Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 297 "Дар бораи Нақшаи амал дар солҳои 2026-2027 оид ба амалисозии Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027 ва ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амал дар солҳои 2026-2027 оид ба амалисозии Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027 ва ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Нақшаи амал дар солҳои 2026-2027 оид ба амалисозии Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда дар солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Нақшаи амали мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 31 декабр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Нақшаи амали мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4.Дар банди 24 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481 «Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027» рақам ва калимаҳои «3 марҳила - барои солҳои 2023- 2025, соли 2026 ва соли 2027» ба рақам ва калимаҳои «2 марҳила - барои солҳои 2023-2025 ва 2026-2027» иваз карда шаванд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 297



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий на 2026-2027 годы по реализации Программы реабилитации, адаптации к нормальной жизни, обеспечения занятости и образованием женщин и детей, возвращённых из зон боевых действий, на 2023-2027 годы и внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 сентября 2023 года, №481

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить План действий на 2026-2027 годы по реализации Программы реабилитации, адаптации к нормальной жизни, обеспечения занятости и образованием женщин и детей, возвращённых из зон боевых действий, на 2023- 2027 годы (прилагается).

2. Соответствующим министерствам, ведомствам и исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять меры по реализации настоящего Плана действий и о проведенной работе ежегодно до 31 декабря представлять информацию в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан о ходе реализации настоящего Плана действий ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

4. В пункте 24 приложения 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 27 сентября 2023 года, №481 «О Программе реабилитации, адаптации к нормальной жизни, обеспечения занятости и образованием женщин и детей, возвращённых из зон боевых действий на 2023-2027 годы» цифры и слова «3 этапа - на 2023-2025 годы, на 2026 год и 2027 год» заменить цифрами и словами «2 этапа - на 2023- 2025 и 2026-2027 годы».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №297


...