Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Мутобиқи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" ва бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар самти рушди хизматрасониҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дорои муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ мебошанд, вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2011 № 661
ш. Душанбе