Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2023, № 296
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2023, № 296
Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026
№ 296)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) бо дарназардошти иваз намудани дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва таҷҳизоти дигари барқию механикии пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти муосиру камасрафи барқӣ таҳия карда шудааст.
2. Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфросохтори обёрӣ барои таъмини устувори истифодабарандагони об бо оби обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа намудани истифодаи неруи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 763,9 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошанд. Тавассути инфросохтори обёрии дар мувозинаи Агентӣ қарордошта, ба 550 ҳазор гектари он дар асоси шартномаи таъмини оби обёрӣ ба истифодабарандагони об аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ хизматрасонӣ карда шуда, боқимонда 213,9 ҳазор гектар тавассути иншоотҳои обёрии дар тавозуни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони дигари об қарор дошта, бо оби полезӣ обёрӣ карда мешаванд.
4. Аз 550 ҳазор гектари заминҳои обёрии хизматрасонӣ 292,2 ҳазор гектари он ё 52,9 фоиз, тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои обёрӣ намудани заминҳои доманакчҳҳо 228 адад пойгоҳҳои обкашии силсилавӣ бо 914 адад дастгоҳҳои обкашӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки обро аз 2 то 7 зина бароварда, 214,7 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд.
5. Дар маҷмуъ дар тавозуни Агентӣ 393 адад пойгоҳҳои обкашӣ бо 1516 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 539 883 метр қубурҳои баландфишор, 247 адад зеристгоҳҳои барқӣ, 1113 адад сулулҳо, инчунин 505 адад чоҳҳои амудӣ мавҷуд мебошанд.
6. Нишондодҳои мазкур ба тариқи зерин тақсим шудаанд:
...