Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2025, №1340 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
Бо қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 18 апрели соли 2025,
№ 58тасдиқ шудааст
Дастурамали № 262
оид ба захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд
Дастурамали № 262 оид ба захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд (минбаъд – Дастурамали мазкур) тибқи қисми 1 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон (амонатгузорон) ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ таҳия гардида, тартиби ташкил намудани захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйи пасандозҳо (амонатҳо) ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд (минбаъд - захираҳои ҳатмӣ)-ро, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, муқаррар менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро ифода мекунад.
2. Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- амонат – маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилотҳои қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
- давраи ҳисоботии захираҳои ҳатмӣ – моҳи тақвимӣ, ки аз рӯйи он пойгоҳи захиравӣ барои ташкилоти қарзӣ ҳисоб карда мешавад;
- давраи таъмини захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ – давраи муайяне (28 ва 35 рӯз), ки дар муддати он иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ таъмин карда мешавад;
- маблағи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ – бақияи ҳадди ақали маблағ дар суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта шуда, андозаи он аз меъёри захираҳои ҳатмӣ ва маблағи пасандозҳо (амонатҳо) ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанди ҷалбгардидаи ташкилоти қарзӣ бо пули миллӣ вобастагӣ дорад;
- маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ – маблағe, ки дар суратҳисоби дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ захира карда шуда, андозаи он аз меъёри захираҳои ҳатмӣ ва маблағи пасандозҳо (амонатҳо) ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанди ҷалбгардидаи ташкилоти қарзӣ бо асъори хориҷӣ вобастагӣ дорад;
- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ – меъёрҳои бо фоиз муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ҳисоб намудани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мебошад;
- пасандоз – маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;
- пойгоҳи захиравӣ – ҳаҷми пасандозҳо (амонатҳо) ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанди (ҷойгиркунии муҳлатнок, қарзҳои байнибонкӣ, коғазҳои қимматнок, саҳмияҳо ва ҳисобҳо то маълум шудан) ташкилоти қарзӣ мебошад, ки барои ҳисобкунии маблағи захираҳои ҳатмӣ хизмат мерасонад.
3. Уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ барои иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ аз рӯзи гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ ба вуҷуд меоянд. Дар сурати боздоштани иҷрои баъзе аз амалиётҳои пешбиникардаи иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ, уҳдадориҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ қатъ намегарданд.
4. Ташкилоти қарзӣ иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллиро бо роҳи нигоҳ доштани маблағ дар суратҳисоби муросилотӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудааст, тибқи тақвими захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ таъмин менамояд.
5. Тақвими захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ барои соли оянда ҳамасола то санаи 30 ноябри соли равон тибқи намунаи дар замимаи 1 ба Дастурамали мазкур пешбинишуда аз тарафи Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.
6. Ташкилоти қарзӣ захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷиро бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисоби дахлдор, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳамин мақсад кушода шудааст, ташкил медиҳад.
7. Аз рӯйи маблағҳои пулӣ, ки барои иҷро намудани талаботи захираҳои ҳатмӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, фоиз ҳисоб карда намешавад.
2. ТАРТИБИ ТАШКИЛ НАМУДАНИ ЗАХИРАҲОИ ҲАТМӢ
8. Ташкилоти қарзӣ барои муайян намудани маблағи захираҳои ҳатмӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дар муҳлате, ки барои пешниҳод намудани ҳисобот муқаррар шудааст (ҳангоми рост омадани охирон санаи ҳисоботӣ ба рӯзҳои истироҳатӣ, ҳисобот дар рӯзи аввали кории баъди рӯзҳои истироҳатӣ пешниҳод карда мешавад), ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
- тавозуни тасдиқшуда (ҳаррӯза ва моҳона, тавассути почтаи электронӣ);
- маълумоти ҳаррӯза ва моҳона дар бораи бақияи суратҳисобҳо (дар шакли электронӣ ва низоми электронии муқарраршуда) барои ҳисобкунии маблағи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ тибқи замимаи 2 ба Дастурамали мазкур;
- ҳисобот дар бораи иҷрои меъёри захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ (дар шакли электронӣ ва низоми электронии муқарраршуда) тибқи замимаи 3 ба Дастурамали мазкур;
- тавозуни тасдиқшуда (даҳрӯза ва моҳона, тавассути почтаи электронӣ, ҳисобҳои тавозунӣ бо асъори хориҷӣ);
- маълумоти даҳрӯза ва моҳона дар бораи бақияи суратҳисобҳо (дар шакли электронӣ ва низоми электронии муқарраршуда) барои ҳисобкунии маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ тибқи замимаи 4 ба Дастурамали мазкур;
- ҳисобот дар бораи иҷрои меъёри захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ (дар шакли электронӣ ва низоми электронии муқарраршуда) тибқи замимаи 5 ба Дастурамали мазкур.
9. Барои муайян намудани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ барои ҳар давраи ҳисоботӣ пойгоҳи захиравӣ ҳисоб карда мешавад, ки ба таркиби он бақияҳои суратҳисобҳои тавозунии 20202, 20204, 20212, 20216, 20220, 20226, 20230, 20802, 20806, 20810, 20814, 20862, 22212, 22216, 26214, 26218, 26222, 26226, 26232 дохил карда мешаванд.
10. Уҳдадориҳо аз рӯйи маблағҳои ҷалбгардида тавассути барориши коғазҳои қимматнок бо пули миллӣ ба пойгоҳи захиравӣ дохил карда намешаванд, агар ба шартҳои зерин мувофиқ бошанд:
- муҳлати коғазҳои қимматнок аз санаи барориш то санаи пардохт на кам аз ду солро дар бар гирад;
- пардохти коғази қимматнок наметавонад қисман ё пурра пеш аз санаи пардохт сурат гирад.
11. Маблағи пойгоҳи захиравӣ бо пули миллӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи формулаи қиммати миёна ҳисоб карда мешавад:

ки дар ин ҷо:
P - андозаи пойгоҳи захиравӣ дар давраи ҳисоботӣ;
D1, D2, D3 ва Dn - андозаи пойгоҳи захиравӣ мувофиқан ба рӯзи якум, дуюм, сеюми давраи ҳисоботӣ ва рӯзи охирини давраи ҳисоботӣ ба шумор мераванд;
n – шумораи рӯзҳои тақвимии давраи ҳисоботӣ.
12. Ташкилоти қарзӣ маблағи захираҳои ҳатмиро бо пули миллӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур, мувофиқан ба пойгоҳи захиравӣ бо пули миллӣ ташаккул дода, пурра дар суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ нигоҳ медорад.
13. Бақияи ҳадди ақали маблағи ташкилоти қарзӣ дар суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ҳамчун маблағи иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ ҳисобида шуда, қиммати миёнаи он дар анҷоми давраи таъмини захираҳои ҳатмӣ бояд ба маблағи захираҳои ҳатмӣ баробар ё аз он калон бошад, яъне:

ки дар ин ҷо:
L1, L2, L3, ва Ln – бақияи маблағ дар суратҳисоби муросилотӣ дар рӯзи якум, дуюм, сеюм ва рӯзи охирини давраи таъмини захираҳои ҳатмӣ;
n – шумораи рӯзҳои тақвимии давраи захираҳои ҳатмӣ;
RR – маблағи захираҳои ҳатмӣ мебошанд.
14. Барои муайян намудани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ барои ҳар давраи ҳисоботӣ пойгоҳи захиравӣ ҳисоб карда мешавад, ки ба таркиби он бақияҳои суратҳисобҳои тавозунии 20206, 20208, 20214, 20218, 20222, 20228, 20232, 20864, 26216, 26228 дохил карда мешаванд.
15. Маблағи пойгоҳи захиравӣ бо асъори хориҷӣ аз рӯйи формулаи миёнаи хронологии зерин ҳисоб карда мешавад:

ки дар ин ҷо:
P - андозаи пойгоҳи захиравӣ дар давраи ҳисоботӣ;
D1, D2, D3 ва D4 - андозаи пойгоҳи захиравӣ мувофиқан ба рӯзи якум, ёздаҳум, бисту якуми моҳи ҳисоботӣ ва рӯзи якуми баъди давраи ҳисоботӣ ба шумор меравад.
16. Ташкилоти қарзӣ маблағи захираҳои ҳатмиро бо асъори хориҷӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур, мувофиқан ба пойгоҳи захиравӣ бо асъори хориҷӣ ташаккул дода, пурра ба суратҳисоби зерин дар Бонки миллии Тоҷикистон интиқол медиҳад:
- 20606 - «Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ»;
- 22206 - «Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ».
17. Ташкил намудани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ҳар моҳ, дар рӯзи якуми баъди давраи ҳисоботӣ бо роҳи муқоисаи ҳаҷми маблағи воқеан захирашуда ва маблағе, ки бояд захира карда шавад, амалӣ карда мешавад.
18. Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи ташкилоти қарзиро дар бораи иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ бо андозаи маблағи воқеан захирашуда муқоиса мекунад ва дар сурати мувофиқ будани онҳо талабот иҷрошуда ҳисобида мешавад.
19. Ташкилоти қарзӣ маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷиро бо асъорҳои амалиётии доллари ИМА, евро, рубли русӣ, юани Чин ташкил менамояд.
20. Маблағи захираҳои ҳатмӣ аз рӯйи пасандозҳо (амонатҳо) ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанди бо асъори хориҷии дар банди 19 Дастурамали мазкур зикрнашуда бо доллари ИМА дар суратҳисоби алоҳида ташкил гардида, баргардонидани ин маблағ низ бо доллари ИМА таъмин карда мешавад. Қурби асъори хориҷӣ нисбат ба доллари ИМА ба санаи охири давраи ҳисоботӣ ба назар гирифта мешавад. Фарқият (зиён) – и эҳтимолӣ вобаста ба тағйир ёфтани қурби асъор ба зиммаи ташкилоти қарзӣ гузошта мешавад.
21. Дар сурати норасоии маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ нисбат ба меъёри муқарраршуда, ташкилоти қарзӣ дар давоми ду рӯзи корӣ баъд аз муҳлати ниҳоии муқарраргардидаи пешниҳоди ҳисобот маблағи камомади пулиро пурра ба суратҳисоби дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон интиқол медиҳад.
22. Дар ҳолати барзиёдии маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ нисбат ба меъёри муқарраршуда, Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ҳафт рӯзи корӣ баъд аз муҳлати ниҳоии муқарраргардидаи пешниҳоди ҳисобот маблағи барзиёдро ба суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бармегардонад:
- 20602 - «Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ»;
- 22202 - «Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ бо асъори хориҷӣ».
23. Дар сурати аз тарафи ташкилоти қарзӣ пурра ташкил нагардидани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзӣ ё суратҳисобҳои дигари он дар Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
24. Ҳангоми дар суратҳисоби муросилотии ташкилоти қарзӣ набудани маблағ ё кифоя набудани он, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фарқияти камомад ва барзиёдии маблағи захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзӣ байни суратҳисобҳо ба танзим дароварда мешавад. Дар сурати набудани суратҳисоби муросилотӣ ё мушкилиҳо вобаста ба танзими маблағи захираҳои ҳатмӣ, амалиёти дахлдор тибқи дархости ташкилоти қарзӣ бо пули миллӣ ё асъори хориҷии дигар анҷом дода мешавад.
3. НАЗОРАТИ ИҶРО НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ЗАХИРАҲОИ ҲАТМӢ
25. Санҷиши ташкили дурусти маблағи захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби воҳиди сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
26. Дар сурати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро нагардидани талаботи зерин оид ба меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад нисбат ба ташкилоти қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинишударо татбиқ намояд:
- сари вақт пешниҳод накардани ҳисобот ё носаҳеҳу нопурра пешниҳод кардани ҳисобот;
- нодуруст нигоҳ доштани бақияи маблағ дар суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ дар охири давраи таъмини захираҳои ҳатмӣ;
- сари вақт нагузаронидани маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ ба суратҳисоби дахлдор.
4. ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ЗАХИРАҲОИ ҲАТМӢ ҲАНГОМИ ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
27. Дар сурати бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ, маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои уҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ истифода мешаванд.
5. ТАРТИБИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБИИ ЗАХИРАҲОИ ҲАТМӢ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ
28. Маблағҳои захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳисобҳои тавозунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи банди 16 Дастурамали мазкур ба ҳисоб гирифта мешаванд.
29. Баҳисобгирии муҳосибии (амалиётии) ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ ба таври зерин анҷом дода мешавад:
1) ҳангоми интиқоли маблағи захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон:
- дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ:
№
|
Номи суратҳисоб
|
Дебет
|
Кредит
|
10311
|
Захираҳои ҳатмӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон - асъори хориҷӣ
|
X
|
|
10305
|
Суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии
Тоҷикистон - асъори хориҷӣ
|
|
X
|
- дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ:
№
|
Номи суратҳисоб
|
Дебет
|
Кредит
|
20602
22202
|
Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ
Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ бо асъори хориҷӣ
|
X
X
|
|
20606
22206
|
Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ
Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ
|
|
X
X
|
2) ҳангоми ба ташкилоти қарзӣ баргардонидани маблағи барзиёди захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ:
- дар Бонки миллии Тоҷикистон, ҳангоми баргардонидани маблағи захираҳои ҳатмии бо асъори хориҷӣ ташкилгардида:
№
|
Номи суратҳисоб
|
Дебет
|
Кредит
|
20606
22206
|
Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ
Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ аз рӯйи пасандозҳо ва уҳдадориҳои ба онҳо монанд бо асъори хориҷӣ
|
X
X
|
|
20602
22202
|
Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ бо асъори хориҷӣ
Суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ бо асъори хориҷӣ
|
|
X
X
|
- дар ташкилоти қарзӣ, ҳангоми баргардонидани маблағи захираҳои ҳатмии бо асъори хориҷӣ ташкилгардида:
№
|
Номи суратҳисоб
|
Дебет
|
Кредит
|
10305
|
Суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон - асъори хориҷӣ
|
X
|
|
10311
|
Захираҳои ҳатмӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон - асъори хориҷӣ
|
|
X
|
Ниг. ба замиаҳои 1-5
Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 7 мая 2025 года, №1340.
«Утверждено»
постановлением Правления
Национального банка Таджикистана
от 18 апреля 2025 года,
№58Инструкция №262 об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам
Инструкция № 262 об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам (далее – Инструкция) разработана в соответствии со статьёй 17 Закона Республики Таджикистан “О Национальном банке Таджикистана” с целью защиты прав и интересов вкладчиков (депозиторов) и поддержания на определённом уровне ликвидности кредитных организаций, и устанавливает порядок формирования обязательных резервов кредитных организаций по сбережениям (депозитам) и другим подобным обязательствам (далее – обязательные резервы), депонируемых в Национальном банке Таджикистана.
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Обязательные резервы как один из инструментов осуществления денежно–кредитной политики Национального банка Таджикистана представляют собой механизм регулирования общей ликвидности банковской системы.
2. В настоящей Инструкции используются следующие основные понятия:
- средства обязательных резервов в национальной валюте – депонируемый кредитной организацией минимальный остаток средств на корреспондентском счёте в Национальном банке Таджикистана, размер которого зависит от норматива обязательных резервов и суммы привлечённых сбережений (депозитов) и других подобных им обязательств кредитной организации в национальной валюте;
- средства обязательных резервов в иностранной валюте – зарезервированные кредитной организацией средства в иностранной валюте в соответствующем счёте Национального банка Таджикистана, размер которых зависит от норматива обязательных резервов и суммы привлечённых сбережений (депозитов) и других подобных им обязательств кредитной организации в иностранной валюте;
- депозит - денежные средства и другие ценности физических и юридических лиц, переданные на хранение кредитной организации;
- сбережение - денежные средства, право временного использования, которых предоставлено кредитным организациям на условиях выплаты определённого процента;
- резервная база – объем сбережений (депозитов) и других подобных им обязательств (срочные размещения, межбанковские ссуды, ценные долговые бумаги, акции и счёта до выяснения) кредитной организации, оказывающей услуги для расчёта обязательных резервных требований;
- нормативы обязательных резервов – процентные нормативы, установленные Национальным банком Таджикистана для кредитных организаций в целях расчёта обязательных резервов в национальной и иностранной валютах;
- отчётный период обязательного резервирования – календарный месяц, на который рассчитывается резервная база для кредитной организации;
- период обеспечения обязательного резервирования в национальной валюте – определенный период (28 и 35 дней), в течение которого кредитной организацией обеспечивается выполнение обязательных резервных требований в национальной валюте.
3. Обязательства кредитной организации по выполнению обязательных резервных требований возникают со дня получения лицензии Национального банка Таджикистана на осуществление банковских операций. В случае приостановления осуществления кредитной организацией отдельных операций, предусмотренных лицензией, указанные обязательства за отчётный период не прекращаются.
4. Выполнение обязательных резервных требований в национальной валюте обеспечивается кредитной организацией путём содержания средств на корреспондентском счёте, открытом в Национальном банке Таджикистана, согласно календарю обязательных резервов в национальной валюте.
5. Календарь обязательных резервов в национальной валюте на следующий год утверждается Комитетом по денежно-кредитной политике Национального банка Таджикистана ежегодно до 30 ноября текущего года по форме, указанной в Приложении 1 к данной Инструкции и публикуется на официальном сайте Национального банка Таджикистана.
6. Кредитная организация создаёт обязательные резервы в иностранной валюте путём перевода денежных средств на соответствующий счёт, открытый с этой целью в Национальном банке Таджикистана.
7. По денежным средствам, депонируемым в Национальном банке Таджикистана для выполнения требований обязательных резервов, проценты не начисляются.
2. ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ РЕЗЕРВОВ
8. Кредитная организация для определения размера обязательных резервов представляет Национальному банку Таджикистана следующие документы в срок, установленный для представления отчёта (в случае, если последняя отчётная дата попадает на выходные дни, отчёт представляется в первый рабочий день, следующий за выходными):
- утверждённый баланс (ежедневный, месячный, через электронную почту);
- ежедневные и месячные сведения об остатках счётов (в электронной форме и посредством установленной электронной системы) для расчёта обязательных резервов в национальной валюте согласно Приложению 2 к данной Инструкции;
- отчёт о выполнении норматива обязательных резервов в национальной валюте (в электронной форме и посредством установленной электронной системы) согласно Приложению 3 к данной Инструкции;
- утвержденный баланс (декадный, месячный, через электронную почту, балансовые счёта в иностранной валюте);
- декадные и месячные сведения об остатках счётов (в электронной форме и посредством установленной электронной системы) для расчёта размера обязательных резервов в иностранной валюте согласно Приложению 4 к данной Инструкции;
- отчёт о выполнении норматива обязательных резервов в иностранной валюте (в электронной форме и посредством установленной электронной системы) согласно Приложению 5 к данной Инструкции.
9. Для определения суммы обязательных резервов в национальной валюте на каждый отчётный период исчисляется резервная база, в которую включаются остатки по балансовым счётам 20202, 20204, 20212, 20216, 20220, 20226, 20230, 20802, 20806, 20810, 20814, 20862, 22212, 22216, 26214, 26218, 26222, 26226, 26232.
10. Обязательства по привлечённым средствам путём выпуска ценных бумаг в национальной валюте в резервную базу не включаются, если соответствуют следующим условиям:
- срок ценных бумаг с даты выпуска до даты погашения составляет не менее двух лет;
- ценная бумага не может погашаться полностью или частично раньше срока погашения.
11. Сумма резервной базы в национальной валюте за отчётный период исчисляется по формуле средней величины:

где:
Р – размер резервной базы за отчётный период;
D1, D2, D3 и Dn – размер резервной базы соответственно на первый, второй, третий день отчётного периода и последний день отчётного периода;
n- количество календарных дней отчётного периода.
12. Кредитная организация формирует сумму обязательных резервов в национальной валюте соответственно резервной базе в национальной валюте в соответствии с порядком, установленным настоящей Инструкцией и депонирует в корреспондентском счёте в Национальном банке Таджикистана в национальной валюте.
13. Минимальный остаток на корреспондентском счёте кредитной организации в Национальном банке Таджикистана в национальной валюте считается как сумма для выполнения требований обязательных резервов и его средняя величина на конец периода обеспечения обязательных резервов должен быть равен или больше суммы обязательных резервов, то есть:

где:
L1, L2, L3 и Ln – остаток средств на корреспондентском счёте на первый, второй, третий и последний день периода обеспечения обязательных резервов;
n – количество календарных дней периода обязательных резервов;
RR – сумма обязательных резервов.
14. Для определения суммы обязательных резервов в иностранной валюте на каждый отчётный период исчисляется резервная база, в которую включаются остатки по балансовым счётам 20206, 20208, 20214, 20218, 20222, 20228, 20232, 20864, 26216, 26228.
15. Сумма резервной базы в иностранной валюте за отчётный период исчисляется как средняя хронологическая сумма, по следующей формуле:

где:
Р – размер резервной базы за отчётный период;
D1, D2, D3 и D4 – размер резервной базы соответственно на первый, одиннадцатый, двадцать первый день отчётного месяца и первое число, следующее за отчётным периодом.
16. Кредитная организация формирует сумму обязательных резервов в иностранной валюте соответственно резервной базе в иностранной валюте и полностью перечисляет в следующий счёт в Национальном банке Таджикистана в соответствии с порядком, установленным настоящей Инструкцией:
– 20606 – «Обязательные резервы местных кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам в иностранной валюте»;
– 22206 – «Обязательные резервы иностранных кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам в иностранной валюте».
17. Формирование суммы обязательных резервов в иностранной валюте производится кредитной организацией ежемесячно, по состоянию на первое число следующего за отчётным периодом, путём сверки суммы фактически зарезервированных и подлежащих резервированию средств.
18. Национальный банк Таджикистана сверяет отчёт кредитной организации о выполнении требования обязательных резервов в иностранной валюте с размером фактически зарезервированных средств и при их соответствии, требования считаются выполненными.
19. Кредитная организация формирует сумму обязательных резервов в иностранной валюте посредством операционных валют, как доллар США, евро, российский рубль, китайский юань.
20. Сумма обязательных резервов по сбережениям (депозитам) и другим подобным обязательствам в иностранной валюте, не указанная в пункте 19 настоящей Инструкции, формируется в долларах США в отдельном счёте и ее возврат также производится в долларах США. Курс иностранной валюты по отношению к доллару США учитывается на последнюю дату отчётного периода. Возможная разница (убыток) в связи с изменением курса валют, возлагается на кредитную организацию.
21. При нехватке средств обязательных резервов в иностранной валюте по сравнению с установленным нормативом, кредитная организация производит перечисление недостающей суммы денег полностью на соответствующий счёт в Национальном банке Таджикистана в течение двух рабочих дней после конечного срока, установленного для представления отчёта.
22. В случае излишне перечисленных обязательных средств в иностранной валюте по сравнению с установленным нормативом, Национальный банк Таджикистана в течение семи рабочих дней после конечного срока, установленного для представления отчёта, возвращает излишне внесённую денежную сумму на корреспондентский счёт кредитной организации в Национальном банке Таджикистана:
– 20602 – «Корреспондентский счёт местных кредитных организаций в иностранной валюте»;
– 22202 – «Корреспондентский счёт иностранных кредитных организаций в иностранной валюте».
23. В случае неполного формирования суммы обязательных резервов в иностранной валюте кредитной организацией, Национальный банк Таджикистана регулирует недостающую сумму с корреспондентского счёта кредитной организации или ее других счётов в Национальном банке Таджикистана.
24. При отсутствии или нехватке средств на корреспондентском счёте кредитной организации, Национальным банком Таджикистана разницу недостачи и излишне перечисленных средств обязательных резервов кредитной организации регулируется между счётами. В случае отсутствия корреспондентского счёта или проблем, связанных с регулированием средств обязательных резервов, по запросу кредитной организации проводится соответствующая операция в национальной валюте или другой иностранной валюте.
3.НАДЗОР ЗА ВЫПОЛНЕНИЕМ ТРЕБОВАНИЙ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ РЕЗЕРВОВ
25. Надлежащая проверка формирования обязательных резервов осуществляется соответствующим структурным подразделением Национального банка Таджикистана в соответствии с настоящей Инструкцией.
26. В случае невыполнения кредитной организацией следующих требований о нормативах обязательных резервов, Национальный банк Таджикистана имеет право применять по отношению к кредитной организации оперативные исправительные меры и меры воздействия, предусмотренные статьёй 48 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана»:
- несвоевременное представление отчёта или недостоверное и неполное представление отчёта;
- ненадлежащее депонирование остатки средств на корреспондентском счёте в Национальном банке Таджикистана на конец периода обеспечения обязательных резервов в национальной валюте;
- несвоевременное перечисление средств обязательных резервов в иностранной валюте на соответствующий счёт.
4. ВЫПОЛНЕНИЕ ТРЕБОВАНИЙ ПО ОБЯЗАТЕЛЬНЫМ РЕЗЕРВАМ ПРИ ПРЕКРАЩЕНИИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ КРЕДИТНОЙ ОРГАНИЗАЦИИ
27. При отзыве лицензии кредитной организации на совершение банковских операций, сумма обязательных резервов, депонированных в Национальном банке Таджикистана, используется для выполнения обязательств этой кредитной организации.
5. ПОРЯДОК БУХГАЛТЕРСКОГО УЧЁТА ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ РЕЗЕРВОВ В ИНОСТРАННОЙ ВАЛЮТЕ
28. Сумма обязательных резервов в иностранной валюте учитывается на балансовых счётах Национального банка Таджикистана в соответствии с пунктом 16 настоящей Инструкции.
29. Бухгалтерский учёт (по операциям) при формировании обязательных резервов в иностранной осуществляется следующим образом:
1) при перечислении суммы обязательных резервов в иностранной валюте Национальному банку Таджикистана:
- в кредитной организации при формировании обязательных резервов в иностранной валюте:
№
|
Название счёта
|
Дебет
|
Кредит
|
10311
|
Обязательные
резервы в Национальном банке Таджикистана - иностранная валюта
|
X
|
|
10305
|
Корреспондентский счёт в Национальном банке Таджикистана - иностранная валюта
|
|
X
|
- в Национальном банке Таджикистана при формировании обязательных резервов в иностранной валюте:
№
|
Название счёта
|
Дебет
|
Кредит
|
20602
22202
|
Корреспондентский счёт местных
кредитных организаций в иностранной валюте
Корреспондентский счёт иностранных
кредитных организаций в иностранной валюте
|
X
X
|
|
20606
22206
|
Обязательные резервы местных
кредитных организацийпо
сбережениям и другим подобным обязательствам в иностранной валюте
Обязательные резервы иностранных
кредитных организацийпо
сбережениям и другим подобным обязательствам в иностранной валюте
|
|
X
X
|
2) при возврате кредитной организации излишне перечисленных обязательных резервов в иностранной валюте:
- в Национальном банке Таджикистана при возврате обязательных резервов, сформированных в иностранной валюте:
№
|
Название счёта
|
Дебет
|
Кредит
|
20606
22206
|
Обязательные резервы местных
кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам в
иностранной валюте
Обязательные резервы иностранных
кредитных организацийпо
сбережениям и другим подобным обязательствам
в иностранной валюте
|
X
X
|
|
20602
22202
|
Корреспондентский счёт местных
кредитных организаций в иностранной валюте
Корреспондентский счёт
иностранных кредитных организаций в иностранной валюте
|
|
X
X
|
- в кредитной организации при возврате обязательных резервов, сформированных в иностранной валюте:
№
|
Название счёта
|
Дебет
|
Кредит
|
10305
|
Корреспондентский счёт
в Национальном банке Таджикистана – иностранная валюта
|
X
|
|
10311
|
Обязательные
резервы в Национальном банке Таджикистана - иностранная валюта
|
|
X
|
Приложение 1-5