Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 30 декабри соли 2011 № 661

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011 № 661

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2011 № 661

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти маблағи экспертизаи давлатии судӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 571)

1. Тартиби мазкур тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" таҳия гардида, тартиби пардохти маблағро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ҷиҳати гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз тарафи муассисаҳои экспертизаи давлатии судии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ муайян месозад.

2. Экспертизаи судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ дар асоси таъиноти суд, қарорҳои судя ё прокурор, инчунин дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй гузаронида мешавад.

3. Пардохти арзиши экспертизаи судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ аз ҳисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад.

4. Арзиши экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

5. Номгӯи намудҳои экспертизаи судие, ки дар муассисаҳои экспертизаи судӣ гузаронида мешаванд, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори дорои чунин муассисаҳо тасдиқ мегардад.

6. Арзиши корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти дигари шабеҳи дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷомдодашаванда аз ҳисоби тарафҳое пардохта мешавад, ки дар хусуси анҷоми он муроҷиат кардааст.

7. Тарафи пардохткунандаи экспертизаи давлатии судӣ дар қарор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад.

8. Гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти дигари шабеҳ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории гражданӣ дар асоси шартнома сурат мегирад.

...
Утвержден 
постановлением Правительства 
Республики Таджикистан 
от 30 декабря 2011 года №661

Порядок оплаты средств государственной судебной экспертизы физическими и юридическими лицами

  (в редакции пост. Правительства РТ от 30.10.2024 №571)

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственной судебной экспертизе", и определяет порядок взимания средств с физических и юридических лиц за проведение государственной судебной экспертизы учреждениями государственной судебной экспертизы соответствующих министерств и ведомств Республики.

2. Судебная экспертиза по гражданским делам, семейным делам и делам по экономическим спорам проводится на основании определения суда, постановления судьи или прокурора, а также запроса физического и юридического лица.

3. Оплата стоимости судебной экспертизы по гражданским делам, семейным делам и делам по экономическим спорам производится за счет стороны, ходатайствующей о ее проведении.

4. Оплата стоимости судебной экспертизы по уголовным делам производится за счет государственного бюджета.

5. Перечень видов экспертиз, выполняемых учреждениями государственной судебной экспертизы, утверждается соответствующими министерствами и ведомствами, имеющими такие учреждения.

6. Оплата стоимости научно-исследовательских работ и другой подобной деятельности, осуществляемой на основании запроса физического и юридического лица, производится за счет стороны, обратившейся о ее проведении.

7. Сторона, оплачивающая стоимость судебной экспертизы, указывается в определении или постановлении о назначении государственной судебной экспертизы.

8. Проведение научно-исследовательских работ и другой подобной деятельности на основании запроса физического и юридического лица производится на договорной основе в порядке, предусмотренном гражданским законодательством.

9. Постановление или определение уполномоченного органа о назначении государственной судебной экспертизы, запрос физического и юридического лица о проведении экспертизы или выполнении других видов услуг адресуется на имя руководителя учреждения государственной судебной экспертизы и рассматривается в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан.

...