ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Маблағгузории Нақшаи амали Барномаи мазкур дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамасола барои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2026-2030 хароҷоти вобаста ба амалигардонии Нақшаи амали Барномаи мазкурро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошавандаи буҷети давлатӣ иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намуда, аз натиҷаи он ҳар сол на дертар аз 10 январ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷуимҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
5. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 689
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Государственной программе по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2025-2030 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» и статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О предупреждении насилия в семье» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Государственную программу по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2025-2030 годы и План действий на 2025-2027 годы Государственной программы по предупреждению насилия в семье в Республике Таджикистан на 2025-2030 годы (приложения 1 и 2).
2. Финансирование Плана действий настоящей Программы в 2025 году осуществлять за счёт средств, ежегодно предусматриваемых для министерств и ведомств, исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан, с учетом реальных возможностей государственного бюджета на 2026-2030 годы, предусмотреть в отдельной строке затраты, связанные с реализацией Плана действий настоящей Программы.
4. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета, и о его результатах ежегодно не позднее 10 января представлять информацию в Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан.
5. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий ежегодно до 1 февраля представлять Правительству Республики Таджикистан информацию.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбеот 26 декабря 2024 года №689