Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2026, № 647 "Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 656 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1)банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стандарт) маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон муқаррар намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо дарназардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунад.»;

2)дар банди 2:

- дар сархати сеюм калимаи «замимаи» ба калимаи «замима» иваз карда шавад;

- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- муҳлати таҳсил - давраи азхудкунии стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби хатмкунанда, ки дар асоси дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ба роҳ монда мешавад;»;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои «новобаста ба шакли моликият» ба калимаи «ки» иваз карда шаванд;

- сархати нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

« - стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ - маҷмуи меъёрҳое, ки талаботи ягонаро нисбати тахассуси таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамояд;».

- дар сархати даҳум калимаи «донишҷӯ» ба калимаи «таълимгиранда» иваз карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 2024 года, №656

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Государственный стандарт среднего профессионального образования в Республике Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 2024 года, №656, следующие изменения и дополнения:

1)пункт 1 изложить в следующей редакции:

«1. Государственный образовательный стандарт среднего профессионального образования - совокупность норм, устанавливающих содержание образования, значение и сроки обучения, объём учебной нагрузки, уровень усвоения знаний обучающимися и определяющих основные требования к обеспечению процесса обучения, содержанию учебных программ и оценке уровня знаний в образовательных учреждениях среднего профессионального образования с учётом национальных и общечеловеческих достижений»;

2)в пункте 2:

- шестой абзац изложить в следующей редакции:

«- срок обучения — период освоения выпускником квалификационного стандарта среднего профессионального образования, который осуществляется на базе основного общего, среднего общего и начального профессионального образования;»

в седьмом абзаце слова «независимо от формы собственности» заменить словом «которое»;

девятый абзац изложить в следующей редакции:

«- квалификационный стандарт среднего профессионального образования - совокупность норм, устанавливающих единые требования к квалификациям среднего профессионального образования;»;

в десятом абзаце слово «студента» заменить словом «обучающегося»;

- одиннадцатый абзац изложить в следующей редакции:

...