Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, № 118 "Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад"

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 115 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 258)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 258)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қисми 1 моддаи 237 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 63(7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет", моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", моддаҳои 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", моддаҳои 32 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 дарсади сармояи оинномавии онҳо ба давлат тааллуқ дошта, аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии андозии соли 2022 ва солҳои минбаъда муайян карда мешавад, ба андозаи 10 дарсад муқаррар карда шавад.

2. Меъёри пардохт аз фоидаи софи ба ҳиссаи давлат тааллуқдоштаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки зиёда аз 50 дарсади сармояи оинномавии онҳо ба давлат тааллуқ дошта, аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ тибқи баҳисобгирии андозии соли 2022 ва солҳои минбаъда муайян карда мешавад, пас аз супоридани пардохти дар банди 1 қарори мазкур пешбинишуда бо тартиби муқарраршуда ба андозаи 30 дарсад муқаррар карда шавад. Муқаррароти мазкур нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ татбиқ намегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 258).

3. Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршударо на дертар аз 1 июли пас аз соли ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронанд.

4. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди иштирок дар маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ оид ба таъмини иҷрои бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур чораҷӯйӣ намоянд.

5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ҳар сол то 1 феврали баъди соли ҳисоботӣ мутаносибан номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва номгӯйи ҷамъиятҳои хоҷагидориро, ки дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузарондани пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршуда дар гурӯҳбандии қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ рамзи алоҳида кушояд.

7. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷамъоварии пардохтҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муқарраршударо таъмин намуда, то 1 апрели соли 2023 ба ҳар як субъекти хоҷагидор ҳисобварақаҳои шахсӣ кушояд;

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.02.2025 №115


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О ставке платежа от чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №258)

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №258)

В соответствии с статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", части 1 статьи 237 Налогового кодекса Республики Таджикистан, статьей 63(7) Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", статьей 22 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях", статьями 36 и 44 Закона Республики Таджикистан "Об акционерных обществах", статьями 32 и 36 Закона Республики Таджикистан "Об обществах с ограниченной ответственностью" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан  п о с т а н о в л я е т:

1. Ставку платежа из чистой прибыли государственных предприятий и хозяйственных обществ, 100 процентов уставного капитала которых принадлежит государству, определяемую по результатам финансово-хозяйственной деятельности, в соответствии с налоговым учетом в 2022 году и последующие годах, установить в размере 10 процентов.

2. Ставку платежа из чистой прибыли, принадлежащей государству доли государственных предприятий и хозяйственных обществ, более 50 процентов уставного капитала которых принадлежит государству, определяемую по результатам финансово-хозяйственной деятельности в соответствии с налоговым учетом за 2022 год и последующие годы, после внесения платежа, предусмотренного пунктом 1 настоящего постановления, в установленном порядке установить в размере 30 процентов. Настоящее положение не применяется к кредитным и страховым организациям (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №258).

3. Государственным предприятиям и хозяйственным обществам перечислить платежи, установленные в пунктах 1 и 2 настоящего постановления, в республиканский бюджет не позднее 1 июля следующего за отчетным годом.

4. Центральным органам государственной власти и местным исполнительным органам государственной власти при участии в общих собраниях акционеров хозяйственных обществ принять меры по обеспечению выполнения пунктов 1 и 2 настоящего постановления.

5. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам ежегодно до 1 февраля, следующего за отчетным годом, соответственно представлять перечень государственных предприятий и хозяйственных обществ, предусмотренных пунктами 1 и 2 настоящего постановления, в Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан.

...