Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиб даровардани қоидаҳои қабул ба аспирантура ва докторантура, такмили таҳсил дар аспирантура ва тайёр кардани докторантҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2008 № 308
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Положения о подготовке научных и научно-педагогических кадров в Республике Таджикистан
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" с целью улучшения системы подготовки научных и научно-педагогических кадров в высших учебных заведениях и научных учреждениях Республики Таджикистан, упорядочения приема в аспирантуру и докторантуру, совершенствования обучения в аспирантуре и подготовки докторантов Правительство Республики Таджикистан постановляет;
Утвердить Положение о подготовке научных и научно-педагогических кадров в Республике Таджикистан (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 июля 2008 года № 308
ш. Душанбе