ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, пешбурди фаъолияти таълимиро мутобиқи Стандарти мазкур ба роҳ монанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, № 418 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои тахсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 656
...