Фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2025, №97 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, №67"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 13311

КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, №67
170.040.050.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Ба Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим, ки бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025,№67 «Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим тасдиқ карда шавад» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 марти соли 2025, №1331 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

- дар банди 5 калимаи «нарасидаанд» ба калимаи «расидаанд» иваз карда шавад;

- дар банди 7 пас аз калимаи «заминаи» калимаҳои «таҳсилоти умумии асосӣ (аз синни 18 боло) ва» илова карда шаванд.

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.


Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир


ш. Душанбе, аз 14 апрели соли 2025,  №97 

 


Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан
от 21 апреля 2025 года,
регистрационный номер 13311

КОМИТЕТ ПО НАЧАЛЬНОМУ И СРЕДНЕМУ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМУ ОБРАЗОВАНИЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЕЖЕНИЕ

О внесении изменения и дополнения в распоряжение председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан от 27 февраля 2025 года, №67
170.040.050.

В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Внести в Порядок отчисления и восстановления учащихся, перевода из одного учреждения начального профессионального образования в другое учреждение начального профессионального образования, с одной специальности на другую специальность, с одной формы обучения на другую форму обучения, утверждённого распоряжением председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан от 27 февраля 2025 года, №67 «О Порядке отчисления и восстановления учащихся, перевода из одного учреждения начального профессионального образования в другое учреждение начального профессионального образования, с одной специальности на другую специальность, с одной формы обучения на другую форму обучения», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 12 марта 2025 года, №1331, следующие изменение и дополнение:

- в пункте 5 слова «не достигших» заменить словом «достигших»;

- пункт 7 после слова «основе» дополнить словами «общего образования (с выше 18 лет) и».

2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя Комитета по начальному и среднёму профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан – куратора отрасли.

Председатель Комитета по начальному 
и среднёму профессиональному
образованию при Правительстве
Республики Таджикистан     Фарход Рахими Кодир


г. Душанбе от 14 апреля 2025 года №97