Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонз 26 августи соли 2026, № 560 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалигардонии Нақшаи мазкурро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 1 феврал ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола оид ба рафти амалигардонии Нақшаи мазкур то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Банди 32 Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №224 «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«32. Амалисозии Барнома аз ду марҳила иборат аст:

- марҳилаи якум солҳои 2024-2026;

- марҳилаи дуюм солҳои 2027-2028.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 августи соли 2026, № 560


...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Плане действий Программы безопасности продовольственной продукции Республики Таджикистан на 2024-2028 годы в 2027-2028 годах

В соответствии со  статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить План действий Программы безопасности продовольственной продукции Республики Таджикистан на 2024-2028 годы в 2027-2028 годах (прилагается).

2.Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить реализацию настоящего Плана и по результатам ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Комитет продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан.

3.Комитету продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящего Плана.

4.Пункт 32 Программы безопасности продовольственной продукции Республики Таджикистан на 2024-2028 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2024 года, №224 «О Программе безопасности продовольственной продукции Республики Таджикистан на 2024-2028», изложить в следующей редакции:

«32. Реализация Программы состоит из двух этапов:

- первый этап - 2024-2026 годы;

- второй этап - 2027-2028 годы.».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 августа 2026 года, № 560 
Утвержден
...