Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2006 № 208 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №24, моддаи 368; соли 1998, №10, моддаи 79) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "мақом", "мақоми" ва "мақоме" мутаносибан ба калимаҳои "мақомот", "мақомоти" ва "мақомоте", калимаҳои "мақомоти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 1:

- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.";

- дар қисми дуюм калимаҳои "ақидаи сиёсӣ" ба калимаҳои "мавқеи сиёсӣ" ва калимаи "маълумот" ба калимаи "таҳсилот" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми қисми сеюм калимаи "поймолшудаашон" ба калимаи "вайроншудаашон" иваз карда шавад;

- сархатҳои сеюм ва чоруми қисми сеюм хориҷ карда шаванд;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.";

- қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад.

3. Моддаҳои 1 (1). ва 1(2). дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 1 (1). Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон - таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда мешаванд, паҳн мегардад.

Моддаи 1 (2). Қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахрвандон

Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад,".

4. Дар моддаи 2:

- қисми сеюм хориҷ карда шавад;

- дар қисми шашум калимаи "даҳонакӣ" ба калимаи "шифоҳӣ" иваз карда шавад;

- қисмҳои чорум, панҷум, шашум мувофиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум ҳисобида шаванд.

5.Дар қисмҳои дуюм ва панҷуми моддаи 2, қисми сеюми моддаи 5, моддаи 7 ва қисми чоруми моддаи 13 баъд аз калимаи "ташкилотҳо" калимаҳои "сарфи назар аз шакли моликият" илова карда шаванд.

6. Моддаи 2 (1). бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2 (1). Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва баррасӣ карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.

Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳӣ дода, дар мавриди санҷиши иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасаддӣ оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд.

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рӯзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта шуда, таҳти назорат гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қонун хабардор карда мешаванд.".

7. Дар моддаи 3:

- дар номи модда баъд аз калимаи "такрорӣ" калимаҳои "ва дуюмбора" илова карда шаванд;

- қисми сеюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои тафтиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад.".

8. Қисми сеюми моддаи 4 хориҷ карда шавад.

9. Қисми дуюми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.".

10. Ба моддаи 7 сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"дар сурати розӣ набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд.".

11. Дар матни моддаҳои 7 ва 12 калимаи "материалҳои" ба калимаи "маводҳои" иваз карда шавад.

12. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаи "фардӣ" бо калимаи "инфиродӣ" иваз карда шавад.

13. Моддаи 8 (1). дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 8 (1). Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо

Мӯҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд.

Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се сол аз рӯзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рӯзе, ки чунин вайронкунӣ ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд.".

14. Дар моддаи 9:

- дар сархати қисми якум калимаҳои "ва дуюмбора такроран" ба калимаҳои "ё такроран ва дуюмбора" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "саривакт" калимаҳои "дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун" илова карда шавад;

-қисми сеюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад.".

15. Ҷумлаи якуми моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад.".

16. Дар моддаи 13;

- қисми сеюм хориҷ карда шавад;

- қисми чорум қисми сеюм ҳисобида шавад;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар сурати то охир баррасӣ нашудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.".

17. Сархати чоруми қисми якуми моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

18. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 20. Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти байнидавлатӣ

Шаҳрванд ҳақ дорад дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мақомоти байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд, агар ҳамаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дохилидавлатӣ пурра истифода шуда бошанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 21 ноябри соли 2006 № 208

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 14 декабря 1996 года "Об обращениях граждан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 год, № 24, статья 368; 1998 год, № 10, статья 79) следующие изменения и дополнения:

1. В тексте Закона слова "государственные органы" заменить словами "органы государственной власти, местные органы государственной власти, органы местного самоуправления".

2. В статье 1:

- часть первую изложить в следующей редакции:

"В соответствии с Конституцией Республики Таджикистан граждане вправе лично или вместе с другими, или через своих уполномоченных представителей в порядке, установленном настоящим Законом, обращаться в органы государственной власти, местные органы государственной власти, органы местного самоуправления и к должностным лицам, в общественные объединения, предприятия, учреждения и организации, независимо от форм собственности, в компетенцию которых входит разрешение поставленных в обращениях вопросов.";

- абзацы третий и четвертый части третьей исключить;

- дополнить частью четвертой следующего содержания:

"Иностранные граждане и лица без гражданства вправе в порядке, предусмотренном настоящим Законом, обращаться в органы государственной власти, местные органы государственной власти, органы местного самоуправления и к должностным лицам, в общественные объединения, предприятия, учреждения и организаций, независимо от форм собственности, в компетенцию которых входит разрешение поставленных в обращениях вопросов. Обращения иностранных граждан и лиц без гражданства рассматриваются в порядке, установленном настоящим Законом, если иное не предусмотрено международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан.";

- часть четвёртую считать частью пятой.

3. Дополнить статьями 1(1) и 1(2) следующего содержания:

"Статья 1(1). Сфера действия настоящего Закона

Действие настоящего Закона распространяется на все обращения граждан - предложения, заявления и жалобы, за исключением обращений, рассматриваемых в соответствии с требованиями Гражданского процессуального кодекса Республики Таджикистан, Хозяйственного процессуального кодекса Республики Таджикистан, Уголовного процессуального кодекса Республики Таджикистан и Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях.

Статья 1(2). Законодательство об обращениях граждан Законодательство Республики Таджикистан об обращениях граждан основывается на Конституции Республики Таджикистан, состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международно-правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.".

4. В статье 2:

- часть третью исключить;

- части четвертую, пятую и шестую соответственно считать частями третьей, четвертой и пятой.

5. В частях второй и пятой статьи 2, части третьей статьи 5, статье 7 и в части четвертой статьи 13 после слов "организаций", "организациям", "организацию" и "организациях" дополнить словами "независимо от форм собственности".

6. Дополнить статьей 2(1) следующего содержания:

"Статья 2(1). Устные обращения граждан.

Устные обращения граждан регистрируются и рассматриваются в тех случаях, если личность заявителя известна и установлена.

На устные обращения граждан даётся устный ответ, а в случае необходимости дополнительной проверки изложенных в них фактов должностные лица могут в пределах своей компетенции давать соответствующие распоряжения уполномоченным лицам по рассмотрению обращений.

Устные обращения граждан регистрируются в день обращения, ставятся на контроль и о результатах их рассмотрения заинтересованные лица оповещаются в порядке, установленном настоящим Законом.".

7. В статье 3:

- в названии статьи после слова "Повторные" добавить слова "и вторичные";

- дополнить частью третьей следующего содержания:

"Повторная жалоба или заявление граждан в один орган, в которых не приводятся новые доводы или вновь открывшиеся обстоятельства, рассмотрению не подлежат, если по ним имеются результаты исчерпывающих проверок, и гражданам полностью даны ответы в порядке, установленном настоящим Законом.".

Часть третью статьи 4 исключить.

8. Часть вторую статьи 5 изложить в следующей редакции: "Обращения, в которых не указаны фамилия, имя, отчество и данные о местожительстве заявителя, либо они не соответствуют действительности, считаются анонимными и рассмотрению не подлежат.".

10. Статью 7 дополнить седьмым абзацем следующего содержания:

"в случае несогласия с принятым решением жаловаться в судебные органы.".

11. Дополнить статьей 8(1) следующего содержания:

"Статья 8(1). Сроки направления обращений

Сроки направления предложений и заявлений гражданами в органы государственной власти, местные органы государственной власти, органы местного самоуправления, должностные лица, общественные объединения, предприятия, учреждения и организации, независимо от форм собственности, не ограничены.

Жалобы могут быть направлены гражданами в соответствующие органы не позднее трех лет со дня нарушения их законных прав и интересов или со дня, когда стало известно о них.".

12.В статье 9:

- в абзаце части первой слова "вторичных и повторных" заменить словами "повторных или вторичных", после слова "своевременно" дополнить словами "в сроке, установленном настоящим Законом";

- дополнить частью третьей следующего содержания:

"Ответственность за организацию работы с обращениями граждан возлагается на руководителей органов государственной власти, местных органов государственной власти, органов местного самоуправления, должностные лица, общественных объединений, предприятий, учреждений и организаций, независимо от форм собственности.".

13. Первое предложение статьи 11 изложить в следующей редакции:

"При рассмотрении обращений граждан работниками органов государственной власти, местными органами государственной власти, органов местного самоуправления, должностными лицами, общественными объединениями, предприятиями, учреждениями и организациями, независимо от форм собственности, не допускается разглашение сведений, составляющих государственную либо иную охраняемую законом тайну, или другой информации о личной жизни граждан, а также другой информации, если это ущемляет права и законные интересы граждан.".

14. В статье 13:

- часть третью исключить;

- часть четвертую считать частью третьей;

- дополнить частью четвертой следующего содержания:

"В случае, если вопрос, изложенный в письменной и устной форме, не может быть решен компетентным лицом во время личного приема, его рассмотрение осуществляется в порядке, установленном настоящим Законом.".

15. Абзац четвертый части первой статьи 14 изложить в следующей редакции:

"в разглашении сведений, составляющих государственную или иную тайну, либо охраняемой законом информации о личной жизни граждан, а также другой информации, если это ущемляет права и законные интересы граждан, привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

16. Статью 20 изложить в следующей редакции:

"Статья 20. Обращения граждан в межгосударственные органы Гражданин вправе в соответствии с международно-правовыми актами, признанными Таджикистаном, обращаться в межгосударственные органы по защите прав и свобод человека, если исчерпаны все имеющиеся внутригосударственные средства правовой защиты.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Э. Рахмонов

г.Душанбе

 21 ноября 2006 года № 208

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                            С.ХАЙРУЛЛОЕВ

г. Душанбе,25 октября № 377

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обращениях граждан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                М.Убайдуллоев

г.Душанбе,15 ноября 2006 года №237