Дар
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз
7 январи соли 2025 ба қайдидавлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1320
АГЕНТИИ
ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ
НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи муқаррар кардани реҷаи махсуси танзимӣ оид ба амалисозии
лоиҳаи
озмоишӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ
180.080.040.
Мутобиқи бандҳои 7 ва 9 замимаи 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли
2024, №798 «Дар бораи масъалаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», банди 27 Тартиби
пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, №367 тасдиқ шудааст ва банди 10 Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ реҷаи махсуси танзимӣ муқаррар гардида, он аз 1 феврали соли
2025 амалӣ карда шавад.
2. Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Хизматрасониҳои давлатӣ, ки дар давраи реҷаи махсуси танзимӣ амалӣ карда мешавад, марҳила
ба марҳила
тавассути лоиҳаҳои озмоишӣ роҳандозӣ мегардад.
4. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ барои дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр намудани фармоиши мазкур чораҷӯйӣ намояд.
6. Раёсати танзими ҳукумати электронӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдори вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба амалигардонии фармоиши мазкур ба роҳ монад.
Директори Агентии инноватсия ва
технологияҳои рақамии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон МирзоХуршед
ш. Душанбе, аз 30 декабри соли 2024, № 1/56
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 7 января 2025 года,
регистрационный номер 1320
АГЕНТСТВО ИННОВАЦИЙ И ЦИФРОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
Об установлении специального режима регулирования по реализации пилотногопроекта в сфере государственных услуг
180.080.040.
В соответствии с пунктами 7 и 9 приложения 4 указа Президента Республики Таджикистан от 27 марта 2024 года, № 798 «О вопросах Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан», пунктом 27 Порядка предоставления специального режима регулирования в сфере инноваций и цифровых технологий, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 июня 2024 года, № 367 и пунктом 10 Положения об Агентстве инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Установить специальный режим регулирования в сфере государственных услуг и ввести его в действие с 1 февраля 2025 года.
2. Утвердить Порядок реализации пилотного проекта в сфере государственных услуг (прилагается).
3. Государственные услуги, реализуемые в период особого режима регулирования, будут реализовываться поэтапно посредством пилотных проектов.
4. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
5. Финансово-хозяйственный отдел принять меры по опубликованию настоящего распоряжения в газете «Джумхурият».
6. В установленном порядке управление регулирования электронного правительства во взаимодействии с соответствующими структурными подразделениями министерств и ведомств, исполнительными органами государственной власти регионов и городов провести разъяснительную работу по реализации настоящего расспоряжения.
Директор
Агентства инноваций
и цифровых технологий при
Президенте Республики Таджикистан Мирзо Хуршед
г. Душанбе от 30 декабря 2024 года, №1/56