Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 296 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027


Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири камммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалигардонии Нақшаи мазкурро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 10 январ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни амалигардонии Нақшаи мазкур ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Дар замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, № 296 «Дар бораи Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» тағйироти зерин ворид карда шавад:

- бандҳои 17 ва 21 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

- «17. Барнома дар ду марҳилаи зерин амалӣ гардонида мешавад:

- давраи 1 – солҳои 2023-2025;

- давраи 2 – солҳои 2026-2027.

21. Дар марҳилаи дуюм дар солҳои 2026-2027 33 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи умумии 488 055 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосиру каммасраф барқӣ таъмин мегарданд.».

- банди 22 хориҷ карда шавад.

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий Инвестиционной программы по обеспечению насосных станций Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан современным энергосберегающим оборудованием на 2023-2027 годы в 2026-2027 годах

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» к статьей 56 Закон Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах » Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий Инвестиционной программы по обеспечению насосных станций Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан современным энергосберегающим оборудованием на 2023–2027 годы в 2026-2027 годах (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам совместно с исполнительными органами государственной власти областей и городов и районов обеспечить реализацию настоящего Плана и по результатам ежегодно до 10 января представлять информацию Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан о ходе реализации настоящего Плана ежегодно до 10 февраля представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

4. Внести в приложение 1 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2023, №296 «Об Инвестиционной программе по обеспечению насосных станций Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан современным энергосберегающим оборудованием на 2023-2027 годы» следующие изменения:

- пункты 17 и 21 изложить в следующей редакции:

«17. Реализация Программы осуществляется в следующих двух этапах:

- 1 этап – 2023-2025 годы;

- 2 этап – 2026-2027 годы.

21. Во втором этапе в 2026-2027 годах 33 насосных станций будут оснащены современным и энергосберегающим оборудованием на общую сумму 488 055 тысяч сомони.».

- пункт 22 исключить.

Председатель
...