Фармоиши Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2025 № 1/15 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, №1/56"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми январи соли 2026-ум, №1320.1 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, №1/56
180.080.040.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,


ФАРМОИШ     МЕДИҲАМ:


1. Ба Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, №1/56 «Дар бораи муқаррар кардани реҷаи махсуси танзимӣ оид ба амалисозии лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми январи соли 2025-ум, №1320 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бандҳои 2(1), 2(2) ва 2(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«2(1). Ҳангоми амалисозии лоиҳаи озмоишӣ баъзе меъёрҳои қонунгузорӣ, ки ба муҳтавои лоиҳаи озмоишӣ алоқаманд мебошанд, (моддаи 279 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 3) қисми 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», банди 10) қисми 1 моддаи 33, моддаҳои 78 ва 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 4, 9 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ») ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба самти хизматрасониҳои давлатӣ алоқаманданд, аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор қисман маҳдуд карда мешаванд.

2(2). Хизматрасониҳои давлатие, ки тариқи лоиҳаи озмоишӣ пурра ба таври худкор дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ «khizmat.ehukumat.tj» пешниҳод мешаванд, бидуни ҳузури намояндаи ваколатдори хизматрасонанда дар марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ сурат мегиранд. Номгӯйи хизматрасониҳои давлатие, ки тариқи лоиҳаи озмоишӣ пурра ба таври худкор дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ «khizmat.ehukumat.tj» пешниҳод мешаванд, аз ҷониби танзимгари ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ бо пешниҳоди татбиқкунандаи лоиҳаи озмоишӣ муайян карда мешавад.

...