ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР
Ин Қонун принсипҳои бароҳмонии- муомилоти асъорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳо ва вазифаҳои мақомоти давлатиро дар танзими асъор ва назорати асъор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеиро дар умури соҳиби, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъори, анҷом додани назорати асъор ва ҷавобгари барои вайронкунии қонуни асъор муайян мекунад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун истифода мешаванд, маъниҳои зайл доранд:
1. "Асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон":
а) асъоре, ки дар шакли билетҳои бонкии (пули коғазии) Бонки миллии Тоҷикистон ва тангаҳо дар муомилот қарор дорад ;
б) маблағҳо бо сомони, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуданд .
2. "Коғазҳои қиматнок бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ҳуҷҷатҳои пардохти (чекҳо, векселҳо, аккредитивҳо, супоришот ва ғайра), сарватҳои фонди (саҳмияҳо, вомбаргҳо) ва дигар ӯҳдадориҳои қарзи, ки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд.
3. "Асъори хориҷи":
а) аломатҳои пули дар шакли билетҳои бонк, пули коғази ва тангаҳо, ки дар муомилот қарор доранд ва воситаҳои қонунии пардохт дар давлати дахлдор мебошанд, инчунин аломатҳои пули, ки аз муомилот гирифта шудаанд ё гирифта мешаванду вале қобили ивазкуни ҳастанд;
б) маблағҳое, ки дар ҳисобҳо дар шакли воҳидҳои пулии давлатҳои хориҷи ва воҳидҳои пулии байналхалқи ё воҳидҳои ҳисобу китоб қарор доранд.
4. "Сарватҳои асъори"
а) асъори хориҷи;
б) коғазҳои қиматнок дар шакли асъори хориҷи - ҳуҷҷатҳои пардохт (чекҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайра), сарватҳои фонди (саҳмияҳо, вомбаргҳо) ва дигар ӯҳдадориҳои қарзи, ки дар шакли асъори хориҷи ифода ёфтаанд;
в) фулузоти қиматбаҳо - тилло, нуқра, платина ва фулузоти гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений ва осмий) дар ҳар шакл ва ҳолате, ки бошад ба истиснои маснуоти заргари ва дигар маснуоти маиши, инчунин шикастаи чунин маснуот;
г) сангҳои қиматбаҳои табии - алмос, ёқут, зумуррад, ёқути кабуд ва александрит дар шакли хом ва коркарда, инчунин марворид, ба истиснои маснуоти заргари ва дигар маснуоти маиши аз ин гуна сангҳо ва шикастаи чунин маснуот.
Тартиби ба маснуоти заргари ва дигар маснуоти маиши ва шикастаи чунин маснуот нисбат додани маснуоте, ки аз фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табии сохта шудаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. "Резидентҳо":
а) шахсони воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд, аз ҷумла онҳое, ки муваққатан дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
б) шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, қароргоҳашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст;
в) корхона ва ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқи намебошанду вале мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд;
г) намояндагиҳои дипломати, тиҷорати ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд;
д) филиалҳо ва намояндагиҳои резидентҳои дар зербандҳои "б" ва "в" - и ин банд зикршуда, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
6. "Uайрирезидентҳо":
а) шахсони воқеие, ки ҷои истиқомати доимиашон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад, аз ҷумла онҳое, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
б) шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонуни давлатҳои хориҷи таъсис ёфтаанд ва қароргоҳашон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
в) корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқи набуда, мувофиқи қонуни давлатҳои хориҷи таъсис гардида, қароргоҳашон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад;
г) намояндагиҳои дипломати, тиҷорати ва дигар намояндагиҳои расмии хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;
д) филиалҳо ва намояндагиҳои ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зербандҳои "б" ва "в" - и ин банд зикр шудаанд.
7. "Амалиёти асъори";
а) Амалиёт бо асъори хориҷи:
- иҷрои амалиёт, ки объекти онҳо асъори хориҷи ё талабот ба асъори хориҷи мебошад;
- истифодаи асъори хориҷи ба сифати воситаи пардохт;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани асъори хориҷи.
б) Амалиёти бо коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи:
- додани ҳуқуқ ба асъори хориҷие, ки бо коғази қиматнок бо асъори хориҷи тасдиқ ёфтааст, аз ҷумла ба соҳиби нахустин;
- барои нигаҳдори, супоридан ё қабул намудани коғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- супоридан ё қабул намудани коғази қиматнок бо асъори хориҷи ба идораи эътимоднок;
- бозпардохти коғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- додани ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи, бо роҳи анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматноки маҳсули ва воситаҳои молияви (фючерсҳо, опсионҳо ва ғайра);
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани коғази қиматнок бо асъори хориҷи;
- амалиёти дигар бо коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷи.
в) Амалиёт бо фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои табии, коғазҳои қиматнок, ки арзишашон ба фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд:
- амалиёте, ки ба гузариши ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигар ба фулузоту сангҳои қиматбаҳо ё коғазҳои қиматнок , ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд, вобастаанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва ирсол кардан, ҳамчунин аз Чумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол кардани фулузоту сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд;
- амалиёти дигар бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ки арзишашон бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ифода ёфтаанд, ё бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо таъмин шудаанд .
8. Амалиёти асъор ба амалиёти ҷории асъор ва амалиёти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя тақсим мешаванд ;
9. Амалиёти ҷории асъори:
а) интиқол ва пардохт бо асъори хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоббаробаркуниҳои содирот ва воридоти мол, кор ва хизматрасони (аз ҷумла, дар соҳаҳои туризм, тиб ва маориф), инчунин барои ҳисоббаробаркуниҳои ба кори механизмҳои кӯтоҳмуддати бонки ва қарзи вобаста буда;
б) интиқол ва пардохти фоизҳо, суди саҳмия (дивидент) ва даромадҳои дигар аз рӯи пасандозҳо, маблағгузориҳо, кредитҳо ва амалиёти дигар, ки бо ҳаракати сармоя вобаста аст, аз ҷумла пардохти маблағҳои маҳдуд ба ҳисоби бозпардохти қарзҳо ё ба ҳисоби истеҳлоки сармоягузориҳои мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) интиқол ва пардохтҳои дорои хусусияти ғайритиҷорати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла интиқол ва пардохти музди меҳнат, нафақа, алимент, мерос, маблағҳои маҳдуд барои хароҷоти ҷории оилаҳо, инчунин дигар амалиёти ба ин монанд .
10. Ҳамаи дигар амалиёти асъор, ки ба амалиёти ҷории асъор дохил нестанд, амалиёти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя мебошанд .
11. "Бозори дохилии асъор" - бозорест, ки аз бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор, нуқтаҳои мубодилаи асъори ва биржаҳои асъор иборат аст , .
12. Бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар - "бонкҳо ва ташкилотҳои кредитии дигар, ки амалиёт бо асъори хориҷиро дар асоси иҷозатнома анҷом медиҳанд .
13. Нуқтаҳои мубодила (ё бюро) муассисаҳои мубодилавии бонкҳои ваколатдор, дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор ва шахсони воқеи мебошанд, ки дар онҳо бевосита амалиёти мубодилави бо асъори нақдинаи хориҷи гузаронида мешаванд. Тартиби кушодани нуқтаҳои мубодила (ё бюро) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
14. "СПОТ - қурби ивазкуни" - қурби ивазкунии пул мебошад, ки аз рӯи он асъори хориҷи аз тарафи бонки ваколатдор барои фавран ё дар давоми ду рӯзи харидан фурӯхта мешавад, ҳамчунин ҳисоббаробаркуние, ки бо роҳи пардохти фаври дар давоми ҳамин мӯҳлат бо пули нақд ё дигар воситаҳо сурат мегирад.
ФАСЛИ II. ТАНЗИМИ АСЪОР
Моддаи 2. Ҳифзи асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳисобу китоби байни резидентҳо ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдуд сурат мегирад.
2. Тартиби гирифтану истифода бурдани асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ғайрирезидентҳо тавассути Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
3. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва фиристодани асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматноке, ки ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, инчунин овардан ва фиристодани асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бо тартибе, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сурат мегирад , а.
4. Аҳдҳое, ки хилофи талаботи Қонуни мазкур баста шудаанд, беэътибор мебошанд. Шахсоне, ки чунин аҳдҳоро мебанданд, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд ..
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои асъори
1. Сарватҳои асъори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам моликияти резидентҳо ва ҳам моликияти ғайрирезидентҳо буда метавонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликият ба сарватҳои асъори дар баробари ҳуқуқи моликият ба дигар объектҳои моликият аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад.
Сарсатри сеюми банди 1 моддаи 3 хориҷ карда шуд ..
2. Тартиби муомилот бо фулузоти қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табии, инчунин марворид аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 4. Бозори дохилии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Резидентҳо ҳуқуқ доранд ба тартибе, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян намудааст, дар бозори дохилии асъор бе маҳдудият асъори нақд ё ғайринақдии хориҷиро бихаранд ва бифурӯшанд .
2. Хариду фурӯши асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои кредитии ваколатдор ва нуқтаҳои мубодилаи, ҳамчунин ба воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амали карда мешавад , .
Банди сеюм хориҷ карда шуд ..
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба мақсади танзими бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои мавқеъҳои кушодани бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои кредитии дигарро муқаррар менамояд ва амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷиро мегузаронад .
Моддаи 5. Ҳисобҳои резидентҳо бо асъори хориҷи
1. Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор ба асъори хориҷи ҳисобҳо дошта бошанд.
Асъори хориҷие, ки корхонаҳо (ташкилотҳо) - резидентҳо ба даст меоваранд, ҳатман ба ҳисоби онҳо дар бонкҳои ваколатдор гузаронида мешавад, ба шарте, ки Бонки милли таври дигар муқаррар накарда бошад.
2. Резидентҳо вазифадоранд, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон амонату ҳисобҳоеро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд, қайд кунонанд .
3. Тартиби аз тарафи бонки ваколатдор ба асъори хориҷи кушодан ва нигоҳ доштани ҳисобҳои резидентҳоро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 6. Муомилоти асъори резидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муомилоти ҷории асъор ва ҳамаи пардохтҳои вобаста ба онҳо аз тарафи резидентҳо бе маҳдудият амали карда мешаванд.
2. Муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя аз тарафи резидентҳо ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амали карда мешаванд.
3. Резидентҳо дар ҳолати риояи қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд бе маҳдудият сарватҳои асъориро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ва ирсол намоянд.
4. Тартиби ташкили захираҳои давлатии асъориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Шахсони воқеи-резидентҳо дар ҳолати риояи қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд дар ҳудуде, ки дар эъломия ё санади дигари тасдиқкунандаи интиқол, ворид ё ирсоли сарватҳои асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, сарватҳои асъори қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол шударо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ё ирсол намоянд.
6. Тартиби аз тарафи резидентҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва ирсол намудани сарватҳои асъорро ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 5 ҳамин модда нишон дода шудаанд Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ,.
Моддаи 7. Ҳисобҳои ғайрирезидентҳо ба асъори хориҷи ва асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Uайрирезидентҳо метавонанд ба асъори хориҷи ва асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои ваколатдор ҳисоб дошта бошанд.
2. Тартиби аз тарафи бонкҳои ваколатдор ба асъори хориҷи ва асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодан ва нигоҳ доштани ҳисобҳоро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 8. Муомилоти асъории ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муомилоти ҷории асъор ва ҳамаи пардохтҳои вобаста ба онҳо аз тарафи ғайрирезидентҳо бе маҳдудият амали карда мешаванд.
2. Муомилоти асъори вобаста ба ҳаракати сармоя аз тарафи ғайрирезидентҳо ба тартибе амали карда мешаванд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Uайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдудият асъори хориҷи бифурӯшанд ва бихаранд.
4. Uайрирезидентҳо дар ҳолати риоя намудани қоидаҳои гумруки ҳуқуқ доранд сарватҳои асъориро бемамониат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ва ирсол намоянд, агар ин сарватҳои асъори қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол шуда бошанд ё дар асоси дар банди 3 ҳамин модда нишондодашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори шуда бошанд ва дар дигар ҳолатҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Тартиби аз тарафи гайрирезидентҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ва ирсол намудани сарватҳои асъориро, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 4 ҳамин модда нишон дода шудааст Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд , .
Моддаи 9. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи асъор
1. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми асосии танзимкунандаи асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
2. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ин Қонун корҳои зайлро анҷом медиҳад :
а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа ва тартиби муомилаи асъори хориҷи ва қоғазҳои қиматнокро ба асъори хориҷи муайян мекунад;
б) санадҳои меъёрие мебарорад, ки иҷрояшон аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад;
в) ҳама гуна муомилоти асъорро анҷом медиҳад ;
г) қоидаҳои аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани амалиёти асъори хориҷи ва коғазҳои қиматнокро ба асъори хориҷи, инчунин қоидаҳои аз тарафи ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани амалиёти асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматнокро ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад;
д) тартиби ҳатман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан, ворид намудан ва фиристодани асъори хориҷи ва коғазҳои қиматнокро ба асъори хориҷи, ки ба резидентҳо тааллуқ дорад, инчунин ҳолатҳо ва шартҳои ба асъори хориҷи аз тарафи резидентҳо дар бонкҳои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани ҳисобҳоро муқаррар мекунад;
е) тартиби махсуси иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷиро муайян менамояд ;
ж) шаклҳои ягонаи ҳисобу китоб, ҳуҷҷатҳо ва омори амалиёти асъориро, аз ҷумла аз тарафи бонкҳои ваколатдор, инчунин тартиб ва мӯҳлати пешниҳод кардани онҳоро муқаррар мекунад;
з) омори амалиёти асъори ва баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи стандартҳои қабулгардидаи байнибонки таҳия ва нашр мекунад;
и) қурби расмии асъори хориҷиро нисбати асъори милли ба мақсадҳои баҳисобгири ва пардохтҳои гумруки дар асоси СПОТ - қурби ивазкунии бозори ва дигар қурбҳои бозори муайян ва эълон менамояд;
к) вазифаҳои дигареро, ки дар ин Қонун пешбини гардидаанд, иҷро менамояд.
ФAСЛИ III. НАЗОРАТИ АСЪОР
Моддаи 10. Мақсад ва самти назорати асъор
1. Мақсади назорати асъор таъмини риояи қонунгузории асъор, гумрук ва андоз ҳангоми аз тарафи резидент ва ғайрирезидентҳо анҷом додани амалиёти асъори мебошад .
2. Самтҳои асосии назорати асъор аз инҳо иборат аст:
а) муайян кардан мувофиқати амалиёти асъори бо Қонуни мавҷуда ва мавҷудияти иҷозатномаи зарури барои он;
б) санҷиш ва таъмини аз тарафи резидентҳо иҷро гаштани ӯҳдадориҳо доир ба пурра баргардонидани маблағҳои асъории содироти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
в) тафтиши асоснокии пардохтҳо бо асъори хориҷи;
г) тафтиши пурраги ва объективи будани ҳисобу китоб оид ба амалиёти асъори, инчунин оид ба амалиёти ғайрирезидентҳо ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
д) санҷиши иҷрои шартҳои литсензия, ки ба бонкҳои ваколатдор ва ташкилотҳои моливии ғайрибонкии ваколатдори дигар ва иҷозатнома, ки ба шахсони ҳуқуқию воқеи барои анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷи дода шудаанд .
Моддаи 11. Мақомот ва намояндаҳои назорати асъор
1. Назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорати асъор ва намояндаҳои онҳо ба тартибе, ки ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амали карда мешавад .
2. Мақомоти назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мебошанд .
3. Намояндаҳои назорати асъор, бонкҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Намояндаҳои назорати асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботдиҳандаанд .
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомот ва намояндаҳои назорати асъор
1. Мақомоти назорати асъор дар ҳудуди салоҳиятҳои худ санадҳои меъёри мебароранд, ки иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назорати асъор дар ҳудуди салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, корҳои зайлро анҷом медиҳад :
а) аз тарафи бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар анҷом додани амалиёти бонки ва амалиёти дигар бо сарватҳои асъор, ба мутобиқати ин амалиёт ба қонунгузории асъор ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор, назорати асъорро ҷори менамояд ;
б) аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеи анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷи мувофиқи иҷозатномаҳо ба ҳуқуқи гузаронидани ин гуна амалиёт, ба мутобиқаи ин амалиёт ба қонунгузории асъор, шартҳои иҷозатнома ва риояи санадҳои меъёрии мақомоти танзим ва назорати асъор, назорати асъорро ҷори менамояд ;
в) аз тарафи бонкҳои ваколатдор иҷро шудани функсияҳои намояндаҳои назорати асъорро назорат менамояд .
3. Бонкҳои ваколатдор, ҳамчун намояндаҳои назорати асъор аз болои амалиёти бонки ва амалиёти дигар бо сарватҳои асъори, ки аз тарафи мизоҷони бонк- резидент ва ғайрирезидентҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ба мутобиқаи ин амалиёт ба қонунгузории асъор, санадҳои меъёрии мақомоти танзими асъор ва назорати асъор, шартҳои иҷозатномаҳо бевосита назорати асъор ҷори менамоянд .
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз болои аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо гузаронида шудани амалиёти асъор назорати асъор ҷори менамоянд, ба истиснои назорати асъор, ба амалиёте, ки дар зербанди " а)" банди 2 ҳамин модда нишон дода шудаанд , .
5. Мақомоти назорати асъор тартиб ва шакли ҳисобу китоб ва ҳуҷҷатҳои оид ба амалиёти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро муайян мекунанд .
Моддаи 13. Ҳуқуқ ва вазифаҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо
1. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъори доранд, инчунин ғайрирезидентҳо, ки асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматнокро ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон муомила мекунанд, ҳуқуқ доранд:
а) бо актҳои тафтишоте, ки аз тарафи мақомот ва намояндаҳои назорати асъор гузаронида шудаанд, шинос шаванд;
б) нисбати амали намояндаҳои назорати асъор ба мақомоти дахлдори назорати асъор, инчунин аз амали мақомоти назорати асъор ба тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, шикоят кунанд;
в) ба дигар ҳуқуқҳое, ки бо Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.
2. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъори мекунанд, инчунин ғайрирезидентҳое, ки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коғазҳои қиматнок ба шакли асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёт мекунанд, вазифадоранд:
а) бо мақомот ва намояндаҳои назорати асъор ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дархостшавандаро оид ба амалиёти асъор пешниҳод кунанд;
б) ба мақомот ва намояндаҳои назорати асъор дар бораи рафти тафтишоте, ки мебаранд, инчунин аз рӯи натиҷаҳои онҳо баёнот диҳанд;
в) дар сурати ба фактҳои акти тафтиши аз тарафи мақомот ва намояндаҳои назорати асъор гузаронидашуда рози набудан, дар бораи сабаби имзо накардани чунин акт тавзеҳоти хатти пешниҳод намоянд;
г) оид ба амалиёти асъор ҳисобу китоб баранд ва ҳифзи онҳоро камаш панҷ сол таъмин намоянд;
д) талаботи (дастури) мақомоти назорати асъорро барои бартараф намудани камбудиҳо иҷро кунанд;
е) вазифаҳои дигареро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намоянд.
Моддаи 14. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни асъор
1. Резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳое, ки нуқтаҳои моддаҳои 2 - 8 ин Қонунро вайрон кардаанд, ба чунин ҷавобгари кашида мешаванд;
а) ба ҳисоби давлат ситонидани тамоми даромад аз муомилоте, ки ин Қонун ғайриқонуни ҳисоб мекунад;
б) ба фоидаи давлат ситонидани он маблағе, ки беасос, на аз рӯи муомила, балки дар натиҷаи амали ғайриқонуни ба даст оварда шудааст.
2. Резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо барои надоштани ҳисобу китоби амалиёти асъор, бурдани ҳисобу амалиёти асъор хилофи тартиби муқарраршуда, пешниҳод накардан ё дар вақташ пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ахборот ба мақомот ва намояндаҳои назорати асъор мувофиқи банди 2 моддаи 13 ин Қонун дар ҳудуди маблағе, ки ба ҳисоб гирифта нашудааст; бояду шояд ба ҳисоб гирифта нашудааст ё оид ба он ҳуҷҷат ва маълумот ба тартиби муқарраршуда пешниҳод карда нашудааст, мавриди ҷарима қарор дода мешаванд. Тартиби ба ҷавобгари кашидан, дар ҳолатҳое, ки дар ин банд пешбини шудааст, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо дигар мақомоти назорати асъор мувофиқи қонун муқаррар карда мешаванд .
3. Дар сурати такроран вайрон кардани қоидаҳои дар ин модда зикршуда, инчунин барои иҷро накардан ё бояду шояд иҷро накардани дастурҳои мақомоти назорати асъор резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор ва ғайрирезидентҳо ба чунин ҷавобгари кашида мешаванд:
а) ба фоидаи давлат ситонидани маблағе, ки дар банди 1 - уми ин модда зикр шудааст, инчунин ҷаримаҳо дар ҳудуди андозаи панҷкаратаи ин маблағ, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди дигар мақомоти назорати асъор ва мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ;
б) боздоштани амал ё маҳрум кардани резидентҳо, ба шумули бонкҳои ваколатдор, ё ғайрирезидентҳо ва иҷозатномаҳое, ки мақомоти назорати асъор додаанд;
в) татбиқи ҷаримаҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
4. Ситонидани маблағи ҷаримаи дар ин модда зикршуда ва ҷаримаҳои дигар аз тарафи мақомоти назорати асъор, аз ҷумла бо пешниҳоди агентҳои назорати асъор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
5. Шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқи - резидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор ва шахсони ҳуқуқи - ғайрирезидентҳо, инчунин шахсони воқеи, ки ба вайрон кардани қонуни асъор айбдоранд, мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои, маъмури ва шаҳрвандию ҳуқуқи кашида мешаванд.
Моддаи 15. Ҳуқуқу вазифаҳои шахсони мансабдор, мақомот ва намояндаҳои назорати асъор, масъулияти онҳо
1. Шахсони мансабдори мақомот ва намояндаҳои назорати асъор дар ҳудуди салоҳияте, ки ин мақомот доранд, ҳуқуқ доранд, ки:
а) ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба иҷрои назорати асъорро тафтиш намоянд, оид ба масъалаҳое, ки ҳангоми тафтишҳо ба миён меоянд, баёнот, справка ва маълумот гиранд, инчунин ҳуҷҷатҳоеро, ки аз хилофкориҳо дар соҳаи қонуни асъор шаҳодат медиҳанд, мусодира кунанд;
б) ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар зербанди "а" ҳамин модда зикрёфта, тибқи тартиби бо қонун муқарраршуда амалиётҳоро аз рӯи ҳисобҳое, ки дар бонкҳои ваколатдор мавҷуданд, боздоранд ;
в) амали резидентҳоро боздоранд ё резидентҳоро, ба шумули бонкҳои ваколатдор, инчунин ғарирезидентҳоро аз иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи иҷрои амалиёти асъори маҳрум созанд ;
г) ваколатҳои дигареро, ки бо Қонун пешбини шудаанд, анҷом диҳанд.
2. Мақомот ва намояндаҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо бояд сирри тиҷоратии резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи назорати асъор барояшон маълум гардидааст, пӯшида нигоҳ доранд.
3. Мақомоти назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо дар сурати бояду шояд иҷро накардани вазифаҳояшон ба тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ба ҷавобгари кашида шуда метавонанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 112