Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2001с. № 318, аз 06.08.2001с. № 366, аз 01.09.2005. № 337)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001 № 445 "Дар бораи таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимашудаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идораи он ва ҳамчунин номгӯи корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст ва фаъолияти худро бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи дутарафа анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шавад.
2. Теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 217 нафар (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 6 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 9 нафар дошта бошад.
Лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба дастгоҳи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9 адад тасдиқ карда шавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки қарорҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. ки ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ ва савдо вобаста мебошанд, барои иҷро аз тарафи ҳамаи вазорату (идораҳо) мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ҳатмӣ мебошад.
4. Дар заминаи Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази давлатии стандарт ва сифати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тартиби муқарраргардида барҳам дода шуданд, дар назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентиҳои зерин таъсис дода шаванд: Агентии таъмини амволи махсус; Агентии хариди молҳо (кори хизматрасонӣ); Агентии стандарт, сифат ва инспексияи савдо.
Ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки ба тартиби муқарраргардида як қисми ваколатҳои худро ба агентиҳои таъсисгардида диҳад.
Ба тартиби муқарраргардида Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон ва Биржаи молу ашёи Тоҷикистон ба Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон ва Ширкати милли туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Сайёҳ" ба Ширкати миллӣ оид ба туризм "Сайёҳ"’ таҷдиди сохтор гарданд.
Дар назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурмии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ ба теъдоди 20 нафар корманд таъсис дода шавад.
5. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқарраргардида дар мӯҳлати 2 моҳ:
пешниҳодотро оид ба сохтор, теъдоди кормандон, маблағгузорӣ ва ҷойгиркунии агентиҳои таъсисгардидаи назди Вазорат манзур намояд;
пешниҳодоти қонунгузориро оид ба дақиқ намудани муносибатҳои муттақобилаи худ бо мақомоти хокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳукуматҳо) манзур намояд;
оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳон меъёрии амалкунанда пешниҳодот манзур намояд.
6. Ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи амвол ва биноҳои маьмурии (мутобиқи замима) мақомоти давлатӣ ва корхонаҳое, ки вазифаи онҳо ба вазорат дода шудааст, нигоҳдошта шавад.
7. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки аз соли 2001 ба тартиби истисно барои нигоҳ доштани дастгоҳи марказии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодии он дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин маблағҳои аз субъектҳои хоҷагидорӣ бо созишномаҳои дутарафа воридшаванда, ки банди якуми қарори мазкур тасдиқ намудааст, истифода бурда мешаванд.
8. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 356 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" банди дуюм бе эътибор дониста шуда, дар Низомномаи тасдиқшаванда калимкаҳои "Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
9. Бе эътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1991 № 386 "Дар бораи таъсиси умуми ҷумҳурии стардартизатсия";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1995 № 435 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Кумитати давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 445 "Дар бораи тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1996 № 196 "Дар бораи масъалаҳои ташкили фаъолияти Ширкати миллии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон ("Тоҷиктуризм");
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1996 № 421 "Дар бораи тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996№ 401 "Масъалаи Ширкати миллии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷиктуризм);
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1998 № 204 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 59 "Дар бораи таъсиси Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 1998 № 13 "Дар бораи аз ихтиёри Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Кумитаи қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон додани намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ ва хориҷаи дур";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1998 № 285 "Масъалаҳои Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1998 № 437 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 553 "Дар бораи тадбирҳои такмили минбаъдаи савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1999 № 109 "Дар бораи тадбирҳои такмили савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 17 феврали соли 2001, № 77
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2001 № 77
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорат) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001 № 445 таъсис дода шуда, мақоми давлатии идора дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва таҳияи сиёсати давлатии иҷтимоию иқтисодиро анҷом медиҳад.
2. Вазорат мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти дигар, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроя дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) оид ба масъалаҳои ба ваколати он воридшаванда мебошад.
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорат таҳия мекунад:
- асосҳои сиёсати давлатии иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ, дурнамои рушди иқтисодии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, консепсияи рушди миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
- сиёсати илмию техникӣ;
- сиёсати давлатии инвеститсионӣ;
- сиёсати давлатии ягонаи савдои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин сиёсати рушди биржаҳои молу ашё;
- сиёсати соҳаи фаъолияти туристӣ;
- сиёсати соҳаи хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ ва хамчунин сиёсати патентӣ.
5. Вазифаҳои асосии Вазорат:
- таҳлили вазъи иқтисодӣ, муайян намудани принсипҳо ва методҳои танзими соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, пешгӯии натиҷаҳо ва оқибатҳои трансформатсияи иқтисодиёти миллӣ;
- таҳияи принсипҳо, механизмҳо ва шаклҳои татбиқи сиёсати давлатии сохторӣ, саноатӣ, инноватсионӣ ва инвеститсионӣ;
- таҳияи принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии минтақавӣ, татбиқи стратегияи амнияти иқтисодии мамлакат ва таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирии таҳдид ба амнияти иқтисодии он;
- таҳияи пешниҳодот оид ба ташаккул, моҳият ва истифодаи манбаҳои захираҳои давлатӣ, рушду такмили идораи давлатии системаи захираҳои давлатӣ;
- таҳияи лоиҳаи барномаҳо ва нақшаҳои амали Ҳукумат оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
- асосноккунии иқтисодии афзалиятҳои сиёсати илмию техникӣ, бастани қарордодҳои давлатӣ бо ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои корҳои муҳими илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ва таҳияи механизмҳои баланд бардоштани сифати иҷрои онҳо;
- ҳамоҳангсозии таҳияи барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавӣ, иштирок дар таҳияи сиёсати пулию кредитӣ, буҷетӣ ва андоз;
- таҳияи сиёсати давлатии инвеститсионӣ, афзалиятҳои инвеститсиягузорӣ ва ҳамоҳангсозии таҳияи лоиҳаҳои инвесгитсионии бузург;
- муайян намудани афзалиятҳои истифодаи маблағгузориҳои давлатии марказонидашуда, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, гузаронидани таҳлил, баҳодиҳӣ ва интихоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ё таҳти кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили механизми ҷалб намудани инвеститсияҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва ҷойгиркунии онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсозии татбиқи он ва рушди фаъолияти лизингӣ;
- ҳамкории мутақобила бо ташкилоти байналхалқии молиявӣ ва башардӯстона ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаи инвеститсиягузории ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлу нақли молҳо ва кӯмакҳо;
- таҳияи консепсияи давлатии рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва принсипҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷӣ;
- танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ва пеш бурдани реестри иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
- таҳия ва такмили системаи давлатии ташкили савдо, сертификатсия ва стандартизатсияи маҳсулот ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ намудани онҳо;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои ӯҳдадориҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ, ки аз шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда бармеоянд;
- иштирок дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба ҷумҳурӣ расонидани кӯмакҳои техникӣ, молиявӣ ва дигар кӯмакҳо;
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдои дохилӣ, бозори истеъмолӣ, соҳаи хизматрасонӣ ва танзими фаъолияти иштирокчиёни он;
- ташаккули шароит барои ғани гардонидани ва мӯътадилсозии бозори истеъмолӣ ва молу ашёи мамлакат;
- таҳияи пешниҳодот оид ба консепсия ва стратегияи рушди робитаҳои савдои хориҷӣ ва принсипҳои асосии сиёсати савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи пешниҳодот оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ, ҳимояи мустақилияти иқтисодӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи тадбирҳо оид ба ҳифзи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи пешниҳодот оид ба танзими фаъолияти савдои хориҷӣ аз ҷумла танзими молиявӣ, тарифию гумрук ва ғайритарифӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати сертификатсияи молҳо вобаста ба воридоту содироти онҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани стандарту меъёрҳои ҳатмии бехатарӣ ва ё безарар барои инсон ҳангоми воридоти молҳо ва коидаҳои назорати онҳо;
- таҳияи пешниҳодот нисбати тартиби содироту воридоти маводи таҷзияшаванда, моддаҳои заҳролудкунанда, психотропӣ, маводи сахттаъсиркунандаи муходира, маводи фаъоли биологӣ ва генетикӣ, чорво ва растаниҳое, ки хавфи маҳвшавӣ онҳоро таҳдид мекунад, инчунин қисмҳо, маҳсули онҳо ва истифодаи онҳо;
- таҳияи пешниҳодот дар бораи тартиби содироти навъҳои алоҳидаи молҳои хоми хусусияти муҳими стратегӣ дошта, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд;
- таҳияи пешниҳодот оид ба тартиби воридот ва содироти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, маҳсулот онҳо, пораҳои металлҳо ва сангҳои киматбаҳо, партовҳои коркарди онҳо ва пайвастагиҳои химиявӣ, ки таркибашон дорои металлҳои қиматбаҳоянд, партовҳои хатарнок ва истифодаи онҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба маҳдудияти миқдории содироту воридот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бузургии ставкаҳои тарифи гумрукӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба нишондиҳандаҳои ҳисоботии омории фаъолияти савдои хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмианд;
- таҳияи пешниҳод оид ба шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ;
- иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байналхалқӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи пешниҳодот оид ба таъсиси намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалкии иқтисодӣ ва илмию техникӣ;
- таҳияи пешниҳодот дар бораи сиёсати давлатии ягонаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҳо оид ба татбиқи онҳо;
- таҳияи пешниҳодот доир ба барномаи ҳарсолаи рушди фаъолияти савдои хориҷӣ;
- таҳияи системаи кафолатҳо ва суғуртаи кредитҳои содиротӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба ташкили ярмаркаю намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, симпозиумҳо, конференсияҳо ва иштирок дар онҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба тарғиби молҳо ва инкишофи содироти молҳо (кор ва хизматрасонӣ);
- таҳияи пешниҳодот оид ба таъсиси системаи иттилооти савдои хориҷӣ ва хизматрасониҳои машваратии иттилоотӣ, инчунин татбиқи шаклҳои дигари ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонии фаъолияти савдои хориҷӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба танзими фаъолияти иштирокчиёни сиёсати давлатии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи пешниҳодот оид ба тартиби содироту воридоти хизматрасонии туристӣ;
- таҳияи пешниҳодот доир ба тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ ва андозаҳои пардохт барои литсензия ва ба тартиби муқарраргардида анҷом додани литсензиякунонии фаъолияти туристӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба тартиби истифодаи захираҳои туристӣ, баргардонидани зарари ба онҳо расонидашуда, муқаррар намудани квотаи туристии мутаносиби баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои тамошои объектҳои туристию экскурсионӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристӣ бо сабаби зарурияти муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ дохил ҳастанд;
- таҳияи пешниҳодот оид ба тартиби сертификатсияи молҳо ва хизматрасонии субъектҳои фаъолияти туристӣ, назорати риояи сифати хизматрасонии туристӣ ва иҷрои шароитҳои литсензиякунонӣ ва сертификатсия дар соҳаи туризм;
- таҳияи пешниҳодот оид ба шароитҳои ҷалб намудани инвеститсияҳо ба соҳаи туризм, дар бораи таъсиси системаи давлатии тарбияи кадрҳо барои туризм ва таъминоти илмии соҳаи туризм;
- таҳияи пешниҳодот оид ба тарифи ягона барои баромадан ба куллаҳои кӯҳӣ, пардохти наҷоти кӯҳӣ ва боҷҳои экологӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби татбиқи онҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба барномаҳои давлатии рушди туризм, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналхалқӣ;
- намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқии туристӣ;
- таҳияи меъёрҳо ва муайян намудани стандартҳои хизматрасонии туристӣ дар ҷумҳурӣ;
- анҷом додани ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методӣ нисбати субъектҳои фаъолияти туристӣ;
- роҳбарӣ ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;
- муайян намудани талаботи иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус тибқи ихтисосҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба масъалаҳои ба тарбияи ва бозомӯзии кадрҳо дар ҷумҳурӣ ва хориҷа вобастабуда;
- таҳия ва татбиқи сиёсат дар соҳаи фаъолияти биржаҳои молу ашё, танзими фаъолияти онҳо;
- гузаронидани таткиқотҳои маркетингӣ бо мақсади пешбурди молҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили сиёсат дар соҳаи истеҳсолотии иқтисодиёт, ки ба омӯзиши бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ асос ёфтааст;
- якҷоя бо мақомоти дигари давлатӣ таҳия намудани пешниҳодот оид ба рушди сектори давлатии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом додани таҳлил ва пешбинии рушди он;
- аккредитатсияи намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияти туристӣ ва савдои хориҷиро анҷом медиҳанд;
- ҳаллу фасли масъалаҳои таъминоти талаботи ташкилотҳои буҷетӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ ба намудҳои асосии мол, кор ва хизматрасонӣ дар доираи маблағҷудокунии дар доираи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
- иштирок дар ҷобаҷокунии фармоиши давлатии мудофиавӣ;
- танзими фаъолияти намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;
- анҷом додани назорати давлатии риояи меъёрҳо ва қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, тартиби нархгузорӣ оид ба гурӯҳҳои алоҳидаи танзимшавандаи молҳо, кор, хизматрасонӣ, сифат ва бехатарии молҳои истеъмоли халқ;
- иштироки якҷоя бо мақомоти дигари ҳокимияти иҷроия дар такмили тартиби тасдиқи мувофиқати молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ ба талаботҳои муқарраргардида;
- таҳия ва анҷом додани сиёсати савдо дар соҳаи тиҷорати электронӣ, таъмини ҳамкорӣ бо ташкилоти хориҷӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи савдои электронӣ, содда кардани расмиёти савдо ва бо иттилооти муфассал таъмин намудани фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулот;
- тасдиқи стандартҳои ҷумҳуриявӣ, паҳн намудани стандартҳои байналхалқӣ, қоидаҳо ва тавсияҳо оид ба стандартизатсия, метрология ва сифат;
- қабули қарорҳо дар бораи бекор намудан, таҷдиди назар ё маҳдуд намудани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии ба талаботи стандартҳои давлатӣ мухолифбуда;
- нисбати корхонаҳо истифода бурдани тадбирҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба натиҷаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи сертификатсия, стандартизатсия, метрология ва инспексияи савдо;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи семоҳа дар бораи дар соли ҷорӣ иҷро намудани хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ;
- дар доираи салоҳияти худ таъмини назорати субъектҳои хоҷагидорӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар бахши танзими Вазорат амал мекунанд;
- анҷом додани фаъолиятҳои дигар, ки конунгузории амалкунанда, қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.
6. Вазорат барои иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дигари давлатии идора, ташкилот, корхонаҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар қисмати татбиқи сиёсати давлат дар соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ, савдо, иқтисоди хориҷӣ, туристӣ ва биржавиро, анҷом медиҳад.
- экспертизаи лоиҳаҳои инвеститсиониро анҷом дихад;
- ба тартиби муқарраргардида намояндагиҳои тиҷоратӣ ва намояндагиҳо оид ба туризмро дар хориҷа таъсис диҳад;
- аз вазорату идораҳо, мақомоти омор, гумрук, андоз, молия, корхонаҳои ҷумҳурӣ ва дигар мақомот маълумоти оморӣ, гумрукӣ, маълумоти дигар, пешниҳодот, хулоса ва маводи зарурии дигарро бепардохт пурсад ва гирад;
- роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳоро (Ҳукуматҳо) ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии бавуҷудомада, ки ба салоҳияти Вазорат дохил мешаванд, ҷалб намояд;
- санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар доираи салоҳиятҳои худ нашр ва тасдиқ намояд;
- назорати фаъолияти корхонаю ташкилотро мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба масьалаҳои иқтисоди хориҷӣ, фаъолияти тиҷоратӣ, стандартизатсия, метрология ва ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои салоҳияти худ анҷом диҳад;
- ба ташкили субъектҳои хоҷагидорӣ дар асоси ҳисоби хоҷагӣ барои татбиқи амалиётҳои тиҷоратӣ, содиротию воридотӣ ва ғайраҳо мусоидат намояд;
- лоиҳаҳои ҳамоҳангсозӣ, илмию техникӣ ва ғайра, комиссияҳои экспертии байниидорӣ ва ҳамчунин даъвати маҷлисҳои махсусро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, инвеститсионӣ, тиҷоратӣ, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, рушди туризм ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ташкил ва таъсис диҳад;
- ҳангоми зарурат аз шумораи олимон ва мутахассисон гурӯҳҳои кории мувақкатӣ барои омодасозии пешниҳодот оид ба масъалаю проблемаҳои нисбатан муҳими ба салоҳияти вазорат дохилшаванда ташкил намоянд, барои машварат, омӯхтан ва ҳаллу фасли масъалаҳо дар ин соҳа мутахассисону экспертҳоро бемузд ва дар асоси шартнома (қарордод) аз ҷумҳурӣ ва аз давлатҳои хориҷа ҷалб намояд;
- ҳангоми зарурат гузаронидани экспертизаи мустақил, назорати сифат, пуррагӣ ва теъдоди молҳо, ашё, таҷҳизот ва ҳамчунин борбаста ва тамғагузории молҳои содирот ва воридотшавандаро ташкил намояд;
- мутобиқи шарти аҳдҳои савдои хориҷӣ ва шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи ҳолатҳои фатҳнашаванда (форс-мажор).... тасдиқнома диҳад;
- дар асоси мутақобила ва ба тартиби муқарраргардида табодули иттилооти техникӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ бо гирифтани маводи зарурӣ аз вазоратҳо, идораҳо, ташкилот ва иштирокчиёни робитаҳои иқтисоди хориҷӣ барои ин мақсадҳо анҷом диҳад;
- ба тартиби муқарраргардида идораи оперативии саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи корхонаҳои савдо, туристӣ ва ҳамчунин амволи мақомоти тобеъро таъмин намояд;
- нашрияи чопӣ таъсис диҳад ва ба тартиби муқарраргардида фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад;
- бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда салоҳиятҳои дигарро, ки ба санадҳои меъёрии амалкунанда мухолиф намебошанд, анҷом диҳад.
7. Вазорат ба тартиби муқарраргардида биноҳои маъмурии ба он вобасташударо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин амволи ғайриманқули дар хориҷабударо дар доираи барои амали сохторҳои худ ва ҳамчунин намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои туризм дар давлатҳои хориҷӣ зарурро истифода мебарад.
8. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад ва минбаъд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Вазир барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
9. Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод мекунад.
10. Вазир:
- ба фаъолияти Вазорат роҳбарии умумиро анҷом медиҳад;
- фармон ва фармоишҳо содир менамояд, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ҳамчунин барои ташкилотҳои дар ихтиёри он буда ҳатмӣ мебошад;
- вазифаҳоро дар байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- дар бораи ташаккул ва тағйири ҳайати қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба тартиби муқарраргардида пешниҳодот ворид менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва озод намудани муовинони худ ва Директорҳои Агентиҳои назди Вазорат ба тартиби муқарраргардида пешниҳодот ворид менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва озод намудани роҳбарони намояндагиҳои тиҷоратӣ ва туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа ба тартиби муқарраргардида пешниҳодот ворид менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказии Вазоратро ба тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва озод менамояд ва оид ба номзадҳо ҷиҳати ба ҳайати мушовараи Вазорат дохил ё хориҷ намудан пешниҳодот манзур менамояд;
- масъалаи ба вазифа таъин ва озод намудани роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотро, ки бо созишномаҳои дутарафа бо Вазорат амал мекунанд ба тартиби муқарраргардида ҳаллу фасл мекунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлати масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар дастгоҳи марказии Вазорат, агентиҳои назди Вазорат ва намояндагиҳои хориҷӣ ҳаллу фасл менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ мекунад, оинномаи ташкилоту корхонаҳои бо созишнома бо Вазорат амалкунандаро мувофиқа мекунад ва бо ин корхонаю ташкилот созишномаҳои дутарафа ба имзо мерасонад;
- сохтор, ҷадвали штатии дастгоҳи марказии Вазорат, теъдоди кормандони Вазоратро дар доираи муқаррарнамудаи теъдод ва фонди музди меҳнат ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории онҳо дар доираи маблағгузориҳои тасдиқгардида тасдиқ менамояд, сохтор ва ҷадвали штатии дастгоҳи хориҷии Вазоратро дар доираи лимитҳои муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- ҳуқуқҳои дигарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
11. Низомномаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идора, теъдоди ниҳоии дастгоҳи марказии он, номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст ва фаъолияти худро бо Вазорат бо созишномаҳои дутарафа анҷом медиҳанд, тартиби ҷойгиркунии дастгоҳи марказӣ ва маблағгузории Вазоратро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
12. Дар Вазорат таҳти роҳбарии Вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовини Вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари Вазорат дохил мешаванд. Ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд бо пешниходи Вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Қарорҳои ҳайати мушовара ба тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешавад ва бо фармони Вазир ба ҳаёт татбиқ карда мешавад.
Дар ҳолати ихтилофи назар миёни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара қарорро Вазир қабул мекунад, аъзои ҳайати мушовара метавонанд фикру мулоҳизаи махсуси худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд.
13. Ба сохтори дастгоҳи марказии Вазорат воҳидҳои масъули (департаментҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо) таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар доираи вазифаю ҳуқуқҳои ба зиммаи Вазорат бо Низомномаи мазкур гузошташуда, ҳамоҳангсозӣ ва танзими Агентиҳои тобеи идорӣ ва дигар сохторҳо ва ҳамчунин воҳидҳои хизматрасон ва ёридиҳанда, ки барои фаъолияти мӯътадили Вазорат заруранд, дохил мешаванд.
14. Қабули кормандон (ба ғайр аз ҳайати хизматрасон ва ёридиҳанда) ба кор ба дастгоҳи марказии Вазорат бо озмун дар асоси қарордод анҷом дода мешавад. Тартиби гузаронидани озмун бо фармон дар Вазорат муқаррар карда мешавад.
Ба вазифа таъин ва озод намудани шахсоне, ки интихоби озмуниро гузаштаанд ва ҳамчунин кормандони хизматрасон ва ёридиҳанда бо фармон дар Вазорат анҷом дода мешаванд.
15. Ба вазифа таъин ва озод намудани (пешниҳодот дар хусуси ба вазифа интихоб шудан ва озод намудан) муовинони роҳбарони намояндагиҳои тиҷоратӣ ва туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, муовинони Директори Агентиҳои назди Вазорат, Раиси Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон, Директор ва муовинони Директори Маркази миллии патенту иттилоот, Директор ва муовинони Директори Пажӯҳишгоҳи татқикотҳои иқтисодӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорат ва роҳбарони ташкилоти тобеи идории дигар, муассисаю корхонаҳо ва ҳамчунин ҷамъиятҳои саҳомӣ (бо пешниҳоди хаттӣ) бо фармони Вазир анҷом дода мешаванд.
16. Вазорат бо субъектҳои хоҷагадорӣ, ки номгӯи ин субъектҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, созишномаҳои (шартномаҳои) дутарафа мебандад.
Дар созишномаҳо барои ҳар як субъекти хоҷагидорӣ муқаррар карда мешавад:
- мақоми корпоративӣ ва тиҷоратии он;
- нақша-ҷадвали корҳо оид ба тиҷоратикунонии он;
- дараҷаи мустақилияти молиявӣ ва идорӣ;
- стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;
- сохтори ҳисоботӣ, муайян намудани арзиши амвол ва маблағҷудокунӣ бо сабаби фарсудашавии амвол;
- нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молиявӣ ва истеҳсолотӣ.
Ҳисоботи роҳбарони субъекти хоҷагидорӣ дар бораи ҷараёни иҷрои ҳамин гуна созишномаҳо, татбиқи накшаҳо ва барномаҳои дарозмӯҳлати тасдиқгардида мунтазам дар ҳайати мушовараи Вазоратҳо шунида мешаванд.
17. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорат, Агентиҳои назди Вазорат, Маркази миллии патенту иттилоот ва Пажӯҳишгоҳи татқиқотҳои иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби дигар маблағҳо бо тартиби мувофиқа намудан бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
18. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо нақши Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номгӯи худ, варақа, мӯҳр, штампи дахлдор ва ҳисобномаи ягонаи хазинадорӣ мебошад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2001 № 77
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ дастгоҳи марказии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Департаменти таҳлили макроиқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсати инвеститсионӣ
3. Раёсати дурнамои маҷмӯӣ ва рушди иҷтимоӣ
4. Департаменти сиёсати иқтисодии хориҷӣ ва савдо
5. Раёсати сиёсати соҳавӣ ва минтақавӣ
6. Раёсати хариди давлатӣ ва савдо
7. Мудирияти корҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2001 № 77
тасдиқ шудааст
Накшаи идораи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Агентии хариди молҳо (кор ва хизматрасонӣ)
Агентии таъмини амволи махсус
Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва инспексияи савдо
Маркази миллии патенту иттилоот
Намояндагиҳои тиҷоратӣ ва туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа
Пажӯҳишгоҳи татқиқотҳои иқтисодӣ
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2001 № 77
тасдиқ шудааст
НОМГӯИ корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки бо созишномаҳои дутарафа фаъолияташонро бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
Иттиҳодияи муттаҳидаи "Суғдсавдо"
Иттиҳодияи муттаҳидаи "Хатлонсавдо"
Ширкати миллии оид ба туризм "Сайёҳ"
Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон
Комбинати агросаноатӣ (ноҳияи Нов)
Базаи саноатии ҷумҳуриявӣ (ш.Душанбе)
Корхонаи муттаҳидаи "Лесостройметаллоторг"
Корхонаи муттаҳидаи "Тиҷорат"
Ҷамъияти саҳомии "Мясомолпродторг"
Ҷамъияти саҳомии "Бакалеяторг"
Ҷамъияти саҳомии "Ваҳдат"
Ҷамъияти саҳомии "Тоҷиктаъминот"
Ҷамъияти саҳомии "Эҳё"
Ҷамъияти саҳомии "Тоҷиквтормет"
Ҷамъияти сахомии "Лесостройматериалы"
Ҷамъияти саҳомии "Лесоснабторг"
Ҷамъияти саҳомии "Мададгор-1"
Ҷамъияти саҳомии "Стройремтрест-5"
Ҷамъияти саҳомии "ЕвроАзия"
Ҷамъияти саҳомии "Фурӯшгоҳи Марказӣ"
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 феврали соли 2001 № 77
тасдиқ шудааст
Биноҳои маъмурӣ ва амволи мақомоти давлатӣ ва корхонаҳои барҳамхӯрда, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст
1. ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар, 37 (1570.8 м.кв)
2. ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40
3. ш. Душанбе, кӯчаи Айнн, 14 а (3222.4 м.кв)
4. ш. Душанбе, кӯчаи Чехов, 10/17 (420 м.кв)
5. ш. Душанбе. кӯчаи Пушкин, 14 (830.4 м.кв)
6. ш. Душанбе. кӯчаи Абай 4/1 (2747.9 м.кв)