Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 421
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда
070.080.000.
Мутобиқи моддаи 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАД:
1.Тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3.Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4.Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5.Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2008, №200 «Дар бораи Қоидаҳо «Оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июли соли 2008, №421 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - сарпарасти департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ гузошта шавад.
Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад
ш. Душанбе, аз 4 декабри соли 2024, №93
Зарегистрированно Министерством юстиции Республики Таджикистан от 4 февраля 2025 года, регистрационный номер 4211
ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке определения годности денежных знаков и замены ветхих банкнот и монет
070.080.000.
В соответствии со статьёй 66 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана» и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правление Национального банка Таджикистана ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1. Утвердить Порядок определения годности денежных знаков и замены ветхих банкнот и монет (прилагается).
2. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить департамент денежного обращения и кассовых операций при государственной регистрации настоящего Постановление в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости, вносить в текст приложения к нему изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержание.
4. Возложить исполнение пункта 2 настоящего Постановление на секретаря Правления, департамент денежного обращения и кассовых операций, юридическое управление и отдел прессы.
5. Признать утратившим силу постановление Правления Национального банка Таджикистана от 3 июля 2008 года, №200 «О Правилах «О порядке определения платёжности банкнот и монет Национального банка Таджикистана», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 16 июля 2008 года, №421.
6. Возложить контроль исполнения настоящего Постановление на заместителя председателя Национального банка Таджикистана – куратора департамента денежного обращения и кассовых операций.
Председатель Правления Национального банка Таджикистана Толибзода Фирдавс Назримад
г. Душанбе от 4 декабря 2024 года, №93