Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 аз 26 декабри соли 2024, № 689

Санаи амалкуни: 26.12.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024, № 689

Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 (минбаъд - Барнома) мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила муайян намуда, тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт ҳамоҳанг месозад.

2. Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167 тасдиқ гардидааст, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 801 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро эътироф намудааст, ки иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона шудааст.

4. Бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои занон, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ соли 2017 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

5. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 тасдиқ гардид, ки мақсади асосии Барномаи мазкур фаъолгардонии кӯшишҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар кишвар, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо дар он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.

...



Приложение 1 
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан 
от «26» декабря 2024 года, №689

Государственная программа по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2025-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственная программа по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2025-2030 годы (далее - Программа) определяет цели, задачи и основные направления государственной политики Республики Таджикистан в области предотвращения насилия в семье и координирует усилия государственных органов, органов местного самоуправления, посёлок и дехотов структур гражданского общества и международных организаций в этом направлении.

2. Программа разработана в рамках приоритетов, определенных Правительством Республики Таджикистан, Национальной стратегией развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 декабря 2016 года, №636, Национальной стратегией активизации роли женщин в Республике Таджикистан на 2021-2030 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2020 года, №167 и Концепцией развития семьи в Республике Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2015 года, № 801.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ НАСИЛИЯ В СЕМЬЕ

3. Республика Таджикистан как полноправный член международного сообщества признала ряд международных правовых актов, в том числе Всеобщую декларацию прав человека и Конвенцию о предотвращении всех форм дискриминации в отношении женщин, выполнение которых направлена ​​на улучшение положений женщин в обществе.

4. С целью совершенствования действующего законодательства в области защиты прав женщин, предотвращения насилия в отношении женщин и устранения гендерных стереотипов в 2017 году при Исполнительном аппарате Президента Республики Таджикистан была создана рабочая группа.

5. Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2024 года, №294 утверждена Государственная программа по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2014-2023 годы, основной целью которого является активизация усилий в предотвращении насилия в семье, обеспечение эффективной гендерной политики в стране, недопущение насилия и дискриминации в семейных отношениях, формирования в ней конструктивной системы отношений, защиты прав и свобод каждого человека и повышения правового просвещения членов общества.

6. В результате мероприятий, предпринятых в рамках реализации Государственной программы по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2014-2023 годы, были достигнуты следующие результаты:

...