ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 дар солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Амалисозии Стратегияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ пешбинишудаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ, шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳар сол то 10 январ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4.Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалисозии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 сентябри соли 2025, № 515
...