Фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025 № 67 "Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1331

КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим 
170.040.050.

Мутобиқи банди 39 Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №653 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1.Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълимро тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монанд.

3.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4.Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ рафти амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.


Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир


ш. Душанбе, аз 27 феврали соли 2025 № 67 

 

Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан 12 марта 2025 года, регистрационный номер 1331

КОМИТЕТ ПО НАЧАЛЬНОМУ И СРЕДНЕМУ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМУ ОБРАЗОВАНИЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке отчисления и восстановления учащихся, перевода из одного учреждения начального профессионального образования в другое учреждение начального профессионального образования, с одной специальности на другую специальность, с одной формы обучения на другую форму обучения
170.040.050.

В соответствии с пунктом 39 Типового положения об образовательном учреждении начального профессионального образования Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 2024 года, №653,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок отчисления и восстановления учащихся, перевода из одного учреждения начального профессионального образования в другое учреждение начального профессионального образования, с одной специальности на другую специальность, с одной формы обучения на другую форму обучения (прилагается).

2. Директорам начальных профессиональных образовательных учреждений, независимо от их организационно-правового статуса и форм собственности, осуществлять в соответствии с настоящим Порядком отчисления и восстановления учащихся, перевода из одного учреждения начального профессионального образования в другое учреждение начального профессионального образования, с одной специальности на другую специальность, с одной формы обучения на другую форму обучения.

3. Настоящее распоряжение представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Управлению начального профессионального образования обеспечить процесс реализации настоящего распоряжения.

5.Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан – куратора отрасли.

Председатель Комитета по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан  Фарход Рахими Кодир
г. Душанбе от 27 февраля 2025 года, №67