ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод.168; с.2008, №10, мод.814; с.2013, №12, мод.899; с.2015, №11, мод.977)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 433, аз 28.12.2013 № 1055, аз 23.11.2015 № 1256, аз 18.07.2017 № 1460, аз 18.03.2022 № 1869)
БОБИ I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни Мазкур
Қокуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро оид ба инҳисороти табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяи месозад ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкукандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки дастрасии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаи ин субъектҳоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектҳои инҳисороти табииро таъмин менамояд, равона шудааст.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим мекунад, ки дар бозори мол (кор, хизматрасоьӣ) ба амал омада, бо мавҷудият ва фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ алоқаманд мебошанд.
Муқаррароти Қонуни мазкур ба амалҳои (беамалии) субъектҳои инҳисороти табиӣ, муассисони (иштирокчиёни) онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, низ паҳн мегарданд, аг-ар ин амал ҳо (беамалӣ) мухолифати Қонуни мазкур бошанд ва ба истеъмолкунандагони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) инҳисороти табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонанд.
Амали Қонуни мазкур нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро танҳо бо бунёд ва истифодаи объектҳо бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти худӣ амалӣ месозанд, татбиқ намегардад.
Барои субъекти бозор, ки фаъолияти мутобиқи Қонуни мазкур ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро анҷом медиҳад, танзим ва назорати давлатӣ танҳо нисбати чунин фаъолият татбиқ мегардад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад .
...