Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 октябри соли 2024, № 525 "Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040"

Санаи амалкуни: 01.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии Нақшаи мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи мазкур ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2024, № 525

 

 Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий 2024-2026 годов Стратегии развития социальной защиты населения Республики Таджикистан на период до 2040 года

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План действий 2024-2026 годов Стратегии развития социальной защиты населения Республики Таджикистан на период до 2040 года (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять меры по реализации настоящего Плана и о проделанной работе ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящего Плана ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.


Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе от 1 октября 2024 года №525