Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2026, № 221 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №51"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №51


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи маблағҳои ҳамасола ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷудошаванда ва маблағҳои грантӣ ҷиҳати амалисозии Нақшаи амали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Нақшаи амали мазкур чораҳои дахлдор андешида, ҳар сол то 1 январ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои он маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои Нақшаи амали мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

5. Банди 39 Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №51 «Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«39. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома ба андозаи 1 миллиарду 225 миллиону 774 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки он аз ҳисоби сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ ва маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷудошаванда амалӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборатанд аз:

- маблағҳои шарикони рушд – 1 миллиарду 211 миллиону 574 ҳазор сомонӣ;

- маблағҳои буҷетӣ – 5 миллиону 150 ҳазор сомонӣ;

- маблағҳои бахши хусусӣ – 9,1 миллион сомонӣ.


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий Программы возобновляемых источников энергии на 2023-2027 годы на 2026-2027 годы и внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2023 года, № 51

В соответствии со статьёй 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий Программы возобновляемых источников энергии на 2023-2027 годы в 2026-2027 годах (прилагается).

2. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Национальной академии наук Таджикистана в рамках ежегодно выделяемых средств Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистана и Национальной академии наук Таджикистана и гранатовых средств принять необходимые меры по реализации настоящего Плана действий.

3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти областей, городов и районов принять соответствующие меры по реализации настоящего Плана действий и ежегодно до 1 января представлять в Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Национальную академию наук Таджикистана информацию об его выполнении.

4. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан и Национальной академии наук Таджикистана ежегодно до 1 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о выполнении настоящей Плана действий.

5. Пункт 39 Программы возобновляемых источников энергии на 2023–2027 годы, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 марта 2023 года, №51 «О Программе возобновляемых источников энергии на 2023–2027 годы», изложить в следующей редакции:

«39. Общая сумма для реализации Программы определена в размере 1 миллиард 225 миллион 774 тысяча сомони, которая будет реализована за счет внутренних и иностранных источников инвестиций и средств государственного бюджета, ежегодно выделяемых Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистана и Национальной академии наук Таджикистана. К основным источникам финансирования Программы относятся:

- средства партнеров по развитию - 1 миллиард 211 миллионов 574 тысячи сомони;

- бюджетные средства – 5 миллионов 150 тысяч сомони;

- средства частного сектора – 9,1 миллиона сомони.»

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
...