Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, № 837 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 368; с. 1998, №10, мод. 79; с. 2006, №11, мод. 469; с. 2007, №7, мод. 666; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 805) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.

2. Ба қисми сеюми моддаи 1 баъд аз калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад.

3. Дар моддаи 1(1) калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ" ба калимаҳои "Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 2:

- дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаи "муроҷиатномаҳои" ба калимаи "муроҷиатҳои" иваз карда шавад;

- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муроҷиатҳо инфиродӣ ё дастҷамъона буда, метавонанд дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худи муроҷиаткунанда ё ҳимояи ҳуқуқҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шаванд.".

5. Қисмҳои якум ва дуюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"Дар муроҷиат бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гардида, ба он имзо гузошта шуда бошад.

Муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ин маълумотҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, инчунин бе имзо мебошанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.".

6. Дар моддаи 7:

- дар номи модда калимаҳои "додани шикоят" ба калимаҳои "пешниҳоди шикоят" иваз карда шаванд;

- ба сархати панҷум баъд аз калимаи "шикоят" калимаҳои "бо забони давлатӣ ва ё забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд.

7. Моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои додани аризаю шикоятҳои тӯҳматангез, тахқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона шудаанд

Шаҳрванд барои додани аризаю шикоятҳои тӯҳматангез, тахқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, махалгароӣ ё динӣ равона шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

3 июли соли 2012, № 837

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2012, № 726

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №316

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЩЕНИЯХ ГРАЖДАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1996 года "Об обращениях граждан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №24, ст. 368; 1998 г., №10, ст. 79; 2006 г., №11, ст. 469; 2007 г., №7, ст. 666; 2010 г., №12, ч. 1, ст. 805) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Закона абзацы выделить знаком дефис "-".

2. В статье 1(1) слова "Кодекса Республики Таджикистан об экономическом судопроизводстве" заменить словами "Экономического процессуального кодекса Республики Таджикистан".

3. Часть пятую статьи 2 изложить в следующей редакции: "Обращения, индивидуальные или коллективные, могут быть внесены в устной или письменной форме и направлены на защиту прав обратившегося или прав других физических и юридических лиц.".

4. Части первую и вторую статьи 5 изложить в следующей редакции:

"В обращении должны быть указаны фамилия, имя, отчество, адрес гражданина, существо предложения, заявления или жалобы, и оно должно быть подписано.

Обращения, в которых не указаны фамилия, имя, отчество и данные о местожительстве заявителя, либо эти данные не соответствуют действительности, а также без подписи считаются анонимными и рассмотрению не подлежат.".

5. Абзац пятый статьи 7 после слова "ответ" дополнить словами "на государственном языке или языке межнационального общения".

6. Статью 16 изложить в следующей редакции:

"Статья 16. Ответственность за подачу заявлений и жалоб, содержащих клевету, оскорбления или направленных на возбуждение национальной, расовой, местнической или религиозной вражды

Гражданин за подачу заявлений и жалоб, содержащих клевету, оскорбления или направленных на возбуждение национальной, расовой, местнической или религиозной вражды, привлекается к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статьи 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистана                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 июля 2012 года, № 837

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменении дополнении в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                   Ш. Зухуров

г. Душанбе, 4 апреля 2012 года, №726

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ МИЛЛИ И МаДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  М.Убайдуллоев

г. Душанбе,14 июня 2012 года, №316