Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 1997 № 554
тасдиқ шудааст
Низомномаи мақомоти назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи махкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меъморӣ ва сохтмон" ва "Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ,конструкцияҳо ва маснуоти бинокорӣ" таҳия гардида, самтҳои асосии кори мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мураттаб месозад.
Мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд НДС) инҳо мебошанд:
- Бозрасии давлатии сохтмон;
- бозрасиҳои сохтмони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳявӣ;
- мқормоти назорати давлатии меъморию сохтмон.
Назорат ва роҳбарии методӣ ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ НДС, ҳамоҳангсозӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани сифати сохтмон, масолеҳ, конструкцияҳо ва маснуоти бинокорӣ равона сохтани фаъолияти онҳо ба зиммаи Бозраси давлатии сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
2. Мақомоти НДС дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷиктистон, Низомномаи мазкур ва низомномаҳои худро дастури амал қарор медиҳанд.
3. Сохтор ва рӯйхати штатҳои мақомоти НДС (ғайр аз Бозрасии давлатии сохтмон) аз ҷониби раисони марбутаи вилоятӣ, шаҳрӣ на ноҳиявӣ тасдиқ карда мешаванд, номзадии роҳбарони мақомоти НДС бошад, бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.
4. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мақомоти Назорати давлатии сохтмон тасдиқ нагардидаанд, вазифаи онҳоро шӯъбаҳои меъморию сохтмонӣ, сармеъморони ин шаҳру ноҳияҳо иҷро менамоянд.
ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ НД
5. Вазифаҳои асосии мақомоти НДС иборатанд аз:
- ба амал баровардани назорати давлатӣ ба сифати сохтмони манзилгоҳҳо, объектҳои таъиноти саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии об, роҳҳо ва намудҳои дигари сохтмон, сарфи назар мансубияти идоравӣ ва шакли моликияташон;
- назорати давлатӣ ба риояи меъёру қоидаҳо ва стандарту сертификатҳои сохтмон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу конструкцияҳои бинокорӣ, ташкилотҳои бинокорӣ ва ашхоси ҳуқуқию воқеӣ;
- назорат ба фаъолияти марбут ба назорати муаллифӣ ва техникии ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва фармоишгарон, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон.
6. Мақомоти НДС инчунин вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
- додани иҷозатнома барои анҷоми корҳои сохтмону монтаж, таҷдид, таъмир, таъмири асосӣ, ободонии объекту комплексҳо ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии лоиҳаҳо (техникӣ, экологӣ ва ғайра);
- иштирок дар комиссияҳои давлатии қабул дар мавриди ба истифода қабул кардани объектҳои таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили талаботи лоиҳакашӣ, меъёрӣ ва асноди қонунгузорӣ дар соҳаи беҳтар намудани сифати сохтмон, истеҳсоли масолеҳ, конструкцияҳо ва маснуоти бинокорӣ.
Ба мақомоти НДС ҳуқуқҳои зерин дода шудааст:
7. Ба объектҳои сохтмон, инчунин корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳу маснуоти бинокорӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, бемонеа ворид шаванд.
8. Дар идораҳо, ташкилотҳои сохтмону монтаж, корхонаҳои саноати масолеҳу конструкцияҳои бинокорӣ сифати маҳсулотро тафтиш намуда, аз рӯи натиҷаҳои тафтиш қарор қабул кунанд, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад.
9. Дар ҳолатҳои зарури озмоиши иловагӣ ва боз кардани унсурҳои алоҳидаи конструкцияҳои биною иншоотро талаб намоянд.
10. Мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳоро барои иштирок дар тафтиши сифати корҳои сохтмону монтаж, конструкцияҳо ва маснуоту масолеҳ гузаронидани таҳқиқоту озмоишҳо ҷалб намоянд.
11. Дар мавриди ислоҳи корҳои сохтмону монтажи хушсифат иҷронашуда ва иваз кардани маснуоти масолеҳи сифаташон паст дастурҳое диҳанд, ки иҷрои онҳо аз тарафи ташкилотҳо ва ашхоси мансабдори онҳо ҳатмӣ мебошад.
12. То рафъи норасоию камбудиҳои дар объектҳо ошкоргардида аз тариқи бонкҳое, ки барои сохтмон маблағ ва кредит ҷудо мекунанд, иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмону монтаж ва маблағгузории сохтмонҳоро боздоранд.
13. Аз тариқи бонкҳои дахлдори маблағгузорикунанда нисбати ташкилоту корхонаҳо ва мансабдорони онҳо чораҳои ҷаримавии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти иқтисоди корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструкцияҳо ва маснуоти бинокорӣ" пешбинигардидаро раво бинанд.
14. Аз фармоишгарони иморатсоз, ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ ва бинокори асноди марбут ба иҷрои корҳои сохтмону монтаж, истеҳсоли маҳсулоту конструкцияҳои бинокорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои санҷишҳои табиӣ, асноди иҷроияи тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ва сертификатҳоро гиранд.
15. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз фармоишгарони иморатсоз, ташкилоту корхонаҳои сохтмону монтажи индустрияи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ доир ба ҳаҷму навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда маълумот гиранд.
16. Дар хусуси ҳодисаҳои вайронкунии тартиби муқарраргардидаи ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонашон ба итмомрасида ва аз ҷониби корхонаҳои индустрияи сохтмон истеҳсол гардидани маҳсулоте, ки ба стандарту сертификатҳо ва талаботи техники ҷавобгӯ нест, ҷиҳати аз ҳисоботи давлати хориҷ кардани онҳо ба мақомоти омор маълумот диҳанд.
17. Дар хусуси қонуншикани дар соҳаи сохтмон ба мақомоти маъмурӣ ва ҳуқуқи ҷиҳати барраси мувофиқи тартиби муқарраргардида мавод пешниҳод намоянд.
Ба Маркази давлатии лицензионии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси имконияти мувофиқи тартиби муқарраргардида аз лицензия барои навъи дахлдори фаъолияти бинокори маҳрум сохтан мавод пешниҳод намоянд.
18. Мақомоти НДС дорои мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.
Тартиби маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ ва додани музди меҳнат
19. Таъминоти мақомоти НДС аз ҳисоби маблағҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- аз ҳисоби маблағҳои буҷет, бо дарназардошти сохтор ва шумораи кормандони мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи воҳидҳои зикргардида;
- аз ҳисоби фаъолияти ҳисоби хоҷагӣ мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май соли 1997 "Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструкция ва маснуоти бинокорӣ", 15 фоизи маблағи ҷаримаҳои ситонидашуда ба суратҳисоби мақоми дар хусуси ҷаримабанди қарор қабулкардаи НДС Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими базаи моддию техникӣ ва иҷтимоии он равона мегардад, инчунин 0,15 фоизи арзиши сметавии корҳои сохтмону монтаж мутобиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1992 № 410.
20. Таъминоти моддию техникӣ аз тариқи ҳукуматҳои дахлдор ва аз ҳисоби хоҷагӣ, аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ сурат мегирад.
БАҲИСОБГИРӢ, ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТ
21. Барои ҷамъбаст ва таҳияи вазъи воқеии сифати сохтмон дар саросари ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллии НДС ҳар семоҳа дар шакли муқарраргардида дар хусуси натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот тартиб дода, онро ба бозрасии дввлатии сохтмон пешниҳод менамоянд, он дар навбати худ ҷиҳати гузориш додан ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сифати сохтмон дар ҷумҳурӣ тафсири ҳарсола таҳия менамояд.
22. Воҳидҳои ҳисоби хоҷагии мақомоти НДС ба ғайр аз ҳисоботи дар банди 21 пешбинигардида, инчунин дар хусуси натиҷаҳои фаъолияти ҳисоби хоҷагӣ ҳисоботи барои корхонаҳои давлати муқарраргардидаро таҳия намуда, онро ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд.
23. Бозрасии давлатии сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи ҳарсолаи тасдиқгардида фаъолияти мақомоти маҳаллии НДС, аз ҷумла воҳидҳои ҳисоби хоҷагиро ҳамаҷониба тафтиш менамояд.
НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ СОХТМОН БА ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИНШООТ АЗ ҶОНИБИ ФИРМАҲОИ ХОРИҶИ
24. Агар дар шартномаҳои байналхалқӣ тартиби дигаре пешбини нагардида бошад, мақомоти НДС дар мавриди фирмаҳои хориҷии сохтмоние, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон биною иншоот месозанд, ҳуқуқи ба онҳо додашударо пурра истифода менамоянд.
25. Мақомоти НДС, аз ҷумла воҳидҳои ҳисоби хоҷагии онҳо, дар асоси мувофиқаи тарафайн метавонанд манфиатҳои фирмаҳои хориҷиеро, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати фармоишгар амал мекунанд, дар масъалаҳои таъмини дараҷаи меъёрии сифати маҳсулоти бинокори ҳифз намоянд.
МАСЪУЛИЯТИ МАҚОМОТИ НДС
26. Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май соли 1997 "Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ конструкция ва маснуоти бинокорӣ" агар мақомоти Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи иҷрои нодурусти вазифаҳои худ дар мавриди истифодаи қонунии мазкур ба корхона, муассиса ва ташкилот, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташ, зиён оварда бошанд, корхона метавонад нисбати мақоми дахлдори Назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷкистон ба суд даъво карда, ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ
от 31.03.2014г.№216
П О Л О Ж Е Н И Е
об органах Государственного строительного контроля Республики Таджикистан
Общие положения
1. Настоящее Положение разработано в соответствии с законами Республики Таджикистан "Об архитектуре и градостроительстве" и "Об экономической ответственности предприятий, учреждений и организаций за правонарушения в области строительства и промышленности строительных материалов, конструкций и изделий", и регламентирует основные направления работы органов Государственного архитектурноградостроительного контроля Республики Таджикистан.
Органами Государственного строительного контроля Республики Таджикистан (далее ГСК) являются:
Государственная строительная инспекция;
областные, городские, районные строительные инспекции;
органы государственного архитектурно-строительного контроля.
Контроль за деятельностью и методическое руководство местными органами ГСК, координация и направление их деятельности на повышение качества строительства, строительных материалов, конструкций и изделий возлагается на Государственную строительную инспекцию Комитета по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан.
2. Органы ГСК в своей деятельности руководствуются Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси Оли, указами Президента Республики Таджикистан, решениями Правительства Республики Таджикистан, Комитета по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан, настоящим Положением и своими Положениями.
3. Структура и штатное расписание органов ГСК (кроме Госстройинспекции) утверждается соответствующими Председателями областей, городов и районов, а кандидатура руководителя органов ГСК согласовывается с Комитетом по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан.
4. В городах и районах, где не утверждены органы Госархстройконтроля, их функции выполняют отделы архитектуры и градостроительства, главные архитекторы этих городов и районов.
Задачи и функции органов ГСК
5. Основными задачами органов ГСК являются:
- осуществление государственного строительного контроля за качеством строительства объектов жилищногражданского, промышленного, сельскохозяйственного, водохозяйственного назначения независимо от его ведомственной принадлежности и форм собственности;
- государственный контроль за соблюдением предприятиями по производству строительных материалов, конструкций, строительными организациями, юридическими и физическими лицами строительных норм, правил, стандартов и сертификатов;
- контроль за деятельностью авторского и технического надзора проектных организаций и заказчиков независимо от их ведомственной подчиненности.
6. Органы ГСК также осуществляют следующие функции:
- выдача разрешений на производство строительномонтажных работ, реконструкцию, реставрацию, капитальный ремонт, благоустройство объектов и комплексов, а в случаях установленных законодательством, при наличии положительного заключения органов Государственной экспертизы проектов (технической, экологической и других);
- участие в государственных приемочных комиссиях по приемке в эксплуатацию объектов производственного и непроизводственного назначения;
- участие в расследовании аварий на строительстве объектов народного хозяйства;
- подготовка предложений по совершенствованию проектных, нормативных требований и законодательных актов в области улучшения качества строительства, производства строительных материалов, конструкций и изделий;
- разработку годовых и перспективных планов контроля за качеством строительства.
Органам ГСК предоставлено право:
7. Беспрепятственно посещать объекты строительства, а также предприятия по производству строительных материалов и изделий независимо от их ведомственной принадлежности и форм собственности.
8. Производить в ведомствах, строительно-монтажных организациях, на предприятиях строительных материалов и конструкций проверку качества продукции и по результатам проверок принимать решение, обязательное для исполнения.
9. Требовать в необходимых случаях дополнительных испытаний и вскрытий отдельных конструкций элементов зданий и сооружений.
10. Привлекать для участия в проверках качества строительно-монтажных работ, конструкций, изделий и материалов, проведения обследований и испытаний специалистов соответствующих министерств и ведомств и их подразделений.
11. Давать обязательные для исполнения организациями и их должностными лицами предписания для исправления некачественно выполненных строительномонтажных работ и замене некачественных изделий и материалов.
12. Приостанавливать дальнейшее производство строительно-мантажных работ и финансирование строек wepeg банки, финансирующие и кредитирующие строительство, до устранения выявленных на объектах нарушений и дефектов.
13. Применять через соответствующие финансирующие банки к предприятиям, организациям и их должностным лицам штрафные санкции, предусмотренные Законом Республики Таджикистан "Об экономической ответственности предприятий, учреждений и организаций за правонарушения в области строительства и промышленности строительных материалов , конструкций и изделий".
14. Получать от заказчиков - застройщиков, проектных, строительных организаций и предприятий документацию связанную с выполнением строительномонтажных работ, изготовлением строительных материалов и конструкций, включая результаты натурных испытаний, исполнительную документацию, удостоверяющую качество возведенной продукции и сертификаты.
15. Получать при необходимости у заказчиков, строительно-монтажных организаций, предприятий строительной индустрии и промышленности строительных материалов данные по видам и объемам произведенной продукции.
16. Сообщать органам статистики о фактах нарушений установленного порядка приемки в эксплуатацию законченных строительством объектов и выпуска продукции предприятиями строительной индустрии, не отвечающей стандартам, сертификатам, техническим условиям, для исключения их из государственной отчетности.
17. Представлять материалы о правонарушениях в области строительства административным и правовым органам для их рассмотрения в установленном порядке.
Представлять материалы в государственный лицензионный центр Комитета по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан о возможности лишения в установленном порядке лицензии на соответствующий вид строительной деятельности.
18. Органы ГСК имеют печать с изображением Государственного Герба Республики Таджикистан со своим наименованием на таджикском и русском языках.
Порядок финансирования, материально-технического обеспечения и оплаты труда
19. Содержание органов ГСК осуществляется:
- за счет ассигнований из бюджета, исходя из утвержденной в установленном порядке структуры и численности указанных подразделений;
- за счет хозрасчетной деятельности, в соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "Об экономической ответственности предприятий, учреждений и организаций за правонарушения в области строительства и промышленности строительных материалов, конструкций и изделий" 15% взысканных сумм, штрафов направляется на счет органов ГСК Республики Таджикистан, вынесшего постановления о наложении штрафа, для укрепления его материально-технической и социальной базы, а также 0,15% сметной стоимости строительно-монтажных работ в соответствии с постановлением Кабинета Министров Республики Таджикистан от 9 ноября 1992 года № 410.
20. Материально-техническое обеспечение осуществляется через соответствующие Хукуматы за счет хозрасчетной деятельности, структурными подразделениями.
Учет, ответственность и контроль
21. Для обобщения и анализа фактического состояния качества строительства по республике местные органы ГСК ежеквартально составляют отчет о результатах своей деятельности по установленной форме и представляют его в Госстройинспекции, которые в свою очередь подготавливают ежегодный обзор о состоянии качества строительства в Республики Таджикистан для докладов в Комитет по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан и в Правительство Республики Таджикистан.
22. Хозрасчетные подразделения органов ГСК кроме отчетов, предусмотренных пунктом 21 составляют и предоставляют в соответствующие органы отчетность о результатах хозрасчетной деятельности, установленную для государственных предприятий.
23. Госстройинспекцией Комитета по делам архитектуры и строительства при Правительстве Республики Таджикистан согласно утвержденной ежегодной программе осуществляет комплексные проверки деятельности местных органов ГСК, включая хозрасчетные подразделения.
Государственно-строительный контроль за строительством, осуществляемом иностранными фирмами
24. Органы ГСК по отношению к иностранным строительным фирмам, осуществляющим строительство зданий и сооружений на территории Республики Таджикистан, используют всю полноту представленных им прав, если иное не предусмотрено международными договорами.
25. По взаимной договоренности органы ГСК, включая хозрасчетные подразделения, могут защищать интересы иностранных фирм, выступающих заказчикам на территории Республики Таджикистан, в вопросах обеспечения нормируемого уровня качества строительной продукции.
Ответственность органов ГСК
26. В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об экономической ответственности предприятий, учреждений и организаций за правонарушения в области строительства и промышленности строительным материалов, конструкций и изделий" в случае, если ненадлежащим исполнением своих обязанностей в части применения указанного Закона органам ГСК Республики Таджикистан причинены убытки предприятию, учреждению и организации, независимо от их ведомственной подчиненности и форм собственности, оно вправе обратиться в суд с иском к соответствующему органу ГСК Республики Таджикистан о возмещении причиненных убытков.