Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 421
Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 4 декабри соли 2024,
№ 93
Тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда
1.Тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда (минбаъд – Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар менамояд.
2. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун пули коршоями пардохтпазир озодона гардиш менамоянд, агар ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:
1) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати воситаи қонунии муомилот ва пардохти нақдӣ дар гардиш қарор дошта, аз муомилот бароварда нашуда бошанд;
2) дорои аломатҳои қалбакисозӣ ва дигаргунсозӣ набошанд;
3) дар аслияташон шубҳа вуҷуд надошта бошад;
4) нишонаҳои фарсудашавии дар банди 3 Тартиби мазкур пешбинишударо надошта бошанд.
3. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бояд нишонаҳои фарсудашавии зеринро надошта бошанд:
1) барои пулҳои коғазӣ:
- ифлос ва равғанолуд, агар унсурҳои ҳимоявии онҳо номаълум шуда бошанд;
- рахшикаста, агар ранги рахҳои шикаста ба қадри аён рафта бошад;
- ғиҷимшуда, агар аз ҷониби дастгоҳи пулҳисобкунӣ хонда нашавад;
- мавҷуд будани сӯрохиҳои қутрашон 5 мм ва зиёда аз он, агар онҳо дар натиҷаи хӯрдашавии табиӣ ба вуҷуд омада бошанд;
- чокҳо ба андозаи 10 мм ва зиёда аз он;
- доғҳо аз моддаҳои рангӣ бо қутри 10 мм ва зиёда аз он;
- навиштаҷоти аломатҳои бегона (калимаҳо ё ададҳо) иборат аз ду аломати дароз ва зиёда аз он ё се аломати кӯтоҳ ва зиёда аз он (андозаи 10 мм дарозӣ ва зиёда аз он, 30 мм паҳноӣ ва зиёда аз он);
- акси тамғаҳо;
- набудани кунҷҳо ва атроф, аз ҷумла қисман сӯхтагиҳо ба дарозии 5 мм ва зиёда аз он ва паҳноии 5 мм ва зиёда аз он;
- набудани риштаи ҳимоявӣ, агар он ба шинохта шудани аслияти пулҳои коғазӣ монеъ шавад ва шаҳодати ботил будани пулҳо бошад;
2) барои тангаҳо:
- ба тағйирёбӣ дучоршуда (хӯрдашуда, шаклан дигаршуда, каҷшуда, буридашуда, дорои сӯрохиҳо, аз таъсири моддаҳои кимиёвӣ нуқсондида, аз оташ осебдида), агар тасвирҳои аверс ва реверси онҳо эмин монда бошанд);
- тангаҳои дорои нуқсони истеҳсолӣ.
4. Пулҳои коғазии дорои осебҳои зайл барои пардохт ва иваз намудан танҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ қабул карда мешаванд:
-қисман боқимонда, ки на кам аз 55 дарсади масоҳати сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳад;
-дар ҳолати мавҷуд будани ду қисмати тарафҳои дорои силсила ва рақамҳои якхелаи пулҳои коғазӣ, агар дар якҷоягӣ на кам аз 55 дарсади масоҳати сатҳи ибтидоии онро ташкил намоянд;
-дарида ва аз ду нимаи арзиши якхела ширешкардашуда, ки ҳар кадом баробар ба 50 дарсади сатҳи ибтидоии пул буда, дорои силсила ва рақамҳои якхела ё гуногун мебошанд ва агар тасвирҳои онҳо аз якдигар фарқ кунанд (ҳатман аз тарафҳои аломати обидор ва расмдор иборат бошанд);
-аз пораҳои тасодуфан даридаи пул тартибдодашуда, дар ҳолати мутобиқати ҳамаи унсурҳо ва тасвирҳо ва тааллуқ доштани пораҳои ширешкардашуда ба як пул, инчунин мавҷуд будани зиёда аз 70 дарсади масоҳати сатҳи ибтидоии он;
-пулҳои коғазии дирам, ки на кам аз 55 дарсади масоҳати сатҳи ибтидоиашон боқӣ мондааст;
-пулҳои коғазии дирами аз ду қисмати на кам аз 45 дарсади масоҳати сатҳи ибтидоӣ ширешкардашуда;
-пулҳои коғазии дорои нуқсони чопӣ (аз қабили чоп нашудани тасвирҳои алоҳида, ё каҷ чоп шудани онҳо, пайдо набудани тасвирҳо ё рахҳои тӯрии ҳимоявӣ дар рӯй ва тарафи паси пул);
-пулҳои коғазии бо асбобҳои буранда буридашуда ва ширешкардашуда бо назардошти мутобиқати ҳамаи унсурҳо ва тасвирҳо, ки на камтар аз 90 дарсади сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳанд.
5. Иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсудаи дар банди 3 ва пулҳои осебдидаи дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинишуда дар асоси муроҷиати шифоҳии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ бе маҳдудият, ройгон анҷом дода мешавад.
6. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои дорои осебҳои зерин корношоям ҳисобида шуда, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ қабул ва иваз карда намешаванд:
1) пулҳои коғазии аз пораҳои бо асбобҳои буранда қасдан буридашуда ва ширешкардашуда, ки сатҳашон камтар аз 90 дарсади сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳад ё тааллуқ доштани пораҳои ширешкардашуда ба як пул шубҳаангез бошад;
2) дар сурати мавҷудияти ҳатто 100 дарсади сатҳи ибтидоии пулҳои коғазии бо асбобҳои буранда буридашуда, агар ҳаҷм, тарзи буриш ва ширеш кардани онҳо аломатҳои дигаргунсозиро (сохтакорӣ) бо мақсади қаллобӣ дошта бошанд;
3) тангаҳое, ки арзишашон, нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмҳои ходимони барҷаста ба дараҷаи шинохтанашаванда осеб дидаанд.
7. Муайян намудани сатҳи боқимондаи пулҳои коғазии фарсудашуда ва осебдида бо истифодаи ҷадвали тӯрӣ тибқи замимаи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад .
8. Пулҳои коғазии фарсудашуда ва осебдида ба болои ҷадвали тӯрӣ тарзе гузошта мешаванд, ки тарафҳои ростхати боқимондаашон ба марзҳои тӯр мувофиқ оянд. Агар ягон тарафи ростхати пул боқӣ намонда бошад, он гоҳ ду тарафи камтар фарсудашуда ва осебдидаи он бо канорҳои поёнӣ ва рости тӯр гузошта мешавад. Атрофи канораҳои пули коғазии фарсудашуда ва осебдида бо хат кашида мешавад. Шумораи катакчаҳое, ки аз болои онҳо хат гузаштааст, ҷамъбаст карда шуда, ба ду тақсим карда мешавад (мисол: 32:2=16). Ба шумораи ҳосилшуда (яъне 16) адади катакчаҳои бо сатҳи пули коғазӣ пурра пӯшонидашуда зам карда мешавад (мисол: 94+16=110). Пулҳои коғазӣ он гоҳ ивазшаванда ҳисобида мешаванд, ки шумораи умумии бо чунин тарз ҳосилкардашудаи катакчаҳо на кам аз 110 адад бошад. Андозаи ҷадвали тӯрӣ ба андозаи сатҳи пулҳои коғазии ташхисшаванда бояд мутобиқат намояд.
9. Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои сифати муносиби пулҳои коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотқарордошта масъул буда, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда ва осебдидаи дар бандҳои 3 ва 4 Тартиби мазкур номбаршударо, ки ба хазинаҳои онҳо ворид шудаанд, минбаъд ба муомилот ва гардиш намебароранд.
10. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муайян намудани фарсудашавӣ ва аслияти пулҳои коғазӣ бояд мутобиқи замимаи 1 Дастурамали №227 «Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №129 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2017, №531 «а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дастгоҳи техникии дахлдор дошта бошанд.
11. Пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аслияташон шубҳанок барои гузарондани муоина ба департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.
Замима
ба Тартиби муайян намудани
коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани
пулҳоикоғазӣ ва тангаҳои фарсуда
Ҷадвалбарои муайян кардани коршоямии пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
8
|
9
|
10
|
11
|
12
|
13
|
14
|
15
|
16
|
17
|
18
|
19
|
20
|
a
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
b
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
c
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
d
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
e
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
f
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
g
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
h
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
i
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
j
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Эзоҳ: 200 катак ба масоҳати 100 дарсади сатҳи пули коғазӣ мувофиқ мебошад.
Зарегистрированно Министерством юстиции Республики Таджикистан от 4 февраля 2025 года, регистрационный номер 4211
Приложение
к постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от 04 декабря 2024 года,
№93Порядок определения годности денежных знаков и замены ветхих банкнот и монет
1. Порядок определения годности денежных знаков и замены ветхих банкнот и монет (далее-настоящий Порядок) разработан на основании статьи 66 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана» и устанавливает порядок определения годности денежных знаков и замены ветхих банкнот и монет.
2. Банкноты и монеты Национального банка Таджикистана свободно обращаются, будучи годными к платежу, если соответствуют следующим требованиям:
1) находятся в обращении как законные средства обращения и наличного платежа на территории Республики Таджикистан, и не изъяты из обращения;
2) не имеют признаков подделки и переделки;
3) их подлинность не вызывает сомнение;
4) не имеют признаков ветхости, предусмотренных пунктом 3 настоящего Порядка.
3. Банкноты и монеты Национального банка Таджикистана не должны иметь признаков ветхости следующего характера:
1) для банкнот:
- запачканные и замасленные, если не заметна чёткость их защитных элементов;
- стёртые, если очевидно, что краска линий стёрта;
- помятые, если не считываются счётной машиной;
- имеющие проколы и отверстия диаметром 5 мм и более, если это является результатом естественного износа;
- надрывы размером 10 мм и более;
- имеющие пятна от красящих веществ диаметром 10 мм и более;
- посторонние надписи (слова или цифры), состоящие из двух длинных и более знаков или трёх коротких или более знаков (длиной 10 мм и более, шириной 30 мм и более);
- отпечатки штампов;
- утратившие углы, края, в том числе частично обожжённые, длиной 5 мм и более, шириной 5 мм и более;
- отсутствие защитных нитей, если они препятствуют определению подлинности банкнот и свидетельствуют об их погашении;
2) для монет:
- монеты, подвергшиеся изменению (истёртые, деформированные, изогнутые, резанные, имеющие проколы и отверстия, травленные в химических веществах, повреждённые огнём), если сохранены изображения на аверсе и реверсе);
- имеющие следы производственного брака.
4. В платежи и к обмену принимаются только Национальном банком Таджикистана и кредитными финансовыми организациями денежные банкноты, имеющие повреждения следующего характера:
- частично сохранившаяся банкнота, составляющая не менее 55 процентов от первоначальной площади;
- банкноты, имеющие две крайние части с одинаковыми серийными номерами, если обе части в совокупности составляют не менее 55 процентов от первоначальной площади;
- разорванные и склеенные из двух половинок одного достоинства, равные 50 процентам первоначальной площади каждая, при наличии на обеих частях одинаковых либо разных серийных номеров, если каждый фрагмент отличается по графическому оформлению (обязательно должны иметь водяные знаки и фрагменты);
- составленные из частей случайно порванной банкноты, при совпадении всех элементов и изображений, и принадлежности склеенных частей к одной банкноте, а также при наличии более 70 процентов первоначальной площади банкноты;
- денежные банкноты «дирамы», с сохранением не менее 55 процентов первоначальной площади;
- денежные банкноты «дирамы», склеенные из двух частей по не менее 45 процентов первоначальной площади;
- банкноты, имеющие явный брак печатных станков (как не пропечатанные и искажённые отдельные фрагменты, отсутствие изображений и защитных фоновых сеток на лицевой или обратной сторонах);
- банкноты, вырезанные режущим инструментом, а затем склеенные, с учётом соответствия всех элементов и изображений, составляющие не менее 90 процентов от первоначальной площади.
5. Обмен ветхих банкнот и монет, указанных в пункте 3 и повреждённых банкнот, указанных в пункте 4 настоящего Порядка, осуществляется Национальным банком Таджикистана и кредитными финансовыми организациями по устному обращению физических и юридических лиц без ограничений и безвозмездно.
6. Считаются неплатёжными и не подлежат приёму и обмену Национальным банком Таджикистана и кредитными финансовыми организациями банкноты и монеты, имеющие следующие повреждения:
1) умышленно вырезанные режущими инструментами и склеенные из частей, при наличии менее 90 процентов первоначальной площади банкнот или если принадлежность склеенных частей к одной банкноте вызывает сомнение;
2) при наличии даже 100 процентов первоначальной площади банкнот, вырезанных режущими инструментами, если объём и способ их вырезки и склеивания имеют признаки переделки (подделки) с целью мошенничества;
3) монеты, на которых повреждены до неузнаваемости их достоинство, Государственный герб Республики Таджикистан и изображения видных деятелей.
7. Для выяснения остаточной площади повреждённых ветхих банкнот используется специальная сетка, приложенная к настоящему Порядку.
8. Ветхие и повреждённые банкноты располагаются на сетке таким образом, чтобы сохранившиеся стороны совпадали с границами сетки. Если ни одна из сторон банкноты полностью не сохранилось, то две наименее ветхие и повреждённые стороны банкноты совмещаются с нижней и правой границами сетки. Ветхая и повреждённая банкнота обводится по контуру. Число клеток, через которые прошла линия контура, суммируется и делится пополам (например: 32:2=16). К полученному числу (то есть 16) прибавляется количество клеток сетки, оставшихся закрытыми при наложении банкноты (например: 94+16=110). Подлежащими обмену считаются банкноты в том случае, если общее количество полученных таким образом клеток не менее 110. Размер сетки должен соответствовать размеру исследуемого номинала.
9. Национальный банк Таджикистана и кредитные финансовые организации несут ответственность за надлежащее качество денежных банкнот и монет, находящихся в обращении, и впредь не будут осуществлять выпуск в обращение поступивших денежных банкнот и монет, указанных в пунктах 3 и 4 настоящего Порядка.
10. Кредитные финансовые организации согласно приложению 1 к Инструкции № 227 «О кассовых работах в Национальном банке Таджикистана и кредитных финансовых организациях», утверждённой постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 29 сентября 2017 года, № 129 и зарегистрированной в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 15 ноября 2017 года, № 531 должны иметь соответствующее техническое устройство для определения ветхости и подлинности банкнот.
11. Банкноты и монеты, подлинность которых вызывает сомнение, направляются на экспертизу в департамент денежного обращения и кассовых операций Национального банка Таджикистана.
Приложение
к Порядку определения
годности денежныхзнаков и
замены ветхихбанкнот и монет
Расписания для определения платежности банкнот Национального банка Таджикистана
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
8
|
9
|
10
|
11
|
12
|
13
|
14
|
15
|
16
|
17
|
18
|
19
|
20
|
a
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
b
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
c
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
d
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
e
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
f
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
g
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
h
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
i
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
j
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Примечание: 200 клеток соответствуют площади 100 процентов площади поверхности банкноты.