ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимои татбиқ намешавад.
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимои
Суғуртаи давлатии иҷтимои низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи бемори, осеби меҳнати ё бемории касби, маъюби, ҳомиладори ва таваллуд, пири, бекори, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад .
Суғуртаи давлатии иҷтимои ҳатми мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошади .
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
Суғуртакунанда - шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқи (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеи, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякори ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки ӯҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷори ба суғуртаи давлатии иҷтимои саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурта - шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷори дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом медиҳад .
Шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба манфиати ӯ суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад .
Ҳодисаи суғурта - ҳодисаи рӯҳдода, ки бо фаро расидани он ӯҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда ё талофии хароҷоти масрафнамудаи ӯ ба миён меояд.
Пардохти суғурта - маблағи пули, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад.
Саҳами суғурта - пардохти ҳатми барои суғуртаи давлатии иҷтимои, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта - андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфироди - ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимои .
Собиқаи суғурта - давомнокии маҷмӯи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Хориҷ карда шуд
Хориҷ карда шуд
Суратҳисоби захиравии инфироди - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақави, даромадҳо аз сармоягузори ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақави дарҷ гардидаанд.
Хориҷ карда шуд
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимои
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимои иборатанд аз:
хусусияти умуми ва ҳатми доштани суғуртаи давлатии иҷтимои ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда ;
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо ;
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро барои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбини менамоянд;
баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда) ;
дастрасӣ ба таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимои ;
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимои ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимои;
масъулияти давлат барои истифода, ҷойгирони ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои.
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимои бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнати кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидори, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти мехнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 6.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар мӯҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисоди ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсоли ва бемориҳои касби тадбирҳои зарури андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муассисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (минбаъд - мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад .
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
- дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пули, китобҳои муҳосибави (бухгалтери), журнали, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарури ба даст орад;
хорич карда шуд .
- баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад ;
- аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд ;
- бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рӯи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнад :
- фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад ;
- маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад ;
- захираҳои нафақавии шахсоии суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад ;
- даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои мақомоти ваколатдор заруриро пешбинӣ намояд ;
- дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омӯзад ва истифода намонд ;
- коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд ;
- дар таъсис додани муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети мақомоти ваколатдор ба тарзи маҷбураи ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад ;
- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кӯмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад) .
хорич карда шуд .
хорич карда шуд
хорич карда шуд .
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпули ва ҷубронпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амали намояд ;
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақти ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгири ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болои ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои кӯмакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби суди ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад .
Ашхоси суғурташуда ӯҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи давлатии иҷтимои пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кӯмакпули ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо риоя кунанд.
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кӯмакпули барои корношоямии муваққати;
кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд;
кӯмакпулиҳои оилави;
кӯмакпули ба сабаби бекори;
кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат ;
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
- иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақаи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
Моддаи 10. Тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд
Маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, ба маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дохил намешаванд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст ҳар сол як маротиба маблағҳои андӯхти нафақавиеро, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, мутаносибан ба даромади аз сармоягузории он бадастомада индексатсия намояд.
Пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" анҷом дода мешавад .
Моддаи 10 (1). Хориҷ карда шуд
Моддаи 10 (2). Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андӯхти инфиродӣ мебошад .
Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад.
Хориҷ карда шуд
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 12. Кӯмакпули ҳангоми корношоямии муваққати
Ҳангоми бемори (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти кори вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузори кӯмакпули барои корношоямии муваққати пардохта мешавад.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад ():
100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.
75 фоизи музди меҳнат :
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии ҳаштсола ва беш аз он доранд ;
- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
65 фоизи музди меҳнат :
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии то ҳаштсола доранд (.
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад .
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд .
Кӯмакпули барои корношоямии муваққати аз рӯи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад .
Барои таъини кӯмакпули барои корношоями муваққати варақаи корношоями (варақаи бемори), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корношоями кӯмакпули тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи меҳнатӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи меҳнатии кормандон ҳангоми таъини кӯмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рӯзи фарорасии корношоями ҳисоб карда мешавад .
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққати дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмаклулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо тааллуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад .
Моддаи 13. Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд
Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладори ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсати ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.
Моддаи 14. Кӯмакпулии оилави
Ҳангоми таваллуди кӯдак дар оила кӯмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кӯдаки якум - ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ;
ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ;
ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва зиёда - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо .
Кӯмакпули дар ҷои кори (таҳсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд - аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак аз рӯзи таваллуди кӯдак таъин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рӯзи таваллуди кӯдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсати ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсолаги расидани он барои ин мӯҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимои ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад .
Моддаи 14(1). Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 15. Кӯмакпули ба сабаби бекори
Кӯмакпули ба сабаби бекори мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин ва пардохта мешавад .
Моддаи 16. Кӯмакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кӯмакпули барои дафн (кӯмакпулии маросими) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад. Андозаи кӯмакпули барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст ).
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Моддаи 16 (1). Таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кӯмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад .
Шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.".
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курорти, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хӯроки парҳези ва дигар тадбирҳои тундурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндаги ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Маблағҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд :
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳоли, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурусти, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд , ;
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъияти, таъсиси ҷойҳои кори барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимои эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии кори, барои фаъолияти илмию маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқи оид ба масъалаҳои шуғл ва бекори ;
татбиқи барномаҳои ҷумҳурияви ва минтақави оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон, маъюбон, атфол ва дигар гурӯҳҳои аҳоли;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор, тарбия ва бозомӯзии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд ;
пардохти ҷубронпули ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курорти ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнати .
ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва мӯҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнати қарор доранд, кӯмакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хӯрдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кӯмакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқи таъин ва пардохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқи - аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимои (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рӯзи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кӯмакпулие, ки то рӯзи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи ӯ ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи мероси дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳияви ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндаги ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кӯмакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапули, агар додани изофапули бо гуноҳи ӯ сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кӯмакпули
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мавриди масъалаҳои таъминот бо кӯмакпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои бо тартиби суди мавриди барраси қарор мегирад.
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимои
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд, анҷом дода мешавад .
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд .
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кӯмакпули ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимои аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимои интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курорти, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхӯрии парҳези ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Маблағгузории пардохти нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
хорич карда шуд .
Маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд :
саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкори машғуланд (шахсони ҳуқуқи намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта шавад ;
маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мӯхлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ситонида мешавад;
маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқи ва воқеи ситонида мешаванд;
саҳмҳои ихтиёри ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқи ва воқеи ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузори манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молияви аз ҳисоби маблағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои мақомоти ваколатдор ба даст оварда мешавад ;
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо ба хизматчиёни ҳарби ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо вобаста ба тағйирёфтани индекси рӯзгузарони ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳалли, инчунин нафақаҳои иҷтимои пешбини шудаанд.
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфироди, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахӯрон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфироди дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимои ворид карда шудаанд ;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқи мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии мақомоти ваколатдор мусодира ва андозбанди намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссиони ситонида намешавад .
Маблағи дар буҷети мақомоти ваколатдор ҷамъгардида ба ду гурӯҳ тақсим мешавад :
- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз қойгиркунии мувақкатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети Фонд барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андӯхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд .
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми тарифҳои саҳмҳои суғурта
Суғуртакунандагон ӯҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд. Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Андозаи (таносуби) ҳар як навъи саҳм ва самти хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Хориҷ карда шуд
Маблағи андози иҷтимоӣ ва саҳмҳои нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешаванд.
Моддаи 23 (1). Тартиби нигоҳдори, баҳисобгири ва истифодаи воситаҳои пули, ки ба ҳисобномаи захиравии инфироди ворид шудаанд
Ҳангоми ҷори намудани баҳисобгирии захиравии инфироди дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимои ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфироди кушода мешавад, ки дар намуди электрони маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақави аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақави қайд карда мешаванд .
Суратҳисоби захиравии инфироди қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшави нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфироди ҷамъ омадаанд, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ҳисоби депозити дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад .
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андӯхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондхои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд .
Муассисаи суғурта уҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи сатҳи таваррум таъмин намояд .
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 24. ӯҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдорсуғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд .
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз ҷониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анҷом дода мешавад.
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми, супурда мешаванд.
Хориҷ карда шуд
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад .
Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта
Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро андозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.
Суғуртакунанда ӯҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд, Ҳангоми риоя накардани мӯҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд .
Моддаи 26. Тартиб ва мӯҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар мӯҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонки ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасони анҷом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории ҷори барои меҳнат оид ба натиҷаҳои наҳоии кор подошпули муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиҷаҳои сол, дар мӯҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонки гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анҷом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он мӯҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст .
Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимои ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити
Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити ҳисобномаҳои (ҷори) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз ҷумла буҷети, асъори, қарзи, депозити, аккредитиви ва дигарҳо бошад-ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд .
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузашта ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, ҷарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иҷро карда мешаванд .
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонки бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида мӯҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз ҷониби онҳо барои ҳар як рӯзи гузаронидани мӯҳлат дар ҳаҷми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии ҷории азнавмаблағгузории (рефинансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буҷети мақомоти ваколатдор дар натиҷаи иҷрои муҷозотҳои молияви (пения, ҷарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимои масраф карда мешаванд .
Амалиётҳо оид ба маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҷониби муассисаҳои бонки ё дигар муассисаҳои кредити бидуни талаби подоши комиссиони барои ин амалиёт анҷом дода мешавад .
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимои
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимои бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимои ё ташкилоти мустақили аудитори анҷом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои амалиётро анҷом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимои аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати ҷамъияти ҷиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби мақомоти намояндагии кормандон анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта
Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҷавобгари кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амале, ки аз он ба буҷети Фонд зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ӯҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавомад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон с бо қарори суд ситонида шавад .
Моддаи 30. Мӯҳлатҳои дида баромадани муроҷиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузори дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимои
Муроҷиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз рӯи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузори оиди суғуртаи давлатии иҷтимои аз тарафи суғуртакунанда дар мӯҳлати 30 рӯз баррасӣ карда мешавад. Аз натиҷаи он суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 рӯз ба таври хатти хабар медиҳад (
Дар ҳолати рози нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби суди ҳал карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
13 декабри соли 1997 № 517
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимои татбиқ намешавад.
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимои
Суғуртаи давлатии иҷтимои низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи бемори, осеби меҳнати ё бемории касби, маъюби, ҳомиладори ва таваллуд, пири, бекори, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад .
Суғуртаи давлатии иҷтимои ҳатми мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошади .
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
Суғуртакунанда - шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқи (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеи, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякори ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки ӯҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷори ба суғуртаи давлатии иҷтимои саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурта - шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷори дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом медиҳад .
Шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба манфиати ӯ суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад .
Ҳодисаи суғурта - ҳодисаи рӯҳдода, ки бо фаро расидани он ӯҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда ё талофии хароҷоти масрафнамудаи ӯ ба миён меояд.
Пардохти суғурта - маблағи пули, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад.
Саҳами суғурта - пардохти ҳатми барои суғуртаи давлатии иҷтимои, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта - андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфироди - ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимои .
Собиқаи суғурта - давомнокии маҷмӯи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Хориҷ карда шуд
Хориҷ карда шуд
Суратҳисоби захиравии инфироди - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақави, даромадҳо аз сармоягузори ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақави дарҷ гардидаанд.
Хориҷ карда шуд
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимои
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимои иборатанд аз:
хусусияти умуми ва ҳатми доштани суғуртаи давлатии иҷтимои ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда ;
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо ;
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро барои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбини менамоянд;
баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда) ;
дастрасӣ ба таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимои ;
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимои ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимои;
масъулияти давлат барои истифода, ҷойгирони ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои.
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимои бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнати кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидори, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти мехнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 6.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар мӯҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисоди ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсоли ва бемориҳои касби тадбирҳои зарури андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муассисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (минбаъд - мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад .
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
- дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пули, китобҳои муҳосибави (бухгалтери), журнали, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарури ба даст орад;
хорич карда шуд .
- баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад ;
- аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд ;
- бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рӯи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнад :
- фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад ;
- маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад ;
- захираҳои нафақавии шахсоии суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад ;
- даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои мақомоти ваколатдор заруриро пешбинӣ намояд ;
- дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омӯзад ва истифода намонд ;
- коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд ;
- дар таъсис додани муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети мақомоти ваколатдор ба тарзи маҷбураи ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад ;
- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кӯмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад) .
хорич карда шуд .
хорич карда шуд
хорич карда шуд .
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпули ва ҷубронпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амали намояд ;
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақти ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгири ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болои ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои кӯмакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби суди ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад .
Ашхоси суғурташуда ӯҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи давлатии иҷтимои пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кӯмакпули ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо риоя кунанд.
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кӯмакпули барои корношоямии муваққати;
кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд;
кӯмакпулиҳои оилави;
кӯмакпули ба сабаби бекори;
кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат ;
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
- иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақаи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
Моддаи 10. Тартиби пардохтҳо аз маблағи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродии шаҳрвандон
Муассисаи суғурта пардохтҳоро аз маблағи андӯхти нафака ба шахсони суғурташудае, ки ба синни муқарраргардидаи нафақа расидаанд ва тавассути корфармо ё мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун саҳмҳои нафақа (суғурта)-ро ба ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ саривақт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.
Пардохт дар шаклҳои зайл анҷом дода мешавад:
- муқаррар намудани иловапулии мунтазам (ҳармоҳа) ба нафақаи меҳнатӣ;
- пардохти яквақтаи маблағи андӯхташуда;
- гузаронидани маблағи андӯхташуда ба фонди ғайридавлатии нафақаи интихобкардаи нафақахӯр.
Аз маблағи андӯхти нафақа, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, ҳангоми расидан ба синни нафақа иловапулӣ ба нафақа таъин карда мешавад.
Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Пардохти яквақтаи маблағи андӯхти инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта ҳангоме амалӣ карда мешавад, ки маблағи умумии андӯхташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии ҳармоҳаи нафақа баробар ба ҳаҷми 36 - каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқ ба иловапулӣ (аз лаҳзаи муроҷиат ба таъини иловапулӣ) муқаррар гардидааст, камтар бошад .
Пардохти яквақта аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси аризаи хаттии шахси суғурташуда ҳангоми расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа ва пайдо гардидани ҳуқуқ ба гирифтани иловапулӣ дода мешавад. Пардохт бо роҳи гузаронидани маблағ ба ҳисобномае (пасандозе), ки шахси суғурташуда пешниҳод менамояд, анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағе, ки дар ҳисобномаи захиравии инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, дар асоси аризаи хаттии ӯ метавонад ба фонди ғайридавлатии нафақа, ки реквизитҳои онҳоро аризадиҳанда зикр менамояд, гузаронида шавад.
Фонди ғайридавлатии нафақаро (ба истиснои фондхои ғайридавлатии нафакае. ки ба шахсони барои зисти доимӣ ба хориҷа сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ҳуқуқ доранд фондн ғайридавлатии нафақаро вобаста ба маҳалли (кишвари) нави зист зикр намоянд) шахси суғурташуда аз ҳисоби фондҳое метавонад интихоб намояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Тартиб ва шарти гузаронидани маблағи андӯхти нафақаро ба фондҳои ғайридавлатии нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар сурати пардохти маблағи андӯхти нафақавӣ мутобики қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи мазкур шахси суғурташуда ҳуқуқи худро барои муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ мавчуданд, аз даст медиҳад .
Моддаи 10 (1). Хориҷ карда шуд
Моддаи 10 (2). Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андӯхти инфиродӣ мебошад .
Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад.
Хориҷ карда шуд
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 12. Кӯмакпули ҳангоми корношоямии муваққати
Ҳангоми бемори (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти кори вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузори кӯмакпули барои корношоямии муваққати пардохта мешавад.
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад ():
100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кӯчонида шудаанд.
70 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;
- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
60 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд ().
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад .
Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққкатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд .
Кӯмакпули барои корношоямии муваққати аз рӯи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад .
Барои таъини кӯмакпули барои корношоями муваққати варақаи корношоями (варақаи бемори), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корношоями кӯмакпули тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи бефосилаи кори мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи бефосилаи кории кормандон ҳангоми таъини кӯмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рӯзи фарорасии корношоями ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққати дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмаклулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо тааллуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад .
Моддаи 13. Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд
Кӯмакпулии ҳомиладори ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладори ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсати ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.
Моддаи 14. Кӯмакпулии оилави
Ҳангоми таваллуди кӯдак дар оила кӯмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак;
кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак.
Кӯмакпулии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кӯдаки якум - ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ;
ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ;
ҳангоми таваллуди кӯдаки сеюм ва зиёда - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо .
Кӯмакпули дар ҷои кори (таҳсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд - аз ҷониби шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кӯмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кӯдак аз рӯзи таваллуди кӯдак таъин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рӯзи таваллуди кӯдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсати ба зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсолаги расидани он барои ин мӯҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимои ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад .
Моддаи 14(1). Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 15. Кӯмакпули ба сабаби бекори
Кӯмакпули ба сабаби бекори мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин ва пардохта мешавад .
Моддаи 16. Кӯмакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кӯмакпули барои дафн (кӯмакпулии маросими) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад. Андозаи кӯмакпули барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст ).
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ().
Моддаи 16 (1). Таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кӯмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад .
Шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.".
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курорти, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хӯроки парҳези ва дигар тадбирҳои тундурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндаги ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Маблағҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд :
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳоли, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурусти, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд , ;
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъияти, таъсиси ҷойҳои кори барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимои эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии кори, барои фаъолияти илмию маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқи оид ба масъалаҳои шуғл ва бекори ;
татбиқи барномаҳои ҷумҳурияви ва минтақави оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахӯрон, маъюбон, атфол ва дигар гурӯҳҳои аҳоли;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор, тарбия ва бозомӯзии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд ;
пардохти ҷубронпули ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курорти ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнати .
ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва мӯҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнати қарор доранд, кӯмакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хӯрдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кӯмакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқи таъин ва пардохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқи - аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимои (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рӯзи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кӯмакпулие, ки то рӯзи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи ӯ ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кӯмакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи мероси дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳияви ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндаги ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кӯмакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапули, агар додани изофапули бо гуноҳи ӯ сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кӯмакпули
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мавриди масъалаҳои таъминот бо кӯмакпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои бо тартиби суди мавриди барраси қарор мегирад.
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимои
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд, анҷом дода мешавад .
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд .
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кӯмакпули ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимои аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимои интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курорти, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхӯрии парҳези ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои
Маблағгузории пардохти нафақа, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
хорич карда шуд .
Маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд :
саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкори машғуланд (шахсони ҳуқуқи намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта шавад ;
маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мӯхлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ситонида мешавад;
маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқи ва воқеи ситонида мешаванд;
саҳмҳои ихтиёри ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқи ва воқеи ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузори манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молияви аз ҳисоби маблағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои мақомоти ваколатдор ба даст оварда мешавад ;
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо ба хизматчиёни ҳарби ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулиҳо вобаста ба тағйирёфтани индекси рӯзгузарони ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳалли, инчунин нафақаҳои иҷтимои пешбини шудаанд.
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфироди, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахӯрон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфироди дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимои ворид карда шудаанд ;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқи мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии мақомоти ваколатдор мусодира ва андозбанди намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссиони ситонида намешавад .
Маблағи дар буҷети мақомоти ваколатдор ҷамъгардида ба ду гурӯҳ тақсим мешавад :
- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз қойгиркунии мувақкатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети Фонд барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андӯхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд .
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми тарифҳои саҳмҳои суғурта
Суғуртакунандагон ӯҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд. Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Андозаи (таносуби) ҳар як навъи саҳм ва самти хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Хориҷ карда шуд
Маблағи андози иҷтимоӣ ва саҳмҳои нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешаванд.
Моддаи 23 (1). Тартиби нигоҳдори, баҳисобгири ва истифодаи воситаҳои пули, ки ба ҳисобномаи захиравии инфироди ворид шудаанд
Ҳангоми ҷори намудани баҳисобгирии захиравии инфироди дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимои ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфироди кушода мешавад, ки дар намуди электрони маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақави аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақави қайд карда мешаванд .
Суратҳисоби захиравии инфироди қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшави нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфироди ҷамъ омадаанд, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, тибқи қонунҳои амалкунанда онҳоро ба ҳисоби депозити дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад .
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андӯхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондхои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд .
Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи ставкаи азнавмаблағгузории Бонки миллли Тоҷикистон таъмин намояд .