×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 № 651 "Дар бораи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯӣ"

Санаи амалкуни: 03.12.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 687 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

Қонуни ҶТ аз 16.11.1999 № 848, аз 1.08.2003 № 30, аз 26.12.2005 № 127, аз 3.03.2006 № 152, аз 28.07.2006 № 191, аз 12.05.2007 № 253, аз 5.08.2009 № 535, аз 3.12.2009 № 567)

Қонуни мазкур мундариҷаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро муайян карда, низоми кафолатҳои қонуниро ҳангоми амали намудани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535, аз 3.12.2009 № 567).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191)

1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - намуди фаъолиятест, ки ба таври ошкоро ё махфӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти давлатии бо Қонуни мазкур ваколатдоршуда, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷинояткорона амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567);

- чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ - маҷмӯи чорабиниҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ошкоро ё махфӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ба ин кор ваколатдоршуда бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амалӣ мегардад;

- пурсиши оперативӣ - ҷамъоварии маълумоти воқеие, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур мебошад ва аз суханони шахси пурсидашавандае, ки воқеан ва ё эҳтимолан дорои маълумот аст, гирифта мешавад;

- ҷамъоварии маълумот - гирифтани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарур тавассути фиристонидани дархост ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки чунин маълумотро дорад ё метавонад дошта бошад, ҳамчунин дастрас намудани он бо роҳи шиносшавии бевосита бо сарчашмаҳои моддии дахлдор, аз ҷумла манбаи маълумоти оперативӣ, криминалистӣ ва манбаи дигари маълумот (ҳисобот), низоми иттилоотӣ ва дигар сарчашмаҳо (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567);

- ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣдарёфт намудан, гирифтан ва нигоҳ доштани (консерватсияи) сарчашмаҳои моддии иттилоотие, ки дар худ изи ҷиноят ё изи шахси ҷиноят содирнамударо доранд, ҳамчунин ашёҳое, ки ба сифати объекти таҷовузи ҷиноятӣ хизмат кардаанд ва ё метавонанд ҳамчун воситаи муайян намудани кирдори ба ҷамъият хавфнок ва шахсони ба он дахлдошта бо мақсади муқоиса намудани онҳо бо маводҳо ва ашёҳои монандшавандаи шахсони дар омӯзишбуда барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат кунанд;

- ҷустуҷӯи шахсӣ - шакли ба амал баровардани усул ва маҷмӯи ҳаракатҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки бевосита аз тарафи корманди мақомоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади дарёфти маълумоти зарури оперативӣ ва ҳалли вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом дода мешавад;

- харидории озмоишии оперативӣ - аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳти назорати оперативӣ мол ё ашё бе мақсади истеъмол ва ё ба соҳибияти каси дигар додан аз шахсе, ки асоснок ба содир намудани ҷиноят гумонбар шудааст, бо мақсади гирифтани маълумот дар бораи эҳтимолияти фаъолияти ҷиноятӣ ва ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ музднок ба даст оварда мешавад;

- таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳо - омӯзиши ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳое, ки дар худ аломатҳои ҷиноятиро боқӣ гузоштаанд ё метавонанд боқӣ гузоранд, олоти содир кардани ҷиноят ва ё натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ ба ҳисоб рафтаанд ё метавонистанд ба ҳисоб раванд, бо мақсади ошкор намудани изҳо ва олотҳои содир кардани ҷиноят ва натиҷаҳои фаъолияти ҷиноятӣ;

- назорати оперативӣ - бо назар ё тарзи дигар дарк кардан ва ба қайд гирифтани зуҳуротҳо, ҳодисаҳо, кирдорҳо, воқеаҳо ва равандҳо, ки барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муҳиманд;

- ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва дигар объектҳомуқарраркунӣ ва аниқкунии шахс ва дигар объектҳо аз рӯи нишонаҳои инфиродии тағйирнопазири дар ҳолати сукунат ва серҳаракатӣ қарор доштани онҳо, ҳамчунин бо ёрии дигар тарзҳое, ки бо дараҷаи кофии эҳтимолият шахсият ва дигар объектро муайян мекунанд;

- муоинаи оперативии биноҳо, иморатҳо, иншоот, минтақаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт - ворид шудан ва муоинаи объектҳои номбаршуда бо мақсади дарёфти изҳои ҷиноят, олотҳои содиркунии ҷиноят, дигар ашёҳо, моддаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки эхтимол ба содир шудани ҷиноят муносибат дошта бошанд, ҳамчунин барои ҳалли дигар вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;

- назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар ва сензураи мукотибаи маҳбусон - азназаргузаронии мукотиботи хаттӣ ва дигар мукотиботе, ки дар махзанҳои моддӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо мақсади пайдо намудани маълумот дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи шахси таҳти омӯзиш қарордошта, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва гирифтани дигар маълумоте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат мекунанд;

- гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо - тибқи қонунгузорӣ тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан ва сабт кардани иттилооти акустикӣ, ки ба воситаи хатти алоқаи телефонӣ ё иттилооти яктарафа интиқолшаванда, бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи шахси омӯхташаванда, ошкор намудани алоқаҳои ӯ ва дастрас намудани дигар иттилооте, ки барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусоидат менамояд;

- гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа - тибқи қонунгузорӣ тавассути воситаҳои техникӣ гирифтан, тасҳеҳ ва сабти намудҳои гуногуни сигналҳо, ки бо ҳар гуна каналҳои техникии алоқа барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пахш мегарданд;

- ҷойгиркунонии оперативӣ - ба гурӯҳи ҷиноятӣ ворид шудани корманди мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозад ва ё шахсе, ки барои ҳалли масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ махфӣ бо ӯ ҳамкорӣ менамояд;

- таҳвили назоратшаванда - аз ҷониби мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалй месозад, назорат намудани ҷойивазкунии мол, восита, мавод ё ашё, пеш аз ҳама мол, восита, мавод ва ашёе, ки муомилоти озодашон манъ карда шуданд ё гардиши граждании онҳо махдуд гардонида шудааст, ҳамчунин ашёҳое, ки бо роҳҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудаанд ё дар худ изи ҷиноятро нигоҳ доштаанд ё олот ё воситаи содир намудани ҷиноят ба ҳисоб рафтаанд, бо мақсади ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;

- озмоиши (экспертиментӣ) оперативӣ - ташкил намудани муҳити сунъии ҳарчи бештар ба воқеият наздик бо мақсади водор намудани бавуқӯъоии воқеаи муайян ё айнан такрор кардани воқеа ё гузаронидани озмоиши муайян дар шароитҳои пурра идорашаванда ва таҳти назорати мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозад, бо ҷалб намудани шахсе, ки нисбати фаъолияти ғайриқонуниаш маълумот мавҷуд аст, бе хабардор намудани ӯ дар эксперименти оперативӣ бо мақсади тасдиқ кардани аз ҷониби ин шахс содир гардидани кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҳамчунин пешгирӣ, ошкорнамоӣ, огоҳкунӣ ва кушодани ҷиноят ба муқобили моликият, тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин ё ҷиноятҳое, ки метавонанд ба амнияти миллӣ зарар оваранд;

- таъсиси шахси ҳуқуқӣ - бунёди корхона ва ё ташкилоте, ки (ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ширкатҳои хусусӣ, намояндагӣ, филиалҳо ва ғайра) асосан бо мақсади мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва ҳалли дигар вазифаҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

Моддаи 2. Вазифаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Вазифаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи аз инҳо иборатанд:

- ошкор намудан, огоҳонидан, пешгири кардан ва кушодани ҷиноятҳо, инчунин ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содир карда;

- ҷустуҷӯ кардани шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз ҷазои ҷинои саркаши намуда, инчунин ҷустуҷӯи шаҳрвандони бедарак ғоибшуда;

- ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодисаҳо ё ҳаракатҳое, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд;

- дарёфт ва ошкор намудани моликияти аз тарафи суд мусодирашаванда (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

Фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ба принсипҳои конститутсионии қонуният, эҳтиром ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ба принсипҳои пинҳонкори ва ба ҳам пайвастани усул ва воситаҳои ошкоро ва махфи асос меёбад.

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ

(Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

Моддаи 5. Кафолати риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амали намудани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

(Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191)

1. Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ танҳо барои расидан ба мақсад ва иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

2. Агар шахсе чунин шуморад, ки ҳаракати мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи боиси вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ гардидааст, ҳуқуқ дорад оиди нисбати ин ҳаракатҳо ба мақомоти болоии амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, прокурор ва ё суд шикоят кунад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

3. Шахсе, ки гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноят мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун исбот нашудааст, яъне нисбати ӯ оғози парвандаи ҷинояти рад карда шудааст ва ё бо сабаби набудани ҳодисаи ҷиноят парвандаи ҷинояти қатъ шудааст ва ё парвандаи ҷинои нисбати ӯ бинобар дар кирдори ӯ набудани таркиби ҷиноят қатъ шудааст ва ӯ дорои далелҳе мебошад, ки нисбати ӯ корҳои оперативи-ҷустуҷӯи бурда шудааст ва тасаввур мекунад, ки зимнан ҳуқуқҳои ӯ вайрон карда шудаанд, ҳақ дорад аз мақоми амалкунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи маълумоти дар борааш бадастомадаро дар ҳудуде, ки пинҳонкори иҷозат медиҳад ва фошкунии сирри давлатиро истисно менамояд, талаб кунад. Агар талаби ӯ дар бораи додани маълумотҳои хостааш, рад карда шавад, ё агар шахси мазкур чунин шуморад, ки маълумоти пурра ба вай дода нашудааст, ӯ метавонад тибқи тартиби муайяншуда шикоят кунад. Дар ҷараёни баррасии парванда вазифаи исботи асоснокии дода нашудани маълумот ба ин шахс, аз ҷумла дар ҳаҷми пурра ба зиммаи мақоми дахлдоре гузошта мешавад, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамояд.

4. Ба мақсади таъмини баррасии пурра ва ҳаматарафаи парванда мақоми фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амаликунанда, ӯҳдадор аст бо талаби прокурори ваколатдор ё судяи ваколатдор (минбаъд прокурор ё судя, агар таври дигар зикр нашуда бошад), ҳуҷҷатҳои оперативи-хизматиро диҳад, ба истиснои маълумот оид ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ҷойгир карда шудаанд, дар бораи кормандони махфии штатии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва шахсоне, ки дар асоси махфи ба онҳо мусоидат мекунанд, ки онҳо дорои маълумоте мебошанд, ки барои додани онҳо ба аризадиҳанда рад карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535).

5. Дар ҳолати беасос дониста шудани қарори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи оид ба радди додани маълумоти зарури ба аризадиҳанда прокурор ё судя метавонад мақоми зикршударо вазифадор созад, ки ба аризадиҳанда маълумоти дар қисми сеюми моддаи мазкур нишон додашударо диҳад.

6. Маводи дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷӯӣ бадастомада нисбати шахсоне, ки гуноҳи онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи конун дар содир кардани чиноят исбот нашудааст, шаш моҳ маҳфуз дошта шуда, сипас нобуд карда мешаванд, агар манфиатҳои хизматӣ ё адолати судй нобуд кардани онҳоро талаб накунанд. Фонограммаҳо ва дигар маводи дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо бадастомадаи шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст, дар тӯли шаш моҳ аз лаҳзаи қатъ гардидани гӯш кардан нобуд карда мешаванд ва дар ин хусус протоколи дахлдор тартиб дода мешавад. Ба прокурор ва ё судяи дахлдор се моҳ пеш аз нобуд кардани маводе, ки натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-чустуҷӯиро инъикос менамояду дар асоси қарори прокурор ё судя гузаронида шудаанд, хабарнома фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

7. Ба мақомоте (шахсони мансабдоре), ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи мебаранд, манъ аст:

- гузарондани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ба манфиати ягон ҳизби сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти ё дини;

- иштироки махфи дар кори мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, инчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ба тартиби муқарраршуда ба қайд гирифташуда ва маъннашуда, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва дини бо мақсади таъсир расондан ба фаъолияти онҳо;

- бе розигии шаҳрвандон фош кардани маълумотҳои мансуб ба дахллнопазирии ҳаёти хусуси, сирри шахси ва оилави, шаъну эътибор ва дигар манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи маълум шудаанд, ба ғайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд.

8. Дар сурати аз тарафи мақоме (шахси мансабдоре), ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамояд, вайрон гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқи ва воқеи, мақоми болои, прокурор ё судя вазифадоранд, ки барои барқарор сохтани ин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуни ва ҷуброни зарари расонидашуда мутобиқи қонун чораҳо андешанд.

9. Вайрон кардани ин Қонун ҳангоми амаликунии фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи боиси масъулияти пешбининамудаи қонун мегардад.

10. Ҳангоми бо қарори прокурор норози будани шахс ё мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, аз он ҷумла аз рӯи ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 8-9 ин Қонун пешбини шудаанд, онҳо метавонанд ба суд шикоят намоянд.

БОБИ 2. ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152)

Моддаи 6. Чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи

1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чорабиниҳои зерини оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд:

1) пурсиши оперативӣ;

2) ҷамъоварии маълумот;

3) ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ;

4) ҷустуҷӯи шахсӣ;

5) харидории озмоишии оперативӣ;

6) таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳо;

7) назорати оперативӣ;

8) ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва дигар объектҳо;

9) муоинаи оперативии биноҳо, иморатҳо, иншоот, минтақаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт;

10) назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар ва сензураи мукотибаи маҳбусон;

11) гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо;

12) гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа;

13) ҷойгиркунонии оперативӣ;

14) таҳвили назоратшаванда;

15) озмоиши (экспертименти) оперативӣ;

16) таъсиси шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

2. Ба Феҳристи зикршудаи чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи танҳо бо Қонун метавонад тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

3. Дар ҷараёни амали намудани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи аз системаҳои ахбороти, сабтҳои видео ва аудио, кино, суратгири ва ҳамчунин дигар васоити техники, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити атроф зарар надошта бошанд, истифода мешаванд.

4. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба назорати оперативии муросилоти почта, телеграф, иттилооти дигар, гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо бо роҳи васл намудан ба дастгоҳҳои стансияҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилот сарфи назар аз шакли моликияташон, ашхоси воқеи ва ҳуқуқи, ки хизматрасони ва воситаҳои алоқаро бо маълумотҳои аз каналҳои техникии алоқа гирифта пешкаш мекунанд, бо истифода аз воситаҳои оперативию техники ва қувваҳои мақомоти амнияти милли, мақомоти корҳои дохили ва воҳидҳои оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи асноди меъёрии байниидори ё созишномаи байни мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 127, аз 28.07.2006 № 191, аз 5.08.2009 № 535).

5. Шахсони мансабдори мақомоте, ки чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамоянд, вазифаи онро бо роҳи иштироки шахси дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи, бо истифодаи кӯмаки шахсони мансабдор ва мутахассисоне, ки соҳиби донишҳои илми, техники ва дигар донишҳои махсус мебошанд ва ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида, бо ризоияти онҳо, дар асоси ошкоро ва махфи иҷро менамоянд.

6. Ба шахси воқеи ва ҳуқуқи, ки тибқи ҳамин қонун ваколатдор нестанд гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ва истифодабари аз воситаҳои техникии махсус ва дигар воситаҳои барои гирифтани маълумотҳои махфи муқарраркардашуда (кор карда баровардашуда, мувофиқкардашуда, дорои барнома) манъ аст.

7. Иҷозатномадиҳи оид ба коркард, истеҳсол, фурӯш, ба даст овардани воситаҳои махсуси техникии барои гирифтани маълумотҳои махфи таъиншуда бо мақсади фурӯш ва воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот берун аз ҳудуди он ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки барои амали намудани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ваколатдор нестанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152).

8. Феҳристи намудҳои воситаҳои махсуси техники, ки барои ба таври махфи ба даст овардани ахборот дар ҷараёни анҷоми фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи таъин шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

Моддаи 7. Асосҳо барои гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи

1. Барои гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи инҳо асос мебошанд:

1) мавҷудияти парвандаи ҷиноятии оғозёфта;

2) ба мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи амали менамоянд, маълум гардидани иттилоот:

- дар бораи аломатҳои амалиёти ғайриқонунии тайёршудаистода, содиршаванда ё содиршуда, ки қонунгузории ҷинояти пешбини намудааст, инчунин дар бораи шахсе, ки онро тайёр мекунанд, содир мекунанд ё содир карданд, агар барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷинояти далелҳои кофи мавҷуд набошанд;

- дар бораи ҳодисаҳо ва кирдоре, ки ба амнияти давлати, ҳарби, иқтисоди ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд;

- дар бораи шахсе, ки аз мақомоти тафтишоти пешаки, таҳқиқ ва суд пинҳон мешаванд ё аз ҷазои ҷинои саркаши мекунанд;

- дар бораи шахси бе ному нишон гумшуда ва ёфт шудани ҷасадҳои шинохтанашуда;

3) супориши муфаттиш, мақоми таҳқиқ, прокурор ё таъиноти суд аз рӯи парвандаҳои ҷиноии дар истеҳсолоти онҳо буда;

4) дархости мақомоти дигари амаликунандаи фаъолияти оперативиҷустуҷӯи мутобиқи асосҳои дар моддаи мазкур зикрёфта;

5) қарор дар бораи истифодаи чораҳои амнияти нисбати шахсони ҳифзшаванда, ки аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдоршуда тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон анҷом дода мешавад;

6) дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152).

2. Мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро анҷом медиҳанд инчунин ҳуқуқ доранд, ки дар доираи салоҳияти хеш ҷиҳати қабули қарор оид ба масоили зайл маълумот ҷамъовари намоянд:

1) иҷозат додан барои дастрас намудани маълумоти дорои сирри давлати;

2) иҷозат додан ба корҳое, ки бо истифодабарии объектҳои барои ҳаёт ва саломатии мардум, инчунин муҳити атроф дорои хатари зиёд мебошанд;

3) иҷозат додан барои иштирок дар фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва ё рухсат ба ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни амали шудани он дастрас шудаанд;

4) дар бораи муқаррар намудан ё муносибатҳои ҳамкори доштан бо шахс, ҳангоми тайёр кардан ва гузаронидани чораҳои оперативи-ҷустуҷӯи.

5) дар бораи таъмини амнияти мақомоти ҳимояшаванда, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамоянд;

6) дар бораи дода шудани иҷозат барои фаъолияти детективии хусуси ва посбони.

Моддаи 8. Шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи

1. Шаҳрванди, миллат, ҷинс, ҷои зиндаги, вазъи амволи, вазифави ва иҷтимои, мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъияти, муносибат ба дин ва эътиқоди сиёсии шахсони алоҳида наметавонад барои амали намудани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи нисбати онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

2. Гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро, шаҳрвандони хориҷиро ва шахсони бетабааро ба махфияти мукотиба, гуфтугӯҳои телефони, ахбороти почта, телеграф ё дигар ахбороте, ки бо воситаи шабакаҳои электрики ва алоқаи почта дода мешаванд, инчунин ҳуқуқи дахлнопазирии маизилро маҳдуд мекунанд, дар асоси иҷозати прокурор ё карори суд дар сурати ва мавҷуд будани маълумоти зайл роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191):

1. маълумот дар бораи аломатҳои кирдори ғайриқонунии тайёршудаистода, содиршаванда ё содиршуда, ки нисбати он гузаронидани тафтиши пешаки ҳатмист;

2. маълумот дар бораи шахсоне, ки амали ғайриқонуниро тайёр мекунанд, содир мекунанд ё содир кардаанд ва нисбати он гузаронидани тафтиши пешаки ҳатмист;

3. маълумот дар бораи ҳодиса ё кирдоре, ки ба амнияти давлати, ҳарби, иқтисоди ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.

Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки метавонанд боиси ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин гарданд, инчунин дар мавриди мавҷуд будани маълумот дар бораи ҳодиса ва кирдоре, ки ба амнияти давлати, ҳарби, иқтисоди ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикисгон таҳдид мекунанд, дар асоси қарори асосноки яке аз роҳбарони мақоме, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали мегардонад, чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯии пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкурро бо ҳатман огоҳ намудани прокурори дахлдор дар давоми 24 соат гузаронад. Дар давоми 48 соат аз лаҳзаи оғози гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи, мақоми амаликунандаи он ӯҳдадор аст, дар бораи гузаронидани чунин чорабинии оперативи-ҷустуҷӯи иҷозати прокурорро гирад ё гузаронидани онро қатъ намояд.

3. Дар ҳолати ба миён омадани хатар ба ҳаёт, саломати ва моликияти шахси алоҳида мувофиқи ариза ва ё ризоияти хаттии онҳо ва дар асоси қарори аз тарафи роҳбари мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи тасдиқшуда иҷозат дода мешавад, ки гуфтугӯҳои телефонии онҳо гӯш карда шавад ва он бояд дар ҷараёни 24 соат ба прокурори дахлдор хабар дода шавад.

4. Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳо танҳо нисбати он шахсоне раво дида мешавад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин, нисбати шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур метавонанд маълумот дошта бошанд. Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва ё дигар гуфтушунидҳо ба даст оварда шудаанд, дар намуди мӯҳрнокшуда, дар шароите, ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гӯш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

5. Ҳангоми оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсе, ки гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар гуфтушунидҳои ӯ мутобиқи қонуни мазкур гӯш карда мешаванд, фонограмма ва навиштаҷоти сабти гуфтугӯҳо ба муфаттиш барои ҳамроҳ кардан ба парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳои шайъӣ дода ё ирсол карда мешаванд. Тартиби минбаъдаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

6. Харидории озмоишии оперативӣ ё таҳвили назоратшавандаи ашё, модаҳо ва маҳсулот, ки фурӯши озодонаи онҳо манъ аст ё муомилоти онҳо маҳдуд аст, инчунин озмоиши (эксперименти) оперативи ё ҷойгиркунонии оперативии шахсони мансабдори мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали мекунанд, ҳамчунин шахсоне, ки ба онҳо кумак мерасонанд, дар асоси қарори тасдиқкардаи роҳбари мақоме, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро ба амал мебарорад, гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191, аз 5.08.2009 № 535).

7. Гузарондани озмоиши (эксперименти) оперативӣ танҳо бо мақсади ошкор намудан, огоҳонидан ва фош кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, инчунин бо мақсади ошкор ва муқаррар кардани шахсс, ки ҷиноятро тайёр ва содир мекунад ё содир кардааст, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535).

8. Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 1-4 ва 6 қисми дуюми моддаи 7 ҳамин Қонун истифодаи амалиёти дар бандҳои 8-11 қисми якуми моддаи 6 ҳамин Қонун нишондодашуда манъ аст.

9. Чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯии таъминкунандаи амнияти мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали мекунанд, мутобиқи ҳамин Қонун ва маҳз дар доираи ваколатҳои тавассути қонун муқарраркардаи ин мақомот гузаронда мешаванд. Аз рӯи асосҳои пешбиникардаи банди 5 қисми дуюми моддаи 7 ҳамин Қонун амалиёти дар бандҳои 9-12 қисми якуми моддаи 6 ҳамин Қонун зикршуда дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии шаҳрванд бе иҷозати прокурор гузаронида шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

Моддаи 9. Асосҳо ва тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи

1. Баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба махфияти мукотиба, гуфтугӯи телефони, иттилооти почта, телеграф ва дигар иттилооте, ки тавассути шабакаи электрики ва алоқаи почта дода мешавад, дахлнопазирии манзил ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи аз ҷониби прокурор чун қоида дар ҷои гузарондани чунин чорабиниҳо ё дар маҳали ҷойгиршавии мақоме, ки гузарондани онҳоро дархост намудааст, сурат мегирад. Маводҳои номбурдаро прокурор шахсан ва бетаъхир дида мебарояд. Прокурор ҳақ надорад, ки баррасии чунин маводро дар ҳолати пешниҳод шудани онҳо рад намояд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

2. Асос барои аз ҷониби прокурор ҳал намудани масъалаи гузарондани чорабинии оперативи-ҷустуҷӯи, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми 1-уми ҳамин модда нишон додашудаи шаҳрвандонро маҳдуд мегардонад, қарори далелноки яке аз роҳбарони мақоме мебошад, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро ба амал мебарорад. Рӯйхати категорияи чунин роҳбаронро санадҳои меъёрии идорави муқаррар менамоянд.

3. Бо талаби прокурор ба ӯ метавонанд инчунин дигар маводе, ки ба далели гузарондани чорабинии оперативи-ҷустуҷӯи дахл мекунанд, пешниҳод карда шаванд, ба истиснои маълумот дар бораи шахси ба гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ҷойгиркардашуда, кормандони махфии штатии мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали мегардонанд ва дар бораи шахсе, ки дар асоси пинҳони ба онҳо кӯмак мерасонанд, дар бораи ташкил ва тактикаи гузарондани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

4. Аз рӯи натиҷаи баррасии маводи мазкур прокурор ба гузарондани чорабинии дахлдори оперативи-ҷустуҷӯи иҷозат медиҳад, ки он ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудааст, маҳдуд мегардонад ё гузарондани онро рад мекунад ва дар ин бора қарори асоснок мебарорад. Қарори бо мӯҳр тасдиқ карда шуда, дар як вақт бо баргардонидани маводи пешниҳодшуда ба ташаббускори гузарондани чорабинии оперативи-ҷустуҷӯи супорида мешавад.

5. Мӯҳлати амали қарори қабулкардаи прокурор аз рӯзи баровардани он, бо шабонарӯз ҳисоб карда мешавад ва аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад, агар дар худи қарор тартиби дигар нишон дода нашуда бошад. Ҳамзамон ҷараёни мӯҳлат қатъ намегардад. Дар сурати зарурати дароз кардани мӯҳлати амали қарор прокурор дар асоси маводи нав пешниҳодшуда қарори нав мебарорад.

6. Дар сурати аз ҷониби прокурор рад намудани гузарондани чорабинии оперативи-ҷустуҷӯие, ки ҳуқуқҳои конститутсионии дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашудаи шаҳрвандонро маҳдуд мекунад, мақоме, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамояд, ҳақ дорад доир ба ин масъала ба прокурори болои ё ба суд муроҷиат кунад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

7. Шахсони мутасаддии мақомоти прокуратура, суд барои ҳифзи маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳои оперативии хизматии пешниҳодкардашуда шароит фароҳам меоваранд ва барои гум кардан ва ифшо намудани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

Моддаи 10. Таъминоти ахбороти ва ҳуҷҷати кардани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузоштаи ҳамин Қонун, бо мақсада ҷамъ кардан ва танзим кардани маълумот метавонанд системаи ахбороти барпо намуда, онро истифода баранд, инчунин парвандаҳои баҳисобгирии оперативиро ҷори намоянд.

2. Парвандаҳои баҳисобгирии оперативи дар сурати мавҷуд будани асосҳое, ки бандҳои 1-6 қисми якуми моддаи 7 ҳамин Қонун пешбини кардааст, бо мақсади ҷамъовари ва танзими маълумотҳо, тафтиш ва арзёбии натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, инчунин дар асоси онҳо қабул кардани қарорҳои дахлдор аз ҷониби мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро ба амал мебароранд, ҷори карда мешаванд.

3. Амали ҷори намудани парвандаҳои баҳисобгирии оперативи барои маҳдуд гардондани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиони, инчунин манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд асос шуда наметавонад.

4. Парвандаҳои баҳисобгирии оперативи дар мавридҳои иҷро гардидани вазифаҳои мушаххаси фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, ки моддаи 2 ҳамин Қонун пешбини намудааст, инчунин муқаррар кардани ҳолатҳое, ки дар бораи имконнопазирии объективии иҷрои ин вазифаҳо гувоҳи медиҳанд, қатъ карда мешаванд.

5. Феҳристи баҳисобгирии парвандаҳои оперативи ва тартиби амалигардонии онҳо тавассути асноди меъёрии мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамоянд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 11. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи барои тайёр ва иҷро кардани амалҳои тафтишоти ва суди, гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ҷиҳати ошкор намудан, огоҳонидан, пешгири кардан ва ошкор кардани ҷиноят, фош ва муқаррар намудани шахсоне, ки онҳоро тайёр мекунанд, содир менамоянд ва ё содир намудаанд ва ҳамчунин барои ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз иҷрои ҷазои саркашикарда ва бедарак ғоибшудагон истифода шуда метавонад.

2. Натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи метавонанд барои оғози парвандаи ҷинои ҳамчун сабаб ва асос хизмат кунанд, ба мақоми таҳқиқ, муфаттиш ё суде, ки парвандаи ҷинои дар истеҳсолоташон мебошад, пешниҳод карда шаванд, инчунин барои исбот дар парвандаи ҷиноятӣ тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷамъовари, тафтиш ва баҳодиҳии далелҳоро танзим менамояд, истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

3. Пешниҳоди натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш ё суд дар асоси қарори роҳбари мақоме, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро тибқи тартиби санади меъёрии идори ба амал мебарорад, сурат мегирад.

4. Натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи нисбати шахсони дар бандҳои 1-4 ва 6, қисми дуюми моддаи 7 ҳамин Қонун зикршуда ҳангоми ҳалли масъалаҳо оид ба иҷозати онҳо ба намудҳои фаъолияти нишондодашуда ба назар гирифта мешаванд.

5. Ҳангоми дар парвандаи ҷиноятӣ ба сифати далелҳо истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯӣ оид ба ҳаққонӣ будани онҳо ва ҳолатҳои ба даст овардани ин маълумотҳо шахсони мансабдори мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд, метавонанд пурсиш карда шаванд. Дар ин маврид шахсони мансабдор, ки дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ҷойгир карда шудаанд ва кормандони махфии дар штатбуда, фақат бо розигии хаттии онҳо пурсиш карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

6. Мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ месозанд, мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ройгон пешкаш менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

7. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар ҳудуди як давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сар шуда, дар ҳудуди давлати дигар давом ёфтааст ё ба итмом расидааст, қобили қабул ҳисобида мешаванд, агар онҳо бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда бошанд. Натиҷаҳои ин фаъолият бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

Моддаи 12. Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Маълумот дар бораи қувваҳо, воситаҳо, сарчашмаҳо, усулҳо ва нақшаҳои ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯии махфи истифодашаванда ва истифода шуда ва натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷинои ҷойгиркардашуда, дар бораи кормандони махфии штатии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва дар бораи шахсони ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда, ҳамчунин дар бораи ташкилот ва дар бораи тактикаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи сирри давлати ҳисоб меёбанд ва ошкор кардани онҳо фақат дар асоси қарори роҳбари мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи сурат гирифта метавонад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535, аз 3.12.2009 № 567).

2. Ошкор кардани маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои муташаккили ҷинои ҷойгиркардашуда, дар бораи кормандони махфии штатии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва инчунин дар бораи шахсоне, ки ба онҳо ба таври пинҳонӣ кӯмак мекунанд ё кӯмак кардаанд фақат дар ҳолатҳои истиснои бо розигии хаттии онҳо дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонун мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535, аз 3.12.2009 № 567).

3. Иҷозатномаи прокурор ё қарори суд барои ҳуқуқи гузаронидани чорабинии оперативи-ҷустуҷӯи ва маводе, ки барои қабули чунин қарор асос гардидаанд, танҳо дар мақомоте, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро амали менамоянд, маҳфуз дошта мешаванд.

4. Ҳуҷҷатҳои оперативи-хизмати, ки натиҷаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро инъикос менамоянд, ба мақоми таҳқиқ, муфаттиш, судя, прокурор дигар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи бо тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 28.07.2006 № 191).

БОБИ 3. МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152)

Моддаи 13. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воҳидҳои оперативии мақомоти зерин дода мешавад:

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 253, аз 5.08.2009 № 535).

Моддаи 14. ӯҳдадориҳои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯии дар ин Қонун муайяншуда мақомоти салоҳиятдор ӯҳдадор ҳастанд:

1) дар доираи салоҳияти худ барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, моликият инчуни таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, ки Қонун онҳоро муҳофизат менамоянд, тамоми чораҳои заруриро андешанд;

2) дар доираи салоҳияти худ супоришҳои хаттии мақоми таҳқи муфаттиш, дастури прокурор ва таъиноти судро оид ба гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи аз рӯи парвандаҳои ҷиноие, ки онҳо ба истеҳсолоташон гирифтаанд, иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567);

3) дархости ташкилотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи байналмилали, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷиро тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152);

4) ба мақомоти дигар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро мегузаронанд, оид ба фаъолияти зиддиқонунии ба онҳо маълумшуда, ки ба салоҳияти ин мақомот мансубанд, хабар диҳанд ва ба онҳо кӯмаки зарури расонанд;

5) қоидаҳои пинҳонкориро ҳангоми амали намудани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи риоя намоянд;

6) барои таъмини амният ва муҳофизати амволи кормандони худ, шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ёри мерасонанд, иштирокчиёни мурофиаҳои суди ҷинояти ва инчунин аъзоёни оила ва наздиконашон аз сӯиқасдҳои ҷинояти, мусоидат кунанд.

Моддаи 15. Ҳуқуқи мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативиҷустуҷӯи

1. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳамин Қонун муқарраркардаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи мақомоти салоҳиятдори он ҳуқуқ доранд:

1) чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯии дар моддаи 6 ҳамин Қонун зикршударо, ошкор ва пинҳони гузаронанд ва ҳангоми гузаронидани онҳо ашё, мавод ва ахборотро гиранд, инчунин дар сурати ба амал омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии шахс, инчунин хавфи амнияти давлати, ҳарби, иқтисоди ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии алоқаро қатъ намоянд;

2) муносибатҳои ҳамкории бепул ё пулакиро бо шахсе, ки мехоҳад ба таври махфи ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи кӯмак намоянд, барқарор кунанд;

3) дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи мутобиқи шартнома ва ё мувофиқаи шифоҳи биноҳои хизмати, амволи корхонаҳо, муассиса, ташкилот, қисмҳои низоми ва ҳамчунин биноҳои истиқомати ва ғайриистиқомати, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи шахси алоҳидаро истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152);

4) ба мақсади пинҳонкори ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шахсони мансабдор, мансубияти идоравии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, бино ва воситаҳои нақлиёти мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва ҳамчунин шахсияти шаҳрвандони бо ин мақомот ҳамкории пинҳони доштаро махфи нигоҳ медоранд, истифода баранд;

5) дар асоси дархости дигар мақомоти салоҳиятдор бо тартиби дар Қонун муқарраргардида ва дар доираи ваколати худ якҷоя бо кормандони муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изоляторҳои тафтишоти ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷинояти чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯиро амали менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 30).

2. Иҷрои талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи барои шахсони ҳуқуқи ва воқеи ҳатмист.

3. Иҷро накардани талаботи қонунии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ё монеъ шудан ба татбиқи қонунии он боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Моддаи 16. Ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии ашхоси мансабдори мақомоти амаликунанда фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимоии кормандони он мақомоте, ки онҳо ба штати он шомиланд истифода менамоянд.

2. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки дар корҳои қонунии шахсони мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи дахолат намояд ба истиснои шахсоне, ки бевосита тибқи Қонуни мазкур ваколатдор карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

3. Шахси мансабдоре, ки барои амали намудани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи салоҳият дорад, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи танҳо ба сардори бевосита ва мустақими худ итоат менамояд. Ҳангоми расидани фармон ё дастуре, ки хилофи қонун мебошад, шахси мансабдор ӯҳдадор аст, ки қонунро дастуруламал қарор диҳад.

4. Ҳангоми муҳофизати ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ҳуқуқҳои конститутсиони ва манфиатҳои қонуниашон, инчунин барои таъмини амнияти ҷомеа ва давлат аз сӯиқасдҳои ҷинояткорона, ночор расонидани зарар ба манфиатҳои ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи шахси мансабдори мақоми иҷрокунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ё шахси ба вай мусоидаткунанда ҳангоми иҷрои қонунии вазифаи хизмати ё ҷамъияти мумкин аст.

5. Мӯҳлате, ки шахси мансабдори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи бо супориши махсус дар гурӯҳҳои муташаккили ҷинояти гузаронидааст, инчунин мӯҳлати хизмати онҳо дар вазифаҳои корманди штатии махфии мақомоти мазкур мувофиқи қонун ба собиқаи меҳнат барои таъмини нафақа ҳисоб карда мешавад.

БОБИ 4. КӯМАКИ ШАҲРВАНДОН БА МАҚОМОТИ АМАЛИКУНАНДАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152)

Моддаи 17. Кӯмаки шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Шахсони алоҳида метавонанд бо ризоияти худ барои тайёр намудан ё гузарондани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ҷалб карда шаванд. Дар чунин ҳолат бо хоҳиши онҳо махфияти ҳамкориашон, аз ҷумла дар асоси қарордод, бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи таъмин мегардад. Ин шахсон вазифадоранд, ки маълумоти дар ҷараёни тайёр ё амали намудани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи барояшон маълумшударо махфи нигоҳ доранд ва ҳуқуқ надоранд ба мақомоти мазкур дидаю дониста ахбороти бардуруғ диҳанд.

2. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи метавонанд бо шахсони ба балоғатрасида ва қобилияти кори дошта, сарфи назар аз шаҳрванди, миллат, ҷинс, вазъи иҷтимои, вазифави ва амволи, дараҷаи маълумот, мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъияти, эътиқоди сиёси ва динии онҳо шартнома банданд.

3. Ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти операт иви-ҷустуҷӯи мувофиқи шартнома истифода бурдани кӯмаки пинҳонии вакилон, судҳо, прокуророн ва адвокатҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

Моддаи 18. Ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки ба мақомоти амликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи кӯмак менамоянд

1. Шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи кӯмак менамоянд, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

2. Давлат ба шахсоне, ки розианд ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи мусоидат намоянд, дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон, аз ҷумла ӯҳдадориҳои дар шартнома пешбини шуда, инчунин ҳимояи ҳуқуқии вобаста бо иҷрои вазифаи ҷамъияти ё вазифаҳои дигари ба зиммаашон гузошташуда, кафолат медиҳад.

3. Ҳангоми ба амал омадани хатари таҳдиди воқеии зиддиҳуқуқи ба ҳает, саломати ва ё амволи шахсони алоҳида бинобар кӯмаки онҳо ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ва ҳамчунин аъзои оилаҳои онҳо ва наздиконашон, ин мақомот вазифадоранд, ки барои пешгирии амалиёти зиддиҳуқуқи, муайян намудани гуннаҳкорон чораҳои зарури андешанд ва онҳоро ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намоянд.

4. Шахсе, ки аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи ҷинояткор, кирдори зиддиқонуни содир намудааст ва он боиси оқибати вазнин нагардидааст ва ӯ барои ҳамкори ба мақоми амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҷалб шуда, дар кушодани ҷиноятҳо мусоидат кардааст, зарари расондашударо ҷуброн намудааст ё ба таври дигар қусури зарари расондашударо баровардааст, мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷинояти озод карда мешавад.

5. Шахсоне, ки бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамкори мекунанд ё дар кушодани ҷиноят ё маълум кардани шахсони онҳоро содиркарда ёри мерасонанд, метавонанд бо мукофотпули ё бо пардохтҳои дигар сарфароз гарданд, ки онҳо набояд андозбанд шаванд ва дар декларатсияи даромадҳо нишон дода шаванд.

6. Давраи ҳамкории шаҳрвандон дар асоси қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамчун шуғли асосии онҳо ба собиқаи кориашон ҳамроҳ карда мешавад. Шахсони мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти нафақави ҳуқуқ доранд.

7. Ба мақсади таъмини бехатарии шахсоне, ки тибқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамкори менамоянд ва аъзои оилаашон мувофиқи тартибе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, барои муҳофизати онҳо гузаронидани чорабиниҳои махсус мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

8. Дар сурати ҳалок шудани шахсе, ки дар асоси қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамкори менамуд, вобаста ба иштироки ӯ дар амали намудани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ба оилаи ҷабрдида ва шахси таҳти сарпарастии ӯ қарордошта аз маблағҳои буҷети дахлдор кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи маоши даҳсолаи ҳалокшуда пардохта мешавад ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз даст додани сарпараст нафақа таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.12.2009 № 567).

9. Дар сурати ҳангоми иҷрои чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи захми, маъюб, контузия шудан ё зарари ҷисмони дидани шахсе, ки тибқи қарордод бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамкори менамояд ва дар натиҷа имконияти идомаи ҳамкориро ба мақомоти оперативи-ҷустуҷӯи аз даст медиҳад, ба шахси зикргардида аз маблағҳои буҷети дахлдор кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи маоши панҷсолааш дода мешавад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ӯ нафақаи маъюби таъин мегардад.

БОБИ 5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152)

Моддаи 19. Таъминоти молиявии фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Ба мақомоти давлати, ки воҳидҳои оперативии онҳо барои анҷом додани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ваколатдор шудаанд, аз буҷети давлати маблағ ҷудо карда мешавад, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи роҳбарони ин мақомот харҷ карда мешавад.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракуни ҳақ доранд аз ҳисоби буҷетҳои худ ҳаҷми маблағеро, ки барои мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи дар қаламрави онҳо амалкунанда ҷудо карда мешавад, мустақилона зиёд кунанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152).

3. Назорати хароҷоти маблағе, ки барои фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҷудо карда мешавад, аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлати, ки воҳидҳои оперативии амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ба ҳайати он дохил мешаванд, инчунин намояндагони махсуси ваколатдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ 6. НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВИ-ҶУСТУҶӯИ

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 152)

Моддаи 20. Назорат ба фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

Назорат ба фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои муайяннамудаи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 21. Назорати прокурори ба фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи

1. Назорат ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколаташон сурат мегирад.

2. Бо дархости прокурори ваколатдор бинобар ба прокуратура оиди вайронкунии қонун ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи расидани ҳуҷҷатҳо, маълумотҳо ва муроҷиатномаи шаҳрвандон, ҳамчунин ҳангоми тафтиши тартиби муқарраршудаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи ва қонуни будани қарори зимнан қабулшуда, роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ба прокурори зикршуда ҳуҷҷатҳои оперативи хизматиеро, ки барои гузаронидани ин чорабиниҳо асос шудаанд пешниҳод менамояд.

3. Маълумот дар бораи шахсони ба гурӯҳи муташаккили ҷинои ҷойгиркардашуда ва дар бораи кормандони махфии штатии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ҳамчунин дар бораи шахсони ба ин мақомот ба таври пинҳонӣ кӯмаккунанда ба прокурор танҳо бо розигии хаттии шахсони мазкур, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ҷавобгарии ҷинои кашидани онҳоро талаб мекунанд, пешкаш карда мешавад. Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои гузаронидани фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи ба предмети назорати прокурори дохил намешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 535аз 3.12.2009 № 567).

4. Роҳбарони мақомоти прокуратура барои таъмини ҳифзи маълумотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои оперативи-хизматии ба прокуратура пешниҳодшуда мавҷуданд, шароит муҳайё мекунанд.

Моддаи 22. Назорати идори

Роҳбарони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи, ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯи барои риояи қонуният шахсан масъул мебошанд.

Моддаи 23. Дар бораи аз эътибор соқит дониста шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани ин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994, № 3-4 моддаи 68; 1996, № 3, моддаи 48 (қисми V); 1996 , № 4, моддаи 62 (қисми IV); 1997, № 9, моддаи 117(қисми V) аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов

ш. Душанбе 

 23 май соли 1998 № 651