Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2024, № 583 "Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни: 01.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷораҷӯйӣ намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда то 20 декабри ҳар сол ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таъмин карда, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 5 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 ноябри соли 2024, № 583





Правительство Республики Таджикистан

Постановление

 О Среднесрочном плане действий на 2024-2026 годы Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Среднесрочный план действий на 2024-2026 годы Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской, Хатлонской областей, города Душанбе и городов районов республиканского подчинения принять меры по выполнению пунктов Среднесрочного плана действий на 2024-2026 годы Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года в рамках предусмотренных средств государственного бюджета, специальных средств и других средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан и ежегодно до 20 декабря представлять Министерству образования и науки Республики Таджикистан информацию о выполненных работах.

3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан обеспечить выполнение Среднесрочного плана действий на 2024-2026 годы Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан на период до 2030 года и ежегодно до 5 января представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе его выполнения.


Председатель Правительства Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 ноября 2024 года №583