ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Моддаи 1. Қисми якуми моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, мод. 146; соли 1999, №11, мод. 278; соли 2003, №8, мод. 453; соли 2005, №12, мод. 642; соли 2006, №3, мод. 147; №7, мод. 339) дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба воҳидҳои оперативии мақомоти зерин дода мешавад:
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
12 майи соли 2007 № 253
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустучӯӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
25 апрели соли 2007 № 543
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш.Душанбе
30 апрели соли 2007 № 305
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности"
Статья 1. Часть первую статьи 13 Закона Республики Таджикистан от 23 мая 1998 года "Об оперативно- розыскной деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., № 10, ст. 146; 1999 г., № 11, ст. 278; 2003 г., № 8, ст. 453; 2005 г., № 12, ст. 642; 2006 г., № 3, ст. 147; г., № 7, ст. 339) изложить в следующей редакции:
"Право осуществлять оперативно-розыскную деятельность на территории Республики Таджикистан предоставляется оперативным подразделениям следующих органов:
Министерства внутренних дел Республики Таджикистан;
Министерства обороны Республики Таджикистан;
Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;
Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан;
Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан;
Национальной гвардии Республики Таджикистан;
Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;
Управления исправительных работ Министерства юстиции Республики Таджикистан".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе
12 мая 2007 года № 253
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно- розыскной деятельности"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе,25 апреля 2007 года №543
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 30 апреля 2007 года №305