ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», моддаи 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», моддаҳои 32 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки зиёда аз 50 дарсади сармояи оинномавии онҳо ба давлат тааллуқ дорад, пас аз пардохти андозҳо 10 дарсади фоидаи софи ба ҳиссаи давлат тааллуқдоштаро аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории соли 2024 ва солҳои минбаъда на дертар аз 1 июли пас аз соли ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронанд. Муқаррароти мазкур нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавии давлатӣ татбиқ намегардад.
2. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- тибқи тартиби муқарраргардида барои таъмини иҷрои банди 1 қарори мазкур ва оид ба тақсимоти фоидаи софи боқимондаи ба ҳиссаи давлат тааллуқдошта, аз ҷумла ба фонди пешравии истеҳсолот ба андозаи 70 дарсад, ба фонди рушди иҷтимоӣ ба андозаи 10 дарсад, ба фонди ҳавасмандкунии моддӣ ба андозаи 10 дарсад ва ба фондҳои дигар (суғуртавӣ, захиравӣ ва ғайра) ба андозаи 10 дарсад равона намудани он чораҷӯйӣ намоянд;
- вобаста ба эҳтиёҷоти самти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидор дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабули қарори дахлдор дар ҷаласаҳои умумии саҳмдорони ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ барои муайян намудани меъёри дигари тақсимоти андозаи фондҳои дар сархати якуми банди мазкур дарҷгардида чораҷӯйӣ намоянд.
3. Маблағи бақияи қарзи пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки тибқи талаботи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, №118 «Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад» барои давраи солҳои 2022-2023 мутобиқи баҳисобгирии андозӣ ҳисоб шуда, то мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур пардохт нагардидааст, мутобиқи меъёрҳои бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур танзим гардида, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз ҳисобварақаи шахсии чунин субъектҳо хориҷ намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврали баъди соли ҳисоботӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи ҷамъиятҳои хоҷагидор ва вазорату идораҳо номгӯйи корхонаҳои давлатиро, ки дар банди 1 қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, пешниҳод намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузарондани пардохтҳои дар банди 1 қарори мазкур муқарраршуда дар гурӯҳбандии қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ рамзи алоҳида кушояд.
6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 262 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби тақсим ва истифода бурдани фоидаи корхонаҳои давлатӣ» ва аз 27 марти соли 2023, № 118 «Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад» аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2025, № 115
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О регулировании чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале
В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», статьей 22 Закона Республики Таджикистан «О государственных предприятиях», статьями 36 и 44 Закона Республики Таджикистан «Об акционерных обществах», статьями 32 и 36 Закона Республики Таджикистан «Об обществах с ограниченной ответственностью» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Государственным предприятиям и хозяйственным обществам, более 50 процентов уставного капитала которых принадлежит государству, после уплаты налогов 10 процентов от чистой прибыли, приходящейся на долю государства по результатам финансово-хозяйственной деятельности за 2024 год и последующие годы, перечислить в республиканский бюджет не позднее 1 июля, следующего за отчетным годом. Настоящее положение не применяется к государственным кредитным и страховым организациям.
2. Центральным органам государственной власти и местным исполнительным органам государственной власти:
- в установленном порядке принять меры по обеспечению выполнения пункта 1 настоящего постановления и распределению оставшейся чистой прибыли, относящийся к доле государства, в том числе в фонд развития производства в размере 70 процентов, в фонд социального развития в размере 10 процентов, в фонд материального поощрения в размере 10 процентов и в прочие фонды (страховые, резервные и другие) в размере 10 процентов;
- в зависимости от потребностей направления деятельности государственных предприятий и хозяйственных обществ по согласованию с Правительством Республики Таджикистан при принятии соответствующего решения на общих собраниях акционеров хозяйственных обществ принять меры по определению иных норм распределения размеров фондов, перечисленных в первом абзаце настоящего пункта.
3. Сумму налоговых недоимок по платежам от чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, начисленную в соответствии с требованиями пункта 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2023 года, №118 «О ставке платежа от чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале» за период 2022-2023 годы согласно налоговому учету, которая не выплачена до вступления в силу настоящего постановления, регулируется в соответствии с пунктами 1 и 2 настоящего постановления и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан списать с лицевого счета этих субъектов.
4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля, следующего за отчетным годом, представлять в Министерство финансов Республики Таджикистан перечень хозяйственных обществ, а министерствам и ведомствам перечень государственных предприятий, предусмотренных в пункте 1 настоящего постановления.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан открыть отдельный код в классификации доходной и расходной частей государственного бюджета в целях перечисления платежей, указанных в пункте 1 настоящего постановления, в доход республиканского бюджета.
6. Признать утратившему силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 10 июня 1996 года, №262 «Об утверждении Положения о порядке распределения и использования прибыли государственных предприятий» и от 27 марта 2023 года, №118 «О ставке платежа от чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 февраля 2025 года №115