Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 аз 30 сентябри соли 2025, № 515

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2025, № 515

Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 (минбаъд – Стратегия) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 таҳия гардида, барои муайян кардани маҷмуи чорабиниҳо, ки ба динамикаи тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҳаёти кишвар мувофиқанд, бо дарназардошти хусусияту эҳтиёҷоти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, воқеияти иҷтимоию психологии инкишофи онҳо пешбинӣ шудааст.

2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як шахсро ба таҳсил таъмин намуда, дастрасии таҳсилоти ройгонро дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти умумӣ кафолат медиҳад.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фароҳам овардани шароити заруриро барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷиҳати гирифтани таҳсилоти босифат бидуни табъиз, ислоҳи нуқсонҳои инкишоф ва мутобиқшавии иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои барвақтии иҷтимоӣ дар асоси равишҳои махсуси педагогӣ ва воситаҳои муошират ва шароит барои таълимгирандагонро танзим менамояд.

4. Стратегия ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот, фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо пешбинӣ шудааст.

5. Амалисозии Стратегия дастрасӣ ва сифати баланди таҳсилро барои ҳар як хонандаи имконияташ маҳдуд ҷиҳати мутобиқшавӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ, рушди шахсият, худшиносии бомуваффақият дар ҳаёти инфиродӣ, ҷомеа, дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин менамояд.

6. Стратегия ба рушди касбии омӯзгорону мурраббиён ва такмили фаъолияти таълимию методӣ (дастгирии методӣ, такмили ихтисос) мусоидат мекунад.

2.ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ МАВҶУДА

7. Тибқи маълумоти оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 47158 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд мавҷуд буда, аз инҳо 34034 нафарро кӯдакони маъюб (кӯдакони дорои иллатҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, ақлан ќафомонда, узвҳои ҳаракаткунандаашон осебдор, инкишофи равониашон суст) ташкил медиҳад. Таҳлили вазъи омории соҳаи маориф дар ин самт нишон медиҳад:

- тамоюли ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд беҳтар гардидааст;

...
Приложение 1
к постановлению правительства
Республики Таджикистан
от «30» сентября 2025 года, №515

Стратегия инклюзивного образования в Республике Таджикистан на период до 2045 года

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Стратегия инклюзивного образования в Республике Таджикистан на период до 2045 года (далее – Стратегия) разработана на основе Конституции Республики Таджикистан, законов «Об образовании», «О защите прав ребёнка» и Концепции инклюзивного образования в Республике Таджикистан на период до 2045 года. Она направлена на определение комплекса мероприятий, соответствующих социальным, экономическим и политическим изменениям в жизни страны с учётом особенностей и потребностей обучающихся общеобразовательных учреждений, социальной и психологической реальности их развития.

2.Конституция Республики Таджикистан гарантирует право каждого человека на образование и обеспечивает доступность бесплатного образования в государственных общеобразовательных учреждениях.

3.Закон «Об образовании» предусматривает создание необходимых условий для получения качественного образования без дискриминации для детей с ограниченными возможностями, устранения нарушений развития и социальной адаптации, оказания ранней социальной помощи на основе специальных педагогических подходов и средств коммуникации.

4.Стратегия нацелена на улучшение социального положения детей с ограниченными возможностями, устранение барьеров и ограничений в получении образования и обеспечение условий для их стабильной жизни.

5.Реализация Стратегии обеспечивает доступ и высокое качество образования для каждого ребёнка с ограниченными возможностями, способствуя его социальной адаптации и интеграции, личностному развитию, успешной самореализации в личной жизни, обществе, сфере труда и занятости.

6.Стратегия способствует профессиональному развитию учителей и воспитателей, а также совершенствованию учебно-методической деятельности (методическая поддержка, повышение квалификации).

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ И СУЩЕСТВУЮЩИЕ ПРОБЛЕМЫ

7.Согласно статистике в Республике Таджикистан насчитывается 47 158 детей с ограниченными возможностями, из них 34 034 – дети-инвалиды (с нарушениями слуха, зрения, речи, умственного развития, опорно-двигательной системы или задержкой психического развития).

Анализ показывает:

...