Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1991 № 386 "Дар бораи таъсиси умури ҷумҳурии стандартизация"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.2001 № 77 беэътибор дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси умури ҷумҳурии стандартизация

 

Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Маркази давлатии дар Тоҷикистон будаи стандартизация ва метрологияи Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба стандартҳо Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон (Тоҷикгосстандарт) таъсис дода шавад.

2. Рафиқ Шин Владимир Григорьевич директори Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

3. Ба зиммаи Тоҷикгосстандарт иҷрои корҳо оид ба стандартизация, метрология, сертификация ва назорати давлатӣ аз болои риоя намудани стандартҳо ва ҳолати воситаҳои ченкунӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шавад.

4. Низомномаи замимагардидаи Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

5. Муқаррар карда шавад, ки Тоҷикгосстандарт корро мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, аз ҳисоби ҳам маблағҳои буҷетӣ, ва ҳам дар асоси принципҳои худмаблағгузорӣ ташкил менамояд.

6. Марказҳои стандартизация ва метрологияи дар ҳудуди ҷумҳурӣ воқеъгардидаи Қурғонтеппа ва Ленинобод, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор нигоҳ дошта мешаванд, ба тобеияти Тоҷикгоссстандарт дода шаванд.

 

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         С. Маҳкамбоев

ш. Душанбе,

аз 29 декабри соли 1991, № 386

Бо қарори

Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри с.1991 № 386

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикгосстандарт)

 

1. Маркази давлатии стандартизация ва метрологияи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Ҷумҳурии идораи давлатӣ дар соҳаи стандартизация ва метрология дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

2. Тоҷикгосстандарт дар фаъолияти худ Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Вазифаҳои асосии Тоҷикгосстандарт инҳо мебошанд:

таъмини амал намудан ва инкишофи системаи ҷумҳурии стандартизация ва робитаи мутақобилаи он бо системаи байналхалқӣ;

иҷрои назорати давлатӣ аз болои риоя намудани талаботи стандартҳо, меъёру қоидаҳо инчунин ташкили корҳо оид ба сертификацияи маҳсулот, аккредитацияи лабараторияҳои таҷрибавӣ, аттестацияи истеҳсолот;

таъмини ягонагии ченакҳо дар ҷумҳурӣ ва татбиқи назорати давлатии метрологӣ;

ташкили корҳо оид ба ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар соҳаи сифат; иҷрои хизматрасонии ахборотӣ дар бобати стандартизация, идораи сифат, метрология ва дигар масъалаҳое, ки ба ин соҳа марбут мебошанд;

таҳияи пешниҳодҳо дар бобати барпо намудани инкишофи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои стандартизация ва метрология ва дигар стандартҳо, муқаррар намудани талаботҳои ҳатмии бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист;

омӯзондани кадрҳои мутахассисони хоҷагии халқ дар соҳаи стандартизация, метрология ва таъмини сифат, аз ҷумла дар самтҳои нави кор оид ба арзёбӣ, таҷрибагузаронӣ ва сертификацияи маҳсулот аз рӯи бехатарӣ ва тозагии экологӣ;

хизматрасонӣ ба корхонаҳо (дар асоси аҳдномавӣ)* дар соҳаи стандартизация, таҷрибагузаронӣ, метрология ва идораи сифати маҳсулот.

4. Тоҷикгосстандарт фаъолияти худро бевосита ё тавассути мақомот ба он тобеъ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти идоракунӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.

5. Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Тоҷикгосстандарт дар доираи салоҳияти худ қарорҳоеро қабул карда нашр менамояд, ки иҷрои онҳо аз тарафи тамоми вазорату идораҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад.

кори заруриро оид ба сертификацияи маҳсулот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил намуда, мегузаронад;

аккредитацияи зоҳидҳои таҷрибавӣ, аттестацияи истеҳсолотро ташкил намуда, мегузаронад;

стандартҳои ҷумҳуриро тасдиқ намуда, стандартҳои байналхалқӣ, қоидаву тавсияҳоро оид ба стандартизация, метрология ва сифат паҳн менамояд;

дар бораи бекор кардан, маҳдуд намудани мӯҳлати амал ё аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии дар ҷумҳурӣ таҳиягардидае, ки баланд бардоштани сатҳи техникӣ ва сифати маҳсулотро таъмин наменамоянду мухолифи талаботи стандартҳои давлатӣ ва қонунгузории ҷорӣ мебошанд, қарорҳо қабул мекунад;

корхонаҳоро ба таҳияи масъалаҳои алоҳидаи стандартизация, таъмини ягонагии ченакҳо ва идораи сифати маҳсулот ҷалб менамояд;

барои баррасии масъалаҳои стандартизация, метрология, идораи сифат, таҷрибагузаронӣ ва сертификацияи маҳсулоти барои хоҷагии халқ, аҳамиятдошта комиссияҳои муваққатии илмию техникӣ таъсис медиҳад;

дар асоси натиҷаҳои назорати давлатӣ мувофиқи санадҳои ҷории нормативӣ нисбат ба корхонаҳо чораҳои таъсири ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ меандешад;

мувофиқи созишномаҳои басташуда робитаҳои кориро бо давлатҳои дигар ба роҳ монда, метавонад иштирокчии ширкатҳои саҳҳоми бошад, дар доираи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои нормативӣ корхонаҳои муштарак таъсис диҳад.

6. Тоҷикгосстандарт ҳуқуқ дорад дар ҳаргуна банк барои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва ба анҷом расонидани ҳамаи намудҳои муомилоти ҳисоббаробаркунӣ, кредитӣ ва хавинавӣ ҳисобномаҳо кушояд.

7. Тоҷикгосстандартро директор роҳбарӣ мекунад, ки он аз тарафи Девони Вазирон таъин карда мешавад. Директор аз рӯи вазифа дар як вақт ҳамчунин муфаттиши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат аз болои стандартҳо ва воситаҳои ченкунӣ мебошад.

Директор ду ҷонишин, ки ба вазифа аз тарафи директори Тоҷикгосстандарт таъин карда мешаванд, дорад.

8. Директори Тоҷикгосстандарт:

роҳбарии фаъолияти Тоҷикгосстандартро анҷом медиҳад, иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи Марказ гузошташударо ташкил намуда, фармонҳоро дастурамалҳо нашр менамояд, дастурҳое медиҳад, ки иҷрояшон аз тарафи тамоми умурҳо ва воҳидҳои Тоҷикгосстандарт ҳатмӣ мебошад;

барои иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи Марказ гузошташуда ва аз тарафи он татбиқ намудани функцияҳояш шахсан масъул мебошад;

дараҷаи масъулияти ҷонишинони директор, роҳбарони воҳидҳои Марказро барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон муқаррар менамояд.

9. Директори Марказҳои стандартизация ва метрологияи Қӯрғонтеппа ва Ленинобод дар асоси аҳднома, бо фармони директори Тоҷикгосстандарт ва мувофиқати мақомоти маҳаллии идоракунӣ ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешаванд.

10. Шумора ва фонди музди меҳнати аппарати марказии Тоҷикгосстандарт аз тарафи Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

11. Дар назди Тоҷикгосстандарт Шӯро ташкил карда мешавад, ки ҳайат ва низомномаи онро директори Тоҷикгосстандарт тасдиқ менамояд.

Шӯрои Тоҷикгосстандарт фаъолияти иқтисодӣ, хоҷагӣ иҷтимоӣ ё дигар намуд фаъолиятро дар соҳаи стандартизация ва метрология муайян менамояд.

12. Амволи Тоҷикгосстандарт аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, дигар сарватҳое, ки аз маркази давлатии дар Тоҷикистон будаи стандартизация ва метрологияи ИҶШС интиқол гардидаанд, иборат мебошанд.

Манбаъҳои бопултаъминкунии фаъолияти Марказ даромадҳои дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ бадастомада, маблағҳои аз буҷет додашаванда ва дигар манбаъҳое, ки қонун онҳоро манъ накардааст, мебошанд.

13. Тоҷикгосстандарт баҳисобгирии бухгалтерии натиҷаҳои кори худро ба роҳ монда, ҳисоботдиҳиро мувофиқи шаклҳои муқарраргардида анҷом медиҳад. Маълумотҳои дар ҳисоботдиҳии давлатӣ пешбинишуда метавонанд дар асоси аҳднома ё бо талаби мақомоте, ки ҳуқуқи иҷрои назорат аз болои ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти Марказро доранд, пешниҳод гарданд.

Барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои аҳдномавӣ, интизоми кредитию ҳисоббаробаркунӣ ва андозситонӣ, талаботҳои нисбати сифати кор ва хизматрасонӣ, дигар қоидаҳои татбиқи фаъолияти хоҷагӣ Тоҷикгосстандарт ба ҷавобгарии пурраи амволие, ки дар ҷумҳурӣ бо санадҳои нормативии ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, кашида мешавад.

14. Тоҷикгосстандарт шахси юридикӣ буда, баланси мустақил дорад, ҳуқуқи истифодабарӣ ва ихтиёрдории амволи ба он таалуқдоштаро татбиқ менамояд.

Тоҷикгосстандарт дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забони тоҷикию русӣ мебошад.

 

_______________

* дар ин сатр ва минбаъд корхонаҳо, иттиҳодияҳо, концернҳо, ташкилоту муассисаҳо, колхозу созхозҳо, кооперативҳо, корхонаҳои муштараку хурд дар назар дошта шудаанд.