×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 № 343 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Санаи амалкуни: 03.07.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1339 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 582, аз 21.11.2006 № 208, аз 30.07.2007 № 302, аз 29.12.2010 № 643, аз 03.07.2012 № 837)

Қонуни мазкур тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, таҳсилот, вазъи иҷтимои ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлати ва ҷамъияти иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амали намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837):

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;

- барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208);

- Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Дастурамали коргузори бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд (Қонун № 582 аз 21.05.98c.)

Моддаи 1 (1). Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон - таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, паҳн мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643аз 03.07.2012 № 837).

Моддаи 1 (2). Қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахрвандон

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 2. Намудҳои муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.

Таклифҳо - муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти хокимияти давлати ё идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Аризаҳо - муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амали намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837).

Шикоятҳо - муроҷиатҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамали ё бо қарорҳои мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208аз 03.07.2012 № 837).

Муроҷиатҳо инфиродӣ ё дастҷамъона буда, метавонанд дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худи муроҷиаткунанда ё ҳимояи ҳуқуқҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837).

Муроҷиатҳо инфироди ё дастаҷамъона буда метавонанд, ки дар шакли шифоҳӣ ё хатти пешниҳод мегарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шахси инчунин ҳуқуқи дигар шахсон ва ташкилотҳои дигар равона карда мешаванд, агар қонун таври дигар пешбини накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз29.12.2010 № 643).

Моддаи 2 (1). Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва баррасӣ карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.

Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳӣ дода, дар мавриди санҷиши иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасаддӣ оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд.

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рӯзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қонун хабардор карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 3. Шикояту аризаҳои такрори ва дуюмбора

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Ҳамон шикоят ё аризаи шаҳрванд такрори ҳисобида мешавад, ки вай аз қарори аз рӯи шикоят ё аризаи якумаш ба ҳамон як мақом оиди як масъалаи қабулшуда рози набошад.

Ҳамон шикоят ё аризае шикояту аризаи дуюмбора ҳисобида мешавад, ки оиди як масъала буда, то гирифтани ҷавоб ба шикоят ё аризаи якум фиристода шудааст.

Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои санҷиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 4. Додани ариза ва шикоят

Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад. Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад.

Шикоят ва ариза ба мақоми болои, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақом ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад дода мешавад.

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 5. Талаботе, ки нисбати муроҷиатҳо пешниҳод мегардад.

Дар муроҷиат бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гардида, ба он имзо гузошта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837).

Муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ин маълумотҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, инчунин бе имзо мебошанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837).

Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора муаллифони онҳо хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди барраси қарор гиранд, қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.

Моддаи 6. Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд

Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунҳо дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мавриди барраси қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми пешниҳоди шикоят

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837)

Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208):

- шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро санҷиш менамояд, баён кунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643);

- бо материалҳои санҷиш бо риояи талаботи моддаи 11-уми ҳамин Қонун шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643);

- маводҳои иловаги пешниҳод кунад ё аз тарафи мақоми баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208);

- аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода барад;

- дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят бо забони давлатӣ ва ё забони муоширати байни миллатҳо ҷавоби хатти гирад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837);

- ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаб намояд.

- дар сурати розӣ набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 8. Амали мақомоте (шахсони мансабдоре), ки нисбати онҳо мувофиқи Қонуни мазкур шикоят карда мешавад

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643)

Ба амалҳо, қарорҳои мақомоти давлати, иттиҳодияҳо, корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки нисбати онҳо ҳуқуқ ба тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд муроҷиат кардан мумкин аст, амалҳои коллегиали ва инфиродӣ, қарорҳо тааллуқ доранд, ки дар натиҷаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208):

- шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амали намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузори додааст, ғайриқонуни маҳрум карда шудааст;

- ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонуни вазифае гузошта шудааст ё вай ғайриқонуни ба ҷавобгари кашида шудааст.

Мувофиқи Қонуни мазкур беамалии мақомот ва шахсони мансабдор, яъне иҷро накардани амалҳое низ метавонад мавриди шикоят қарор гирад, ки онҳо мебоист ба манфиати шаҳрванд анҷом медоданд ва метавонистанд анҷом диҳанд, вале иҷро накардани онҳо боиси оқибатҳое шудааст, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 8 (1). Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Мӯҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се сол аз рӯзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рӯзе, ки чунин вайронкунӣ ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 9. ӯҳдадориҳои мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оиди баррасии муроҷиатҳо

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643)

Мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд:

- мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон санҷиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун барраси намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои санҷиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хатти хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо зикри сабабҳои радкуни, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд расонида мешавад.

Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 10. Манъи таъқиби шаҳрвандон барои муроҷиаташон ва маҷбур кардани онҳо барои иштирок дар амалиёти ҳимояи муроҷиатҳо

Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Ҳеҷ касро барои иштирок кардан ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур мумкин нест.

Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузори ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 11. Манъи ошкорсозии маълумоте, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо маълум гардидаанд

Ҳангоми баррасии муроҷиатҳо аз тарафи кормандони мақомоти давлати ё иттиҳодяҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ошкорсозии дигар маълумотҳое, ки сирри тавассути қонун ҳифзшавандаи давлати мебошанд ё маълумоти дигар, ки боиси поймолкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, мумкин нест. Инчунин аниқ намудани маълумот дар бораи шахсияти шаҳрванд, ки он ба муроҷиат дахл надорад манъ аст. Бе розигии шаҳрванд ошкор намудани ягон маълумоте, ки ба шахсияти вай тааллуқ дорад раво нест (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 12. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз барраси мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани санҷиши махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловаги ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақоми дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметвонад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 13. Қабули шахсии шаҳрвандон

Вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ӯҳдадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Шаҳрвандон мунтазам дар рӯзҳо ва соатҳои муқарраршуда рӯзҳои қабул карда мешаванд.

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Дар сурати то охир баррасӣ нашудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 14. Ҷавобгари барои риоя накардани Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Кормандони мақомоти давлати, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъияти сарфи назар аз шакли моликият ки:

- барои ғайриқонуни рад кардани баррасии муроҷиатҳо:

- барои бе сабабҳои узрнок риоя накардани мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо;

- барои қабул кардани қарори беасоси хилофи Қонун;

- барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 15. Ҷуброни зиёне, ки бинобар риоя накардани талаботи Қонун ба шаҳрванд ҳангоми баррасии ариза ва шикоят расонида шудааст

Дар мавриди қонеъкунонии ариза ва шикоят мақоме (ташкилоте, ки аз рӯи онҳо қарори ғайриқонуни қабул кардааст, зиёни расонида шударо вобаста ба додани ариза ва шикоят ва баррасии он, ба шумули маблағи боҷи давлати, хароҷоти иштирок дар баррасии шикоят, ки бо талаби мақоми дахлдор сурат гирифтааст ва музди миёнаи меҳнат дар ин муддат аздастрафтаро ҷуброн мекунад. Баҳси оид ба ситонидани пули хароҷот ба тартиби суди барраси карда мешавад.

Ба шаҳрванд мувофиқи хоҳишаш ва ба тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавие, ки бинобар амал (беамалӣ) ё қарори ғайриқонунии мақом ё шахси мансабдор ҳангоми баррасии шикоят ё аризааш расонида шудааст, метавонад ҷуброн карда шавад. Андозаи ҷуброни зиёни маънави дар ифодаи пули аз тарафи суд муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои додани аризаю шикоятҳои тӯҳматангез, тахқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона шудаанд

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837)

Шаҳрванд барои додани аризаю шикоятҳои тӯҳматангез, тахқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, махалгароӣ ё динӣ равона шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 837).

Моддаи 17. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба санҷиши ариза ва шикоятҳое, ки дорои маълумоти бардуруғ мебошанд

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643)

Хароҷоте, ки аз тарафи мақоми давлати ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вобаста ба санҷиши ариза ва шикоятҳои дорои маълумоти бардуруғ сурат гирифтааст, бо қарори суд аз рӯёнида шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 18. Назорат ба риояи талаботи қонунгузори дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Назоратро ба риояи талаботи қонунгузори дар бораи муроҷиати шаҳрвандон мақомоти ҳокимияти давлати, инчунин вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъияти нисбати корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои тобеашон таъмин менамоянд.

Моддаи 19. Назорати прокурори ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад.

Моддаи 20. Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти байнидавлатӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Шаҳрванд ҳақ дорад дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мақомоти байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд, агар ҳамаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дохилидавлатӣ пурра истифода шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов

ш. Душанбе 

 14 декабри соли 1996 № 343

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 582, аз 21.11.2006 № 208, аз 30.07.2007 № 302, аз 29.12.2010 № 643)

Қонуни мазкур тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, таҳсилот, вазъи иҷтимои ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлати ва ҷамъияти иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амали намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;

барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208);

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Дастурамали коргузори бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд (Қонун № 582 аз 21.05.98c.)

Моддаи 1 (1). Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон - таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, паҳн мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 1 (2). Қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахрвандон

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 2. Намудҳои муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.

Таклифҳо - муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти хокимияти давлати ё идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Аризаҳо - муроҷиатномаҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амали намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.

Шикоятҳо - муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамали ё бо қарорҳои мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Муроҷиатҳо инфироди ё дастаҷамъона буда метавонанд, ки дар шакли шифоҳӣ ё хатти пешниҳод мегарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шахси инчунин ҳуқуқи дигар шахсон ва ташкилотҳои дигар равона карда мешаванд, агар қонун таври дигар пешбини накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз29.12.2010 № 643).

Моддаи 2 (1). Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва баррасӣ карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.

Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳӣ дода, дар мавриди санҷиши иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасаддӣ оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд.

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рӯзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қонун хабардор карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 3. Шикояту аризаҳои такрори ва дуюмбора

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Ҳамон шикоят ё аризаи шаҳрванд такрори ҳисобида мешавад, ки вай аз қарори аз рӯи шикоят ё аризаи якумаш ба ҳамон як мақом оиди як масъалаи қабулшуда рози набошад.

Ҳамон шикоят ё аризае шикояту аризаи дуюмбора ҳисобида мешавад, ки оиди як масъала буда, то гирифтани ҷавоб ба шикоят ё аризаи якум фиристода шудааст.

Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои санҷиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 4. Додани ариза ва шикоят

Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад. Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад.

Шикоят ва ариза ба мақоми болои, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақом ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад дода мешавад.

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 5. Талаботе, ки нисбати муроҷиатҳо пешниҳод мегардад.

Дар муроҷиат бояд фамилия, ном, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гарданд.

Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора муаллифони онҳо хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208), аз 29.12.2010 № 643).

Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди барраси қарор гиранд, қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.

Моддаи 6. Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд

Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунҳо дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мавриди барраси қарор дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми додани шикоят

Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208):

шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро санҷиш менамояд, баён кунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643);

бо материалҳои санҷиш бо риояи талаботи моддаи 11-уми ҳамин Қонун шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643);

маводҳои иловаги пешниҳод кунад ё аз тарафи мақоми баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208);

аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода барад;

дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят ҷавоби хатти гирад;

ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаб намояд.

дар сурати розӣ набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 8. Амали мақомоте (шахсони мансабдоре), ки нисбати онҳо мувофиқи Қонуни мазкур шикоят карда мешавад

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643)

Ба амалҳо, қарорҳои мақомоти давлати, иттиҳодияҳо, корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки нисбати онҳо ҳуқуқ ба тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд муроҷиат кардан мумкин аст, амалҳои коллегиали ва инфиродӣ, қарорҳо тааллуқ доранд, ки дар натиҷаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208):

шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амали намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузори додааст, ғайриқонуни маҳрум карда шудааст;

ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонуни вазифае гузошта шудааст ё вай ғайриқонуни ба ҷавобгари кашида шудааст.

Мувофиқи Қонуни мазкур беамалии мақомот ва шахсони мансабдор, яъне иҷро накардани амалҳое низ метавонад мавриди шикоят қарор гирад, ки онҳо мебоист ба манфиати шаҳрванд анҷом медоданд ва метавонистанд анҷом диҳанд, вале иҷро накардани онҳо боиси оқибатҳое шудааст, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 8 (1). Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо

(Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208)

Мӯҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се сол аз рӯзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рӯзе, ки чунин вайронкунӣ ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 9. ӯҳдадориҳои мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оиди баррасии муроҷиатҳо

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643)

Мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд:

мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон санҷиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун барраси намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои санҷиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хатти хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо зикри сабабҳои радкуни, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд расонида мешавад.

Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208, аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 10. Манъи таъқиби шаҳрвандон барои муроҷиаташон ва маҷбур кардани онҳо барои иштирок дар амалиёти ҳимояи муроҷиатҳо

Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Ҳеҷ касро барои иштирок кардан ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур мумкин нест.

Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузори ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 11. Манъи ошкорсозии маълумоте, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо маълум гардидаанд

Ҳангоми баррасии муроҷиатҳо аз тарафи кормандони мақомоти давлати ё иттиҳодяҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ошкорсозии дигар маълумотҳое, ки сирри тавассути қонун ҳифзшавандаи давлати мебошанд ё маълумоти дигар, ки боиси поймолкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, мумкин нест. Инчунин аниқ намудани маълумот дар бораи шахсияти шаҳрванд, ки он ба муроҷиат дахл надорад манъ аст. Бе розигии шаҳрванд ошкор намудани ягон маълумоте, ки ба шахсияти вай тааллуқ дорад раво нест (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 12. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз барраси мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани санҷиши махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловаги ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақоми дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметвонад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 13. Қабули шахсии шаҳрвандон

Вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ӯҳдадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Шаҳрвандон мунтазам дар рӯзҳо ва соатҳои муқарраршуда рӯзҳои қабул карда мешаванд.

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Дар сурати то охир баррасӣ нашудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 14. Ҷавобгари барои риоя накардани Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Кормандони мақомоти давлати, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъияти сарфи назар аз шакли моликият ки:

барои ғайриқонуни рад кардани баррасии муроҷиатҳо:

барои бе сабабҳои узрнок риоя накардани мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо;

барои қабул кардани қарори беасоси хилофи Қонун;

барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.11.2006 № 208).

Моддаи 15. Ҷуброни зиёне, ки бинобар риоя накардани талаботи Қонун ба шаҳрванд ҳангоми баррасии ариза ва шикоят расонида шудааст

Дар мавриди қонеъкунонии ариза ва шикоят мақоме (ташкилоте, ки аз рӯи онҳо қарори ғайриқонуни қабул кардааст, зиёни расонида шударо вобаста ба додани ариза ва шикоят ва баррасии он, ба шумули маблағи боҷи давлати, хароҷоти иштирок дар баррасии шикоят, ки бо талаби мақоми дахлдор сурат гирифтааст ва музди миёнаи меҳнат дар ин муддат аздастрафтаро ҷуброн мекунад. Баҳси оид ба ситонидани пули хароҷот ба тартиби суди барраси карда мешавад.

Ба шаҳрванд мувофиқи хоҳишаш ва ба тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавие, ки бинобар амал (беамалӣ) ё қарори ғайриқонунии мақом ё шахси мансабдор ҳангоми баррасии шикоят ё аризааш расонида шудааст, метавонад ҷуброн карда шавад. Андозаи ҷуброни зиёни маънави дар ифодаи пули аз тарафи суд муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 643).

Моддаи 16. Ҷавобгари барои додани аризаву шикоятҳои дорои хусусиятҳои зиддиқонуни

Шаҳрванд барои додани ариза ва шикояти туҳматангез ва таҳқиромез, инчунин даъват ба низоми милли, дини ва амалҳои дигаре, ки мавриди ҷазои ҷинои қарор мегиранд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои кашида мешавад.