохтмон", Ҳукумати Ҷумҳуртии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаҳои замимагардидаи мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, роҳбарии методӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин назорати техникию муаллифиро дар мавриди ба сифати сохтмони объектҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат бурдани онҳо таъмин намояд.
3. Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1992, № 87 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Инспекцияи давлатии сохтмони Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меъмори ва сохтмон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 декабри соли 1997 № 554
ш. Душанбе