Банди VII Қонуни мазкур бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА БАЪЗЕ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистоон аз 27 июни соли 1991 "Дар бораи шуғли аҳолӣ" (Ведомости Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 15, мод.268; Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, мод.40, 50; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Дар матни Қонун ишораҳо ба фонди давлатии мусоидати шуғли аҳоли ба ишораҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.
2. Дар қисми сеюми моддаи 2 рақами "16" ба рақами "15" иваз карда шавад.
3. Моддаҳои 10 ва 12 дар таҳрири зайл баён гарданд:
"Моддаи 10. Ҳуқуқи бо кор таъмин шудани шаҳрвандон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандон ҳуқуқи мустақилона бо кор таъмин шуданро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои додани кӯмаки миёнарави ба онҳо аз ҷониби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад".
"Моддаи 12. Ҳуқуқи эътироз кардан ба амали умури давлатии шуғли аҳоли
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз болои амали кормандони умури давлатии шуғли аҳоли ба мақоми аз ҷиҳати тобеият болои, инчунин ба суд шикоят намоянд".
4. Сарсатри даҳуми банди 2 моддаи 19 хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 20:
сарсатри панҷуми банди 1 дар таҳрири зайл баён гардад:
"бо кор таъминкунии шахсони эхтиёҷманди ҳимояи иҷтимои".
Банди 1 бо сарсатри мазумни зайл илова карда шавад:
"кор карда баромадан ва амали гардонидани барномаҳои иҷтимои, ки дар онҳо ҷиҳати самаранок истифодабарии коргарони ихтисосманд, ҳифзи иҷтимоии онҳо, баланд бардоштани шароити кори ва дигар имтиёзҳо ба назар гирифта шуда бошанд".
6. Моддаҳои 22 ва 25 дар таҳрири зайл баён гарданд:
"Моддаи 22. Маблағгузори оиди иҷроиши чорабиниҳои давлатии сиёсати шуғл
Маблағгузори оиди иҷроиши чорабиниҳои давлатии сиёсати шуғл, аз ҷумла маблағгузории фаъолияти мақомоти шуғл аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад".
"Моддаи 25. Кафолатҳои дастгирии модди
Давлат ба шаҳрвандони бекормонда, ба шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, инчунин ба шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиашонро барқарор кардан мехоҳанд, дастгирии моддиро бо роҳҳои зайл кафолат медиҳад;
а) додани кафолатҳои махсус ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;
б) додани стипендия дар давраи омодагии касби, такмили ихтисос ё таҷдиди омодаги ва ба собиқаи умуми ва бефосилаи меҳнати дохил намудани ин давра;
в) додани ёрдампули барои бекори;
г) расонидани ёрии модди ба шаҳрванди бекор ва аъзоёни оилаи вай бо назардошти хӯрандагони пиронсол ва ноболиғ;
д) ёрии молияви барои ташкили кори шахси ва ташкили ҷои кор барои дигар шаҳрвандони бекор.
Даврае, ки дар давоми он шаҳрванд мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонун стипендия, ёрдампули аз рӯи бекори мегирад, дар корҳои муздноки ҷамъияти иштирок мекунад, инчунин вақте, ки мувофиқи роҳхати хадамоти шуғл барои кӯчидан ба маҳалли дигар ва дохил шудан ба кор лозим аст, собиқаи меҳнатиро қатъ накарда ба собиқаи умумии меҳнат дохил мегардад".
7. Дар моддаи 27:
аз қисми дуюми банди 1 калимаҳои "ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст" хориҷ карда шаванд;
аз банди 2-юм калимаҳои "Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда" хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 30:
дар сарсатри дуюми банди 1 калимаҳои "дар нисбати фоиз ба музди кори минимали" ба калимаҳои "ба андозаи маоши ҳадди аққал" иваз карда шаванд;
ба модда банди 4 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Нигаҳдории маблағ ба кӯмакпули барои бекори дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мумкин аст. Ҳаҷми умумии нигаҳдории маблағ аз 50% кӯмакпулии мегирифташуда зиёд набошад".
9. Моддаи 33 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Моддаи 33. Андозаи ёрдампули барои бекори ба гурӯҳи шаҳрвандон
Ба шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пеш кор намекарданд), мутахассис нестанд (ихтисос надоранд), онҳое, ки фаъолияти меҳнатиашонро баъди танаффуси тӯлони (зиёда аз як сол) барқарор карданианд ва инчунин шаҳрвандони аз корхона, муассисаю ташкилотҳо новобаста ба кадом асос дар муддати дувоздаҳ моҳ то давраи аввали бекори аз кор рафтаанду вале дар ин давраи дувоздаҳ моҳи тақвими кори музднок (шуғл) надоштанд ва ҳамчун бекор эътироф гардидаанд, ёрдампули барои бекори ба андозаи маоши ҳадди аққал дода мешавад.
Шаҳрвандоне, ки тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзиро дар таълимгоҳҳо бо роҳхати мақомоти шуғл тамом кардаанд ва бекор эътироф гардидаанд, ҳуқуқи гирифтани ёрдампули барои бекориро ба андозаи идрори дар вақти хондан гирифтаашонро доранд, вале ин андоза бояд на камтар аз маоши ҳадди аққал бошад".
10. Моддаҳои 34, 35 хориҷ карда шаванд.
11. Моддаҳои 36, 37, 38, 39, 40, 41 мутобиқан моддаҳои 34,35, 36, 37, 38, 39 ҳисобида шаванд.
12. Дар моддаи 34:
банди 2 бо сарсатри дорои мазмуни зайл илова гардад:
"муддати тӯлони (зиёда аз 3 моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани бекор ба хадамоти шуғл".
Ба моддаи мазкур банди 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Ёрдампули барои бекори дар давоми корношоями, агар ин муддат аз вақти таъини ёрдампули барои бекори зиёд давом ёбад ва инчунин дар вақти рухсатии ҳомиладори ва таваллуд дода намешавад".
Банди 4-ум банди 5-ум ҳисобида шавад.
II. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1992 "Дар бораи андози арзиши иловашуда" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, № 2, мод.28; соли 1993, № 13 мод.225; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод.255, № 22, мод.268; соли 1996, № 23, мод.328; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997, № 421; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997, № 498), тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Аз моддаҳои Қонун рақами бандҳо хориҷ гардида, моддаҳо ба қисмҳо ҷудо карда шаванд.
2. Аз қисми сеюми моддаи 4 калимаҳои "ва даромаднокии онҳо накамаш аз 25 фоиз" хориҷ карда шаванд.
3. Ба қисми дуюми моддаи 8 баъди калимаҳои "мабалғи даромад" калимаҳои "қабули коғазҳои қимматноки бонки" илова карда шаванд.
III. Бандҳои "а" ва "в" моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-34, мод.462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 4, мод.62) дар таҳрири зайл баён гардад:
"а) ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯрави ва шахсони ба ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида - 50 фоизи нафақа, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди аққали нафақа аз рӯи синну сол, ки дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун зикр шудааст;
в) ба шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнати, ҳар се дараҷаи ордени Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё бо орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд - ба андозаи 15 фоизи ҳадди аққали нафақа аз рӯи синну сол".
IV. Аз қисми якуми моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 1993 "Дар бораи андозбандии даромади фаъолияти суғуртавӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, мод.8; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997, № 421) калимаҳои "ба истиснои хароҷоти музди меҳнати кормандони штати" хориҷ карда шаванд.
V. Дар банди "д" моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 3, мод.48; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997, № 421) калимаҳои "25 фоиз" ба калимаҳои "шахсоне, ки бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидаанд - 50 фоиз" иваз карда шаванд.
VI. Ба сарсатри ҳафтуми қисми якуми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 "Дар бораи пардохти замин" баъди калимаи "нафақахӯрон" калимаҳои "шахсони дигари бо қонунҳо пешбинигардида" илова карда шаванд.
VII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод.251; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997, № 498) тағйироти зайл ворид карда шавад:
1. Дар матни Қонун ишораҳо ба Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишораҳои Бонки миллии Тоҷикистон иваз карда шаванд.
2. Зербанди "в" банди 2 моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"в) ҳамагуна муомилоти асъорро анҷом медиҳад" ().
VIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 "Дар бораи андоз аз фоидаи корхонаю ташкилотҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 15-16, мод.249; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48; № 23, мод. 328; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997, № 421; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997, № 498) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Ба банди 3 моддаи 1 зербанди "в" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"в) Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он".
2. Дар сарсатри сеюми банди 1 моддаи 2 калимаҳои "ки дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои системаи эҳтиёти ба даст меояд" хориҷ карда шаванд.
3. Ба банди 2 моддаи 7 сарсатри дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он".
IХ. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи корхонаҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 14, мод.279; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997, № 498) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 9:
дар банди 1 калимаҳои "дар асоси созишномаҳо ва шартномаҳои меҳнати" ба калимаҳои "дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати" иваз карда шаванд;
банди 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муқаррар карда мешавад.
Шакл ва тартиби музди меҳнати кормандони корхонаҳо дар шартномаҳо ва созишномаҳои коллективи муайян карда мешаванд. Шарту шароити пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳои давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд".
2. Дар моддаи 15:
банди 1 дар таҳрири зайл баён гардад:
"1. Коллективи меҳнатии корхонаро тамоми кормандони он ташкил медиҳанд.
Ҳуқуқи коллективи меҳнати, тартиб ва шакли татбиқи онро қонунҳо ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқи, шартномаи меҳнати ва Оинномаи (Низомномаи) корхона муайян мекунанд";
дар банди 2 калимаҳои "сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиаш" хориҷ карда шаванд.
3. Дар банди 2 моддаи 17 калимаҳои "мақомоти суди" ба калимаи "суд" иваз карда шавад.
Х. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 "Дар бораи фаъолияти соҳибкори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, № 4, мод.37; с.1993, № 9-10, мод.136, № 21-22, мод.454,457; № 23-24, мод.536; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, мод. 255; с.1996, № 23, мод. 344; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 № 498) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар сарсатри сеюми қисми якуми моддаи 8 калимаҳои "андозаи ҳадди аққале, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст" ба калимаҳои "андозаи маоши ҳадди аққал" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "ҳадди аққали дар ҷумҳурият муқарраршуда" ба калимаҳои "андозаи маоши ҳадди аққал" иваз карда шаванд.
ХI. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, № 4, мод.43, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 421) тағйироту иловаҳои зайл илова карда шаванд:
1. Дар матни Қонун ишораҳо ба Шӯроҳои маҳалли ва Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқ мувофиқан ба ишораҳои Маҷлиси маҳалли ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ иваз карда шаванд.
2. Ба қисми якуми моддаи 1 баъди калимаҳои "ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "новобаста аз шакли моликият" илова карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои "Кодекси қонунҳои меҳнати" ба калимаҳои "Кодекси меҳнати" иваз карда шаванд.
4. Моддаҳои 4 ва 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 4. Принсипҳои асоси ва самтҳои сиёсати давлати дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Принсипҳои асоси ва самтҳои сиёсати давлати дар соҳаи ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд:
- эътироф намудан ва таъмини афзалияти ҳаёт ва саломатии коргарон нисбати натиҷаҳои фаъолияти ташкилот;
- муқаррар намудан ва таъмини кафолати ҳуқуқҳои коргарон ба ҳифзи меҳнат;
- идораи давлатии ҳифзи меҳнат;
- иштироки давлат дар маблағгузории ҳифзи меҳнат;
- назорати давлати ба назорати риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи меҳнат;
- аз тарафи давлат таъмин намудани ҳамкории байни корфармоён ва кормандон ва (ё) намояндагони онҳо дар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- таҳия ва муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи талабот оиди ҳифзи меҳнат;
- гузаронидани сиёсати самараноки андоз, ки ташкили шароити солим ва бехатарии меҳнатро ҳавасманд мекунад, тайёр ва ҷори намудани техника ва технологияи бехавф, ҳавасмандкунии истеҳсолоти воситаҳои ҳифзи фарди ва коллективии кормандон;
- ба ҷавобгари кашидани корфармоён ва шахсони мансабдор барои вайрон кардани талабот оиди ҳифзи меҳнат;
- муқаррар намудани тартиб ва назорати ҳатмии тафтиши ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
- муқаррар намудани имтиёз ва ҷуброн барои кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарон, додани товони пурраи зарар ба шахсони зарардида аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
- муқаррар намудани системаҳои нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳисоботи омори давлати оиди ин масъалаҳо, инчунин дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
- ҳамкории байналхалқи дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таъмини созишномаҳои байналхалқи ва байнидавлати оиди муҳофизати меҳнат".
"Моддаи 6. Суғуртаи ҳатмии иҷтимоии давлатии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби
Ҳамаи кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби аз тарафи корфармоён бо тартиб ва шароити муқаррарнамудаи қонун ва шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи воҷиби суғуртаи ҳатмии иҷтимоии давлати мебошанд".
5. Ба моддаи 8 қисмҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Дар ҳар як қитъаҳои истеҳсоли бояд гӯшаҳои санитарии бо воситаҳои зарурии расонидани ёрии аввалини тибби ҷиҳозонидашуда ташкил карда шаванд.
Корфармо аз ҳисоби маблағҳои худ хизматрасонии тибби ва табобати-профилактикии кормандонро ташкил менамояд";
қисми шашуми модда мувофиқан қисми ҳаштум ҳисоб карда шавад.
6. Моддаҳои 15 ва 28 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 15. Муоинаи тиббии баъзе гурӯҳи кормандон
Муоинаи тиббии баъзе гурӯҳи кормандон мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад".
"Моддаи 28. Масъулияти маъмури ва ҷинояти
Шахсони мансабдор ва кормандоне, ки барои вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарии маъмури ва ҷинояти кашида мешаванд".
ХII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод.55; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, № 421) тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 26 калимаҳои "мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати корҳои дохилии" ба калимаҳои "Вазорати корҳои дохили ва Вазорати корҳои хориҷии" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 27 калимаҳои "ё дигар санадҳои қонунгузории" ба калимаҳои "ва аз тарафи Ҳукумат" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
22 маи соли 1998 № 622
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе, аз 22 майи соли 1998, № 628