Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2024, №1386 "Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба маблағгузории идомаи сохтмони Лоти 4 – и (иншоотҳои соҳили чап) лоиҳаи сохтмони НБО Роғун"

Санаи амалкуни: 26.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба маблағгузории идомаи сохтмони Лоти 4 – и (иншоотҳои соҳили чап) лоиҳаи сохтмони НБО Роғун

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи қарзӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба маблағгузории идомаи сохтмони Лоти 4-и (иншоотҳои соҳили чап) лоиҳаи сохтмони НБО Роғун, ки 10 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд, тасдиқ карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки Исломии Рушдро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани созишномаҳои мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. Зокирзода

ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2024, №1386


Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Кредитного соглашения, Агентского соглашения и Рамочного соглашения между Республикой Таджикистан и Исламским Банком Развития по финансированию строительства Лота-4 (левобережные сооружения) проекта строительства Рогунской ГЭС

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

  1. Ратифицировать Кредитное соглашение, Агентское соглашение и Рамочное соглашения между Республикой Таджикистан и Исламским Банком Развития по финансированию строительства Лота-4 (левобережные сооружения) проекта строительства Рогунской ГЭС, подписанные 10 июня 2024 года в городе Душанбе.
  2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исламский Банк Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанных соглашений.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан М.Зокирзода
г. Душанбе, 26 июня 2024 года, №1386

Прилагается на тадж.яз