ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 661
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 14 Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 661 «Дар бораи тасдиқи Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«14. Арзиши хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби махсуси муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ё мақомоти давлатӣ пардохт карда мешавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 571
...