Тартиби ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз 3 декабри соли 2015 № 751

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2015, № 751

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2015, № 751

тасдиқ шудааст

Тартиби ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (минбаъд - Тартиб) тартиби ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва нигоҳдории онҳоро ба танзим медарорад.

2. Назорати ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. КАФОЛАТИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ МУВАҚҚАТАН БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДШАВАНДА

3. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман аз назорати гумрукӣ мегузаранд ва оид ба онҳо дар мӯҳлати се рӯз ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода мешавад.

4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки бо мақсади ҳамкориҳои фарҳангӣ муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, моликияти давлатҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ маҳсуб ёфта, зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва нисбат ба онҳо амали қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

5. Кафолати давлатии ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангие, ки муваққатан ворид карда мешаванд, тибқи шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, инчунин бо меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

6. Ҷуброни молиявии зарари расонидашуда ба сарватҳои таърихию фарҳангие, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

7. Риояи амнияти сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда ва баргардонидани онҳо ба давлати ирсолкунанда кафолат дода мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2015года, №751

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2015года, №751

Порядок защиты и охраны историко-культурных ценностей, временно ввозимых в Республику Таджикистан

1. ОБЩИЕ ТРЕБОВАНИЯ

1. Порядок защиты и охраны историко- культурных ценностей, временно ввозимых в Республику Таджикистан (далее-Порядок) упорядочивает порядок защиты историко-культурных ценностей и их хранение.

2. Контроль за защитой и охраной историко-культурных ценностей, временно ввозимых в Республику Таджикистан, осуществляет Министерство культуры Республики Таджикистан.

2. ГОСУДАРСТВЕННЫЕ ГАРАНТИИ ЗАЩИТЫ И ОХРАНЫ ИСТОРИКО-КУЛЬТУРНЫХ ЦЕННОСТЕЙ, ВРЕМЕННО ВВОЗИМЫХ В РЕСПУБЛИКУ ТАДЖИКИСТАН

3. Историко-культурные ценности, временно ввозимые в Республику Таджикистан, проходят таможенный контроль в соответствии с требованиями, установленными законодательством Республики Таджикистан, о чем в течение трех дней сообщается в Министерство культуры Республики Таджикистан.

4. Историко-культурные ценности, временно ввозимые в Республику Таджикистан с целью культурного сотрудничества, являются собственностью иностранных государств, юридических и физических лиц, находятся под защитой Республики Таджикистан и в их отношении распространяется действие законодательства Республики Таджикистан о защите и использование историко-культурных ценностей.

5. Государственные гарантии защиты и охраны историко-культурных ценностей, временно ввозимых в Республику Таджикистан, обеспечиваются международными договорами, признанными Республикой Таджикистан, а также нормами законодательства Республики Таджикистан.

6. Компенсация за нанесенный ущерб историко-культурным ценностям, временно ввозимым в Республику Таджикистан, гарантируется государством.

7. Гарантируется возврат в отправляющую страну и соблюдение безопасности историко-культурных ценностей, временно ввезенных в Республику Таджикистан.

...