Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001, № 445 "Дар бораи таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи системаи идораи давлатӣ ва ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ мувофиқ гардонидани он, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ба зиммаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зерин вогузор карда шаванд:

таҳияи асосҳои сиёсати давлатии иҷтимоию иқтисодӣ, дурнамои дарозмуддату кӯтоҳмуддати рушди иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии таҳияи барномаҳои соҳавию минтақавӣ оид ба рушд, иштирок дар таҳияи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетию андозӣ;

таҳияи сиёсати давлатии сармоягузорӣ, муайян намудани афзалиятҳо оид ба истифодаи маблағгузориҳои давлатии марказонидашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили механизми ҷалб намудани сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ва ҷойгиркунонии онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;

таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатии савдои дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими фаъолияти иштироккунандагони он;

таҳияи сиёсати иқтисодии хориҷӣ, танзими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, фаъолияти биржаҳои молу ашёи хом, гузаронидани таҳқиқоти маркетингӣ бо мақсади пешбурди молҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳамоҳангсозии кор оид ба ҳифзи бозори истеъмолӣ, сертификатсияи молҳои воридшавандаю содиршаванда, мукаррар намудани стандарту меъёрҳои бехатарӣ барои одам ҳангоми истеҳсол ва ворид намудани молҳо, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд ва мукаррар намудани назорати онҳо;

ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

масъалаҳои ба намудҳои асосии мол, кор ва хизматрасониҳо таъмин кардани эҳтиёҷоти ташкилотҳои буҷети, аз ҷумла сохторҳои кудуратро ҳаллу фасл намуда, дар ҷойгиркунонии фармоишҳои давлатии мудофиавӣ иштирок мекунад ва оид ба ташкили захираҳои давлатӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд.

3. Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Раиси "Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1996 № 461 "Дар бораи таъсиси Ширкати миллии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як мох:

Низомномаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии он, нақшаи идора ва тартиби маблағгузории вазорат, инчунин номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат мансуб буда, фаъолиятро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ намояд;

оид ба ташкили сохторҳои дахлдор дар заминаи Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барҳам дода мешаванд, пешниҳодҳо манзур намояд;

оид ба ташкили Биржаи умумии молу ашёи Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;

дар хусуси дар назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додани Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хусусияти амалидошта пешниҳодҳо манзур намояд;

бинобар қабул гардидани ҳамин Фармон оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тадбирҳо андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 11 январи соли 2001, № 445

 

УКАЗ

Президента Республики Таджикистан

Об образовании Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан

В целях приведения системы государственного управления в соответствие с изменяющимися экономическими условиями, в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, постановляю:

1.Образовать Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан, упразднив Министерство экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан, Государственный комитет Республики Таджикистан по контрактам и торговле.

2.Возложить на Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан исполнение следующих основных функций:

разработку основ государственной социально-экономической политики, краткосрочных и долгосрочных прогнозов развития экономики, координацию разработки отраслевых и региональных программ развития, участие в разработке денежно-кредитной и бюджетно - налоговой политики;

разработку государственной инвестиционной политики, определение приоритетов по использованию государственных централизованных капитальных вложений, финансируемых за счет Государственного бюджета Республики Таджикистан, разработку предложений по совершенствованию механизма привлечения иностранных и внутренних инвестиций и их размещения на территории республики;

разработку и реализацию единой государственной внутренней и внешней торговой политики Республики Таджикистан, регулирование деятельности ее участников;

разработку внешнеэкономической политики, регулирование внешних экономических связей, деятельности товарно-сырьевых бирж, проведение маркетинговых исследований в целях продвижения отечественных товаров на внутренние и внешние рынки, реализацию государственной политики и координацию туристической деятельности в Республике Таджикистан;

координацию работ по защите потребительского рынка, сертификации ввозимых и вывозимых товаров, установлению обязательных на всей территории Республики Таджикистан стандартов и критериев безопасности для человека при производстве и ввозе товаров, установлению правил контроля за ними;

взаимодействие с международными финансовыми организациями и иностранными государствами по вопросам инвестирования в экономику Республики Таджикистан;

решение вопросов обеспечения потребности бюджетных организаций, в том числе силовых структур, в основных видах товаров, работ и услуг, участие в размещении государственного оборонного заказа, разработку предложений по формированию государственных резервов.

З.В структуре Правительства Республики Таджикистан, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 3 декабря 1994 года № 7, слова "Министр экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан" и "Председатель Государственного комитета Республики Таджикистан по контрактам и торговле", заменить словами "Министр экономики и торговли Республики Таджикистан".

4.Признать утратившим силу Указ Президента Республики Таджикистан от 8 апреля 1996 года № 461 "Об образовании Национальной компании Республики Таджикистан по туризму".

5.Правительству Республики Таджикистан в месячный срок:

утвердить Положение о Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан, структуру и численность работников его центрального аппарата, схему управления и порядок бюджетного финансирования Министерства, а также перечень государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству), осуществляющих деятельность по двухсторонним соглашениям с Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан;

представить предложения об образовании на базе упраздняемых Комитета по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан и Агентства по закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан соответствующих структур;

представить предложения об образовании Таджикской универсальной товарно-сырьевой биржи;

представить предложения об образовании научно-исследовательского института прикладного профиля при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан;

принять меры по внесению изменений в действующие нормативные акты в связи с принятием настоящего Указа.

Президент

Республики Таджикистан Э.Рахмонов

г.Душанбе,

11 января 2001 года, №445