Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 № 5 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОНОПОЛИЯҲОИ ТАБИӢ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи монополияҳои табиӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №№ 23-24, мод. 358) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Ба Қонун моддаи 12 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Моддаи 12. Асосҳои ҷаримабандии субъектҳои монополияҳои табиӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур.

Субъектҳои монополияҳои табиӣ барои вайронкориҳои зерин дар намуди ҷарима ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

- баланд кардани нархҳои (тарифҳои) аз тарафи мақоми танзимкунандаи монополияҳои табиӣ муайяншуда - ба андозаи даҳ ҳазор ҳадди ақалли музди меҳнат;

- пешниҳод накардани гувоҳнома ба мақоми танзимкунандаи монополияҳои табиӣ мутобиқи қисми ҳафтуми моддаи 6 Қонуни мазкур - ба андозаи шашсад ҳадди ақалли музди меҳнат;

- иҷро накардани қарори (амри) аз тарафи мақоми танзимкунандаи монополияҳои табиӣ мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур додашуда - ба андозаи ҳашт ҳазор ҳадди ақалли музди меҳнат;

- ба мақоми танзимкунандаи монополияҳои табиӣ пешниҳод кардани маълумоти нодуруст - ба андозаи ҳафтсад ҳадди ақалли музди меҳнат;

- дар мӯҳлати муқарраргардида бо талаботи мақоми танзимкунандаи монополияҳои табиӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷат ё дигар ахбор, ки барои фаъолияти кории он зарур мебошад - ба андозаи шашсад ҳадди ақалли музди меҳнат.

Маблағи ҷримаи аз субъекти монополияҳои табиӣ гирифташуда ба ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар мӯҳлати сӣ рӯз баъди гирифтани қарор оиди рӯёнидани он пардохта мешавад.

Барои ҳар як рӯзи гузаронидани мӯҳлати пардохт пеня ба андозаи як фоизи маҷмӯи маблағи ҷарима ҳисоб карда мешавад.

Дар ҳолати даст кашидани субъектҳои монополияи табиӣ аз пардохти ҷарима, маблағи муқарраршуда дар асоси қарори суд ситонида мешавад.

2. Моддаи 12 Қонун моддаи 13 ҳисобида шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 12 майи соли 2001 № 5

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О естественных монополиях"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Закон Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года "О естественных монополиях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №№ 23 - 24, ст. 358) следующие изменения и дополнения:

1. Дополнить Закон статьей 12 следующего содержания: "Статья 12. Основания для наложения штрафа на субъекты естественных монополий за нарушения настоящего Закона. Субъекты естественных монополий несут ответственность в виде штрафа за следующие нарушения:

- завышение цен (тарифов), установленных органом регулирования естественных монополий - в размере десяти тысяч минимальных размеров заработной платы;

непредставление органу регулирования естественных монополий уведомления, предусмотренного частью седьмой статьи 6 настоящего Законав размере шестисот минимальных размеров заработной платы;

- неисполнение решения (предписания), выданного органом регулирования естественных монополий в соответствии со статьей 7 настоящего Закона

- в размере восьми тысяч минимальных размеров заработной платы;

- представление органу регулирования естественных монополий недостоверных сведений - в размере семисот минимальных размеров заработной платы: иной информации, необходимой для осуществления его деятельности - в размере шестисот минимальных размеров заработной платы.

Сумма штрафа, наложенного на субъект естественных монополий, зачисляется в Государственный бюджет Республики Таджикистан, выплачивается в тридцатидневный срок со дня получения решения о наложении штрафа.

За каждый день просрочки штрафа начисляется пеня в размере одного процента общей суммы штрафа.

В случае отказа субъектов естественных монополий от уплаты штрафа, штраф взыскивается по решению суда.

2. Статью 12 закона считать статьей 13.

ПРЕЗИДЕНТ

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН Э. РАХМОНОВ

г. Душанбе, 12 мая 2001 года, № 5

(Ахбори МО РТ, 2001 г., № 4, ст. 146)