Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модар"- ва эълон шудани "Соли оила" баён намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Консепсияи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015 № 801
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Концепции развития семьи в Республике Таджикистан
В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и с целью реализации пункта 6 Плана мероприятий по выполнению указаний и распоряжений Президента Республики Таджикистан, высказанных на торжественном собрании по случаю "Дня матери" и объявления "Года семьи", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Концепцию развития семьи в Республике Таджикистан (прилагается).
2. Определить Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан координатором реализации Концепции развития семьи в Республике Таджикистан.
3. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе, городов и районов республики обеспечить реализацию настоящей Концепции в рамках предусмотренных средств Государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан и каждое полугодие представлять информацию о её реализации в Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан.
4. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно представлять отчет в Правительство Республики Таджикистан о ходе реализации Концепции развития семьи в Республике Таджикистан.
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 декабря 2015 года, № 801