Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, № 560 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №308


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) ба бандҳои 10, 18, 25, 36, 48, 59 ва 75 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;

2) дар банди 33 калимаи «воситаҳои» ба калимаи «маблағҳои» иваз карда шавад;

3) банди 60 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«60. Хароҷоти пардохти музди меҳнати роҳбарони илмӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 560




Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнении в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2008 года, №308

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в приложение к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2008 года, №308 «Об утверждении Положение о подготовке научных и научно-педагогических кадров в Республике Таджикистан» следующие изменения и дополнения:

1) абзац четвертый пункта 10 после слова «одного аспиранта» дополнить словами «в безналичной форме»;

2) пункт 18 после слова «подготовку» дополнить словами «в безналичной форме»;

3) пункт 25 после слова «работы» дополнить словами «в безналичной форме»;

4) в пункте 33 слова «средств» заменить словом «денежный»;

5) пункт 36 после слова «докторанта» дополнить словами «в безналичной форме»;

6) пункт 48 после слова «работы» дополнить словами «в безналичной форме»;

7) пункт 59 после слова «разрешается» дополнить словами «в безналичной форме»;

8) пункт 60 изложить в следующей редакции:

«60. Расходы на оплату труда научных руководителей осуществляются за счёт бюджетных или внебюджетных средств учреждений высшего образования и научных учреждений в безналичной форме.»;

9) пункт 75 после слова «производятся» дополнить словами «в безналичной форме».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 31 октября 2025 года №560