ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мафҳумҳои асоси
Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сарватҳои таърихию фарҳанги - ашёи манқули олами модди, ки арзишҳои милли, таърихи, бадеи, илмию маърифати, маънавию ахлоқи ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ доранд ;
- берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо ;
- ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги - тавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе санади пас баргардонидани онҳо ;
- муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангитавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраргардида ;
- муваққатан дохил кардани сарватҳои таърихию фарҳангитавассути сарҳади гумруки интиқоли сарватҳои фарҳанги ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади пас баргардонидани онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда.
- экспертизаи бадеи - аз ҷониби мутахассис (эксперт) ё гурӯҳи мутахассисон омӯхтани масъалаҳое, ки ҳалли дурусти онҳо таҳқиқоти касби ва донишҳои махсусро тақозо дорад.
Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд
Сарватҳои таърихию фарҳангии зерин таҳти амали ин Қонун қарор мегиранд :
- офаридаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- офаридаҳои шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бозёфтҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- гирдовардаҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо, кинофото-фонотекаҳо, нигористонҳо ва дигар маҳзанҳо ;
- бозёфтҳои экспедитсияҳои археологи, этнографи, фолклори ва табиии илмӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин сарватҳо аз он ҷо пайдо шудаанд ;
- дар натиҷаи мубодилаи ихтиёри ба даст омадаҳо;
- ба сифати мерос ё ҳадя бадастомада ва ё бо розигии мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳое, ки ин сарватҳо аз қаламрави онҳо пайдо шудаанд ;
- аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда .
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти давлати дар соҳаи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги
Танзими берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунанд .
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг :
- категорияи ашёҳоеро, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарватҳои таърихию фарҳанги мансубанд, муайян мекунад;
- оид ба имконияти берун баровардан, муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги тибқи конунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
- сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда, инчунин муваққатан берунбаровардашаванда ва муваққатан воридкардашавандаро ба қайд мегирад ;
- экспертизаи сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардонидани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод шудаанд таъмин мекунад;
- барои берун баровардан ва муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги шаҳодатнома медиҳад;
- сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатй дастгир ё мусодира шудаанд, қабул мекунад, экспертиза мегузаронад ва тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад .
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро мутобиқи қонунгузори оид ба тартиби берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги амалй мегардонад .
Тартиби гузаронидани экспертиза ва назоратро ҷиҳати берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда
Асосҳои пайдоиши ҳуқуқи моликияти давлати ва ҳуқуқи моликияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда инҳо мебошанд :
- офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби буҷаи давлати;
- офариниши сарватҳои фарҳанги аз ҳисоби фаъолияти шахсони ҳуқуқи ва воқеи ;
- аҳдҳое, ки дар асоси он сарватҳои фарҳанги офарида ё ба даст оварда шудаанд ;
- сарватҳои таърихию фарҳангии бамеросмонда ;
- дигар асосҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои фарҳангие, ки ҳамзамон объекти моликияти зеҳнӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад .
Моддаи 7. Ҳуқуқи молик барои берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги
Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги аз ҷониби соҳиби моликият ё шахси ваколатдори ӯ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи берун баровардан, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дода мешавад иҷро мегардад .
Муаллиф ҳуқуқ дорад сарватҳои таърихию фарҳангии офаридаашро, ки моликияти ӯст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад .
Моддаи 8. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд
Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст :
Сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;
аз ҷониби давлат ба рӯйхат ва феҳристи нигоҳбони дохилшуда ;
дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва маҳзанҳои дигари давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда .
Моддаи 9. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги
Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин муваққатан берун бароварда мешаванд :
барои ташкили намоишгоҳҳо;
барои гузаронидани корҳои реставратсиони ва тадқиқоти илми;
вобаста ба фаъолияти театри, консерти ва фаъолиятҳои дигари ҳунари;
барои ороиши сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар мавридҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст .
Сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки муваққатан берун бароварда мешаванд, ба сифати таъмини кредит ё ҳамчун гарав истифода бурдан манъ аст .
Моддаи 10. Шартҳои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги
Асоси муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги шаҳодатномаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангмебошад. Тартиби додани шаҳодатнома барои ҳуқуқи мувақатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд :
шартнома бо ҷониби қабулкунанда дар бораи мақсад, мӯҳлат ва шароити муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги ;
санади суғуртавии (шаҳодатнома, сертификат, пардохтнома) шартномаи суғуртаи молумулки оид ба сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда бо назардошти ҳама ҳолатҳои эҳтимолии суғуртави ;
кафолати хаттии мақомоти давлатии ҷониби қабулкунанда оид ба ҳифз, нигоҳдори ва сари вақт баргардонидани сарватҳои фарҳангие, ки муваққатан ба ҳудуди он давлат ворид карда мешаванд .
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги аз тарафи шахсони ҳуқуқи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шуданд .
Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои фарҳанги аз тарафи шахсони воқеи ба ариза ҳуҷҷатҳое замима мегарданд, ки дар сахати сеюми қисми дуюми ҳамин модда зикр шудаанд .
Моддаи 11. Раддияи додани шаҳодатнома барои муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги
Шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги дар ҳолатҳои зерин дода намешавад :
ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда пешниҳод нагардида бошанд;
вазъи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашаванда тағйир додани шароити нигоҳдории онҳоро напазирад ;
молики сарватҳои таърихию фарҳангие, ки барои муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, муайян нашуда бошад ;
сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавзӯи баҳси ҳуқуқи моликиятанд;
дар кишваре, ки ба он муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳанги дар назар аст, офатҳои табиӣ ё вазъияти дигаре рух дода бошад, ки монеаи таъмини ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои фарҳангии муваққатан берунбаровардашаванда гардад .
Моддаи 12. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берунбаровардашуда
Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берунбаровардашударо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати қабулкунанда таъмин мекунанд .
Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридкардашуда
Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашударо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад .
Моддаи 14. Манъи ворид кардани ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади тағйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, зӯроварӣ, экстремизм ва нажодпарастӣ манъ аст .
Моддаи 15. Пешгирии ғайриқонуни ворид кардан ва харидани сарватҳои таърихию фарҳанги
Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст бо мақсади баргардонидан ба соҳиби қонунияш аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор боздошта мешаванд .
Бо мақсади пешгирии азхудкунии сарватҳои таърихию фарҳангии аз давлатҳои дигар ғайриқонуни берунбаровардашуда, дуздидашуда ва ё ғайриқонуни харидашуда, осорхонаҳои давлати, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлати вазифадоранд дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти зарури дошта бошанд .
Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳанги
Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад .
Пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳанги ба фурӯши оммави бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг, амали мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фуруши сарватҳои фарҳанги иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро гиранд .
Моддаи 17. Транзит ва ирсоли сарватҳои таърихию фарҳанги тавассути почта
Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳанги аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки бо мақсади сирф транзити ворид кардани сарватҳои фарҳангиро аз рӯи талаботи муайянкардаи мақомоти Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд .
Ирсоли сарватҳои таърихию фарҳанги тавассути почта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 18. Ҳуқуқи боинсофона харидани сарватҳои таърихию фарҳанги
Харидори боинсофи сарватҳои таърихию фарҳангии аз кишварҳои дигар ғайриқонуни баровардашуда, дуздидашуда ё дар давлатҳои дигар гумшуда бояд онҳоро ба соҳиби қонунияш баргардонад. Дар чунин мавридҳо ба харидори боинсоф аз рӯи тартиби муқарраргардида ҷубронпули дода мешавад .
Сарватҳои таърихию фарҳангии мутобиқи қисми якуми ҳамин модда баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумруки ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд. Хароҷоти дигарро оид ба баргардонидани онҳо ҷониби талабкунанда пардохт мекунад .
Моддаи 19. Баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Давлат барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ғайриқонунӣ берун бароварда шудаанд, чораҳо меандешад.
Мӯҳлати даъво ба талаб дар бораи баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то эълони истиқлолияти давлатии он баровардашуда паҳн намегардад.
Моликони сарватҳои таърихию фарҳангии баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд .
Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои таърихию фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад .
Моддаи 21. Пардохтҳои гумруки барои сарватҳои таърихию фарҳанги
Пардохтҳои гумруки ҳангоми берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳанги бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд .
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 6 августи соли 2001 № 42
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВЫВОЗЕ И ВВОЗЕ ИСТОРИКО-КУЛЬТУРНЫХ ЦЕННОСТЕЙ
(в редакции Закона РТ от 31.12.2008г.№480, от 31.12.2014г.№1171)
Статья 1. Цель настоящего Закона
Настоящий Закон определяет правовые основы защиты и сохранения историко-культурного наследия и устанавливает порядок вывоза историко-культурных ценностей из Республики Таджикистан и порядок их ввоза в Республику Таджикистан ().
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о вывозе и ввозе историко-культурных ценностей
Законодательство Республики Таджикистан о вывозе и ввозе историко-культурных ценностей основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном (
Статья 3. Основные понятия
В настоящем Законе применяются следующие основные понятия:
- историко- культурные ценности - движимые предметы материального мира, представляющие собой национальную, историческую, художественную, научно - познавательную, духовно-нравственную и иную культурную значимость
- вывоз историко- культурных ценностей- перемещение через таможенную границу культурных ценностей за пределы территории Республики Таджикистан без обязательства их обратного ввоза
- ввоз историко- культурных ценностей - перемещение через таможенную границу культурных ценностей на территорию Республики Таджикистан без обязательства их обратного вывоза
- временный вывоз культурных ценностей - перемещение через таможенную границу культурных ценностей за пределы Республики Таджикистан с обязательством их обратного ввоза в оговоренный срок;
- временный ввоз культурных ценностей - перемещение через таможенную границу культурных ценностей на территорию Республики Таджикистан с обязательством их обратного вывоза в оговоренный срок;
- художественная экспертиза - изучение специалистом (экспертом) или группой специалистов вопросов, правильное решение, которых требует профессиональных исследований и специальных знаний.
Статья 4. Историко-культурные ценности, подпадающие под действие настоящего Закона
Под действие настоящего Закона подпадают историко-культурные ценности
- созданные гражданами Республики Таджикистан;
- созданные на территории Республики Таджикистан иностранными гражданами и лицами без гражданства;
- обнаруженные на территории Республики Таджикистан;
- собранные в музеях, библиотеках, архивах, кино -фото-фонотеках, картинных галереях и других хранилищах;
- приобретенные археологическими, этнографическими, фольклорными и естественно- научными экспедициями с согласия уполномоченных органов государств, откуда происходят эти ценности;
- полученные в результате добровольных обменов;
- полученные в качестве наследия, дара или найденные с согласия уполномоченных государственных органов стран, на территории которых найдены эти ценности
- ввозимые на территорию Республики Таджикистан иностранными юридическими лицами.
Статья 5. Компетенция государственных органов в области вывоза и ввоза историко-культурных ценностей
Государственное регулирование вывоза и ввоза историкокультурных ценностей осуществляют Министерство культуры Республики Таджикистан и Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан
Уполномоченный государственный орган в сфере культуры ) :
- определяет категорию предметов, относящихся к историко-культурным ценностям в порядке, утвержденном Правительством Республики Таджикистан
- принимает решение о возможности вывоза, временного вывоза историко-культурных ценностей
- осуществляет регистрацию вывозимых и ввозимых, а также временно вывозимых и "временно ввозимых историко-культурных ценностей
- обеспечивает экспертизу историко- культурных ценностей, заявленных к вывозу, временному вывозу, а также при их возврате, после временного вывоза
- выдает свидетельство на право вывоза и временного вывоза историко-культурных ценностей
- принимает от соответствующих государственных органов задержанные или конфискованные истоиико- культурные ценности, проводит экспертизу и определяет порядок их использования
Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан в соответствии с законодательством Республики Таджикистан осуществляет контроль за порядком вывоза и ввоза историко-культурных ценностей
Порядок проведения экспертизы и контроля за вывозом и ввозом историко-культурных ценностей устанавливается Правительством Республики Таджикистан
Статья 6. Право собственности на вывозимые и ввозимые историко-культурные ценности
Основаниями для возникновения права государственной собственности и права собственности физических и юридических лиц на вывозимые и ввозимые историко-культурные ценности являются
- создание историко-культурных ценностей за счет государственного бюджета
- создание историко-культурных ценностей за счет деятельности юридических и физических лиц
- сделки, на основании которых созданы и приобретены историко-культурные ценности
- унаследованные историко-культурные ценности
Право собственности на историко-культурные ценности являющиеся одновременно объектом интеллектуальной собственности регулируется в соответствии законодательством Республики Таджикистан
Статья 7. Право собственника на вывоз историко-культурных ценностей
Вывоз историко-культурных ценностей их собственником либо уполномоченным им лицом, осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан , на основании свидетельства на право вывоза, выдаваемого уполномоченным государственным органом в сфере культуры
Автор вправе вывозить, созданные им историко-культурные ценности, находящиеся в его собственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан
Статья 8. Историко-культурные ценности, не подлежащие вывозу
Не подлежат вывозу из Республики Таджикистан историко-культурные ценности
- созданные пятьдесят и более лет тому назад;
- внесенные государством в охранные списки и реестры;
- постоянно хранящиеся в государственных и общественных музеях, архивах, библиотеках и других хранилищах Республики Таджикистан.
Статья 9. Временный вывоз историко-культурных ценностей
Временный вывоз историко-культурных ценностей осуществляется физическими и юридическими лицами в следующих случаях
- для организации выставок;
- для осуществления реставрационных работ и научных исследований;
- в связи с театральной, концертной и иной артистической деятельностью;
- для оформления посольств и представительств Республики Таджикистан;
- в иных случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан
Временно ввозимые историко-культурные ценности не могут быть использованы в качестве обеспечения кредита или служить предметом залога
Статья 10. Условия временного вывоза историко-культурных ценностей
Основанием для временного вывоза историко-культурных ценностей является свидетельство, выдаваемое уполномоченным государственным органом в сфере культуры. Порядок выдачи свидетельства на право вывоза историко-культурных ценностей утверждается Правительством Республики Таджикистан
Для получения свидетельства о временном вывозе историко-культурных ценностей государственными музеями, архивами, библиотеками, иными государственными хранилищами подаются заявление и следующие документы
- договор с принимающей стороной о целях, сроках и условиях временного вывоза историко-культурных ценностей
- страховой полис (свидетельство, сертификат, квитанция) договора имущественного страхования временно вывозимых историко-культурных ценностей с обеспечением всех случаев страховых рисков
- письменные гарантии государственных органов принимающей страны в отношении сохранности и своевременного возврата временно вывозимых историко-культурных ценностей
Для получения свидетельства о временном вывозе историко-культурных ценностей иными юридическими лицами к заявлению прилагаются документы, указанные в абзацах втором и третьем части первой настоящей статьи
Для получения свидетельства о временном вывозе историко-культурных ценностей физическими лицами к заявлению прилагаются документы, указанные в абзаце третьем части первой настоящей статьи
Статья 11. Отказ о выдаче свидетельства о временном вывозе историко-культурных ценностей
Свидетельство о временном вывозе историко-культурных ценностей не выдаётся в случаях, если
- не представлены документы, предусмотренные статьей 11 настоящего Закона;
- состояние историко-культурных ценностей, заявленных к временному вывозу, не позволяет изменять условия их хранения
- не определен собственник историко-культурных ценностей, заявленных к временному вывозу
- историко-культурные ценности являются предметом спора о праве собственности
- в стране, в которую предполагается осуществить временный вывоз историко-культурных ценностей, произошло стихийное бедствие или возникли другие обстоятельства, препятствующие обеспечению сохранности временно вывозимых историко-культурных ценностей
Статья 12. Защита временно вывезенных историко-культурных ценностей
Защита временно вывезенных из Республики Таджикистан историко-культурных ценностей осуществляется дипломатическими представительствами Республики Таджикистан в стране пребывания
Статья 13. Гарантии защиты и сохранности временно ввезенных историко-культурных ценностей
Государство гарантирует защиту и сохранность временно ввезенных в Республику Таджикистан историко-культурных ценностей в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан
Статья 14. Запрет на ввоз иных предметов под видом историко-культурных ценностей
Запрещается ввоз под видом историко-культурных ценностей материалов порнографического содержания, иных предметов с целью подрыва конституционного строя и государственной независимости, нарушения территориальной целостности, пропаганды войны, терроризма, насилия, экстремизма и расизма
Статья 15. Предотвращение незаконного ввоза и приобретения историко-культурных ценностей
Историко-культурные ценности, в отношении которых объявлен розыск, подлежат задержанию с целью их последующего возвращения законным собственникам
С целью предотвращения приобретения незаконно вывезенных из других стран, похищенных или незаконно приобретенных историко-культурных ценностей, государственные музеи, архивы, библиотеки, иные государственные хранилища обязаны иметь необходимую информацию об их происхождения
Статья 16. Реализация историко-культурных ценностей
Реализация историко-культурных ценностей, не подлежащих вывозу, производится только после письменного предупреждения покупателя о невозможности вывоза этих ценностей за пределы Республики Таджикистан
Представление историко-культурных ценностей на публичные торги (аукционы) осуществляется по согласованию с уполномоченным государственным органом в сфере культуры . Физические и юридические лица, участвующие в купле и продаже историко-культурных ценностей, обязаны получить разрешение уполномоченного государственного органа в сфере культуры
Статья 17. Транзит историко-культурных ценностей и пересылка их в почтовых отправлениях
При транзите историко-культурных ценностей через территорию Республики Таджикистан таможенным органам Республики Таджикистан представляется документ, свидетельствующий о том, что историко-культурные ценности ввозятся исключительно с целью транзита на условиях, определяемых таможенными органами Республики Таджикистан
Пересылки историко-культурных ценностей в почтовых отправлениях производятся в соответствии с законодательством Республики Таджикистан
Статья 18. Право добросовестного приобретения историко-культурных ценностей
Добросовестный приобретатель историко-культурных ценностей, вывезенных незаконно из других стран, похищенных или утерянных в других государствах, должен их возвратить законному собственнику. В таких случаях добросовестному приобретателю выплачивается компенсация в установленном порядке
Возвращенные в соответствии с частью первой настоящей статьи историко-культурные ценности, освобождаются от таможенных платежей и иных сборов. Другие расходы по их возврату несет требующая сторона
Статья 19. Возвращение историко-культурных ценностей
Государство принимает меры по возвращению в Республику Таджикистан незаконно вывезенных историко-культурных ценностей.
На требования о возврате историко-культурных ценностей, незаконно вывезенных за пределы Республики Таджикистан, до провозглашения eё Государственной независимости, не распространяются сроки давности.
Собственники возвращенных историко-культурных ценностей освобождаются от уплаты таможенных платежей и других сборов
Статья 20. Взимание государственной пошлины за проведение художественной экспертизы историко-культурных ценностей
За проведение художественной экспертизы историко-культурных ценностей взимается государственная пошлина в соответствии Законом Республики Таджикистан "О государственной пошлине"
Статья 21. Таможенные платежи на историко-культурные ценности
Таможенные платежи при вывозе и ввозе историко-культурных ценностей взимаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан
Статья 22. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г. Душанбе,
от 6 августа 2001 года № 42