СОЗИШНОМАИ АГЕНТӢ(МАБЛАҒГУЗОРИИ БА МУҲЛАТҲО ТАҚСИМШУДА) БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ОИД БА СОХТМОНИ ЛОТ-и 4 (ИНШООТҲОИ СОҲИЛИ ЧАП) ЛОИҲАИ НБО-и РОҒУН, ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст.
СОЗИШНОМАИ АГЕНТӢ
(МАБЛАҒГУЗОРИИ БА МУҲЛАТҲО ТАҚСИМШУДА)
СОЗИШНОМА аз санаи _____/_____/соли 1445 мувофиқ ба _____/_____/соли 2024
байни:
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН («Қабулкунанда» ё «Агент»);
ва
БОНКИ ИСЛОМИ РУШД («БИР» ё «Бонк»),
ки дар алоҳидагӣ «Тараф» ва дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд.
БО ДАРНАЗАРДОШТИ ОН, КИ
А. Мутобиқи Созишномаи қолабии байни БИР ва Қабулкунанда басташуда БИР розӣ шуд, ки дороиҳои муайяни марбут ба Лоиҳаро харад (тавре ки дар Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур тавсиф шудааст) ва Қабулкунанда уҳдадор шудааст, ки дороиҳои лоиҳаро аз БИР харидорӣ намояд;
В. Маблағи тасдиқшуда барои хариди дороиҳои лоиҳа аз ҷониби БИР 55 330 000 евро (панҷоҳу панҷ миллиону сесаду сӣ ҳазор евро)-ро ташкил мекунад;
С. БИР мехоҳад Қабулкунандаро ҳамчун агенти хариди дороиҳои лоиҳа таъин намояд;
D. Мутобиқи Созишномаи мазкур муносибатҳои байни БИР ва Агент муносибатҳои муваккил (асосӣ) ва вакил (агент) мувофиқи принсипҳои шариат мебошанд.
ҲАМИН ТАРИҚ, Тарафҳо ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1. ШАРТҲОИ УМУМӢ; МАФҲУМҲО
1.1. Шартҳои умумӣ
1.1.1. Созишномаи мазкур бо Шартҳои умумии БИР дар таҳрири соли 2020, ки нисбат ба созишномаҳои агентӣ татбиқ мешаванд (Шартҳои умумӣ), танзим мегардад. Шартҳои умумӣ қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошанд;
1.1.2. Дар сурати ягон номувофиқатӣ байни шартҳои Созишномаи мазкур ва Шартҳои умумӣ, муқаррароти Созишномаи мазкур бартарӣ доранд.
1.2. Мафҳумҳо
1.2.1. Истилоҳоте, ки бо ҳарфҳои калон навишта шудаанд, агар дар ҳуҷҷати мазкур тартиби дигар муайян нашуда бошад, маънои дар Шартҳои умумӣ ба онҳо додашударо доранд.
Моддаи 2. АГЕНТӢ
2.1. Бо ҳуҷҷати мазкур БИР Агентро барои амалҳои зерин таъин мекунад:
2.1.1. бо Пудратчӣ оид ба нархи Шартнома ва тамоми хусусиятҳои объектҳои лоиҳа гуфтушунид кунад ва мувофиқа намояд;
2.1.2. Қарордод бандад ва интиқоли объектҳои лоиҳаро назорат намояд; ва
2.1.3. таҳвили дороиҳои лоиҳаро мутобиқи шартҳои Қарордод, Шартҳои умумӣ ва Созишномаи мазкур қабул намояд.
2.2. Агент бо ҳуҷҷати мазкур ба таъинот розӣ мешавад ва уҳдадор мешавад, ки хизматрасониҳои агентиро тибқи муқаррароти Шартҳои умумӣ ва мутобиқи шартҳои Созишномаи мазкур ба маблағи номиналии сад евро (100,00 евро) иҷро кунад. .
2.3. Бе расонидани зарар ба бандҳои 2.1 ва 2.2 Созишномаи мазкур БИР бо он розӣ мешавад, ки Агент уҳдадориҳои худро дар доираи Созишномаи мазкур ба Агентии Иҷрокунанда вогузор кунад. Аммо, Агент уҳдадор мешавад ва эътироф мекунад, ки барои ҳама гуна амал ё беамалии Агентии иҷрокунанда оид ба уҳдадориҳои Агент дар доираи Созишномаи мазкур масъул мебошад.
2.4. Барои мақсадҳои банди 2.3 Агент Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати Агентии иҷрокунанда таъин мекунад.
2.5. Агент бояд маблағгузории Лоиҳаи БИР-ро дар маводи хаттӣ ва изҳороти шифоҳӣ ва тавассути истифодаи логотипи БИР дар дороиҳои лоиҳа, мавод ва ҳисоботҳо эътироф кунад.
Моддаи 3. ХАРИД
3.1. Агар аз ҷониби БИР тартиби дигаре мувофиқа нагардида бошад, Агент бояд хариди дороиҳои лоиҳаро тибқи Сиёсат ва рдастурҳои БИР оид ба харид, Фасли 3 (Хариди дороиҳои лоиҳа) Шартҳои умумӣ ва Замимаи II ба Созишномаи мазкур (Усулҳои хариди Дороиҳои лоиҳа) амалӣ намояд.
3.2. Муҳлати анҷоми хариди дороиҳои лоиҳа дар доираи Шартнома набояд аз 5 (панҷ) сол аз рӯзи пардохти аввал зиёд бошад.
3.3. Мушаххасоти дороиҳои лоиҳа дар доираи Қарордод ба тавсифи умумии Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур бошад ва дар Қарордод нишон дода шавад.
Моддаи 4. ПАРДОХТ
4.1. БИР пардохти маблағҳоро мутобиқи муқаррароти Мактуб дар бораи пардохти маблағҳо ва ба шарти риояи шартҳои дар фаслҳои 4.1 (Дархостҳо оид ба пардохт) ва 4.2 (Шартҳои пардохт) Шартҳои умумӣ ифодагардида анҷом медиҳад .
4.2. Илова ба шартҳои дар Шартҳои умумӣ зикршуда, Пардохт аз ҷониби БИР аз эътибор пайдо кардани Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи мазкур вобаста мебошад.
4.3. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархости аввал барои пардохт яксаду ҳаштод (180) рӯз аз санаи эътибор пайдо кардан мебошад.
4.4. Санаи охирини пардохти маблағ санаи охирини давраи имтиёзнок мебошад .
4.5. Бе расонидани зарар ба ҳама гуна шартҳои дигари пеш аз азхудкунии маблағҳо, Агент бояд таъмин намояд, ки аудитори мустақили молиявии Лоиҳа барои гузаронидани аудити босифат, ки қонеъкунандаи БИР мебошад, таъин карда шавад. Ҳангоми пешниҳоди дархост оид ба ҳама гуна Пардохт пас аз Пардохти аввал, Агент бояд ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи ҳузури аудитори мустақили молиявии Лоиҳаро пешниҳод намояд. Таъин накардани аудитори мустақил ҳолати иҷро накардан ба ҳисоб меравад ва боиси боздоштани пардохти маблағи тасдиқшуда мегардад.
Моддаи 5. ҚАБУЛ; ТАҲВИЛ
5.1. Агент дороиҳои лоиҳаро мутобиқи Қисми 3.6 (Қабул ва таҳвили дороиҳои лоиҳа) Шартҳои умумӣ қабул ва таҳвил менамояд.
5.2. Мутобиқи фасли 3.7 (Огоҳинома дар бораи таҳвил) Шартҳои умумӣ Агент бояд на дертар аз бисту як (21) рӯз аз санаи таҳвил ба БИР огоҳиномаи таҳвилро дар шакли Замимаи III- и Созишномаи мазкур пешниҳод намояд.
Моддаи 6. ЭЪТИБОР ПАЙДО КАРДАН
Созишномаи мазкур аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи қолабӣ эътибор пайдо менамояд.
Моддаи 7. АЛОҚА
Агент бо ҳамин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати намояндаи ваколатдори он, ки барои мақсадҳои банди 8.3 Шартҳо ва шартҳои умумӣ амал менамояд, таъин менамояд. Ҳама гуна огоҳинома вобаста ба Созишномаи мазкур ба суроғаҳои зерини Тарафҳо фиристода мешавад:
Барои Қабулкунанда:
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз, 35
Тел: +992 37 221 14 17
Факс: +992 37 221 68 10
Почтаи электронӣ: info@moliya.tj
Барои БИР:
8111 кӯчаи Подшоҳ Холид, ноҳияи Ал-Нузла Ал- Ямания. Блоки №1
Ҷидда-22332-2444, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Тел: +966 12 6361400
Факс: +966 12 6366871
Почтаи электронӣ: IDARCHIVES@isdb.org
Моддаи 8. НУСХАҲОИ ҲУҶҶАТ ВА ИМЗОҲО:
Созишномаи мазкур, аз ҷумла ҳама гуна ислоҳот, метавонад дар якчанд нусхаҳо ба расмият дароварда шавад, ки ҳар яки онҳо нусхаи аслии Созишнома ҳисобида мешаванд ва ҳамаи онҳо як созишномаро ташкил медиҳанд. Нусхаҳои Созишномаи мазкур метавонанд аз ҷониби ҳар яке аз Тарафҳо тавассути имзои факсимилӣ ё имзои дигари электронӣ (аз ҷумла формати ҳуҷҷати сайёр) имзо ва супорида шаванд ва Тарафи қабулкунанда метавонад ба қабули чунин ҳуҷҷат, ки ба таври расмӣ таҳия ва ҳамин тариқ дар шакли электронӣ ё тавассути факс расонида шудааст, эътимод дошта бошад, ки гӯё нусхаи аслӣ гирифта шуда бошад.
СОЗИШНОМАИ МАЗКУР дар санаи дар аввали Созишномаи мазкур зикргардида баста шудааст.
ЗАМИМАИ I: ТАВСИФИ ЛОИҲА, ДОРОӢ ВА НАҚШАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА
ФАСЛИ I «ТАВСИФИ ЛОИҲА»
Ҳадафи лоиҳа таҳвили неруи барқи тоза, барқароршаванда, дастрас ва боэътимод барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ ба неруи барқ бо нархҳои дастрас, беҳтар намудани амнияти энергетикӣ ва тиҷоратӣ гардонидани он тавассути бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамин тариқ, он метавонад барои кам кардани партови гази ангидриди карбон дар шабакаҳои барқи Қазоқистон ва Ӯзбекистон мусоидат кунад, инчунин дар беҳбуди амнияти об на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ саҳм гузорад.
Лоиҳаи Роғун аз сарбанд бо баландии 335 м, чор туннели гидравликӣ (дарозиашон аз 1100 м то 1500 м, диаметрашон аз 10 м то 15 м), обпартои рӯизаминӣ, толори зеризаминӣ бо шаш агрегати турбинаи Франсис (6 х 630 МВт), таҷҳизоти баландшиддат ва таҷҳизоти ёрирасон иборат иебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони Лоти 4 (иншоотҳои соҳили чап)-и Неругоҳи барқи обии Роғунро пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва аъзои Гурӯҳи Ҳамоҳангсозии Араб (Фонди рушди Саудӣ, Хазинаи Рушди Иқтисодии Кувайт, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Хазинаи рушди Абузабӣ) маблағгузорӣ мегардад.
Лоиҳа аз ҷузъҳои зерин иборат аст:
Қисмати А. Таҷҳизоти гидромеханикӣ, барқи обӣ ва корҳои сохтмонӣ – иншооти обгиранда; обгирии доимӣ (аз ҷумла туннелҳои таҳти фишор ва обгардонҳо), корҳои сохтмонӣ дар туннелҳои обгир ва обгардон ва таҷҳизоти гидромеханикӣ, ки барои таъмини воридшавии об ба агрегатҳои энергетикӣ зарур аст; корҳои сохтмонӣ ва системаҳои умумиистгоҳии (СУИ) неругоҳи барқ; толории трансформатор; галереяҳои васл кардани пардаи канораи чап.
Қисмати В: Аудити молиявӣ: Маблағгузории хизматрасониҳои аудиторӣ барои таъмини он, ки маблағгузории пешниҳодшуда мувофиқи ҳадафҳои лоиҳа истифода мешавад.
Қисмати C: Ҷузъи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода. Ин ҷузъи бо арзиши сифрӣ ва мустақил ба Лоиҳа ворид карда шудааст, то имкон диҳад, ки захираҳои мавҷудаи Лоиҳа барои пӯшонидани хароҷот барои чораҳои фавқулода дар ҳолати офатҳои табиӣ, пандемия ё обхезии калон ва ғайра истифода шаванд.
ФАСЛИ II «ДОРОИҲОИ ЛОИҲА»
Маблағгузории муҳлатноки аз ҷониби БИР пешниҳодшуда барои иҷро ё анҷом додани корҳо ва таҷҳизоти зерин, ки дар доираи Лот-4 харида мешаванд, истифода мешавад:
- Дарғот-пенсток (1, 2, 5 ва 6)
- Шабакаҳои дарвоза (1 ва 2)
- Дарғот пенстокҳои поёнӣ (1 ва 2)
Ба арзиши дороиҳои дар боло зикршуда корҳои сохтмонӣ, конструксияҳои пӯлодии баланд ва таҷҳизот дохил мешаванд. Хусусиятҳои техникии онҳо бояд барои хизматрасонии сарбанд бо хусусиятҳои зерин мутобиқ карда шаванд:
Маҷмуи агрегатҳо ва таҷҳизоти ЭМ |
Иқтидори умумии муқарраршуда (МВт) | 3 780 |
Шумораи агрегатҳо | 6 |
Истеҳсоли ҳадди аксари (МВт) ҳар агрегат | 630 |
Истеҳсоли ҳадди ақалли (МВт) ҳар агрегат | 360 |
Фишори ҳадди аксар (м) | 320 |
Фишори ҳадди ақал (м) | 185 |
Фишори миёна (м) | 285 |
Гардиш/дақ. | 166,7 |
Андозаи толори агрегатҳо (BxlxL) | 69x25x220 м |
Андозаи толори трансформатор (BxlxL) | 53х22х200 м |
Обқабулкунакҳои бисёрсатҳа |
Қубурҳои қабулкунанда бо дарозии | 312,5 м |
Кулвертҳои андозаҳои дохилӣ | 16 х 12 м |
Сатҳи обқабулкунакҳо (агрегатҳои 1, 2, 5, 6) | 1172 м аз сатҳи баҳр |
Сатҳи поёнии обқабулкунакҳо (агрегатҳои 3, 4) | 11 5 2 м аз сатҳи баҳр |
Сатҳи болоии обқабулкунакҳо (агрегатҳои 3,4) | 1206 м аз сатҳи баҳр |
Фишори ҳисобишудаи дарғоти обқабулкунакҳо | 140 м |
Туннелҳои обрасон |
Шумора | 6 |
Дарозии уфуқӣ | 356 м |
Баландии чоҳ | 212 м |
Диаметри дарозии болоии уфуқӣ | 7,5 м |
Диаметри чоҳи амудӣ | 7 м |
Сатҳҳои дар боло зикршуда метавонанд дар марҳилаи тендер дар асоси таҳлили муфассали лоиҳа тағйир дода шаванд.
ФАСЛИ III «НАҚШАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ»
Нақшаи пешниҳодшудаи маблағгузорӣ аз ҷониби ҳамаи донорҳои иштироккунанда барои ҳамаи лотҳо бо миллион доллари ИМА дар ҷадвали зер нишон дода шудааст:
№№ | Қисмат | БИР | Ҳаммаблағгузорон (*) | Даромади лоиҳа | Ҳукумати Тоҷикистон | Ҳамагӣ |
Фурӯши муҳлатнок | Қарз | Ҳамагӣ | % | Маблағ | % | Маблағ | % | Маблағ | % | |
1 | Лот 1 (Шартнома оид ба сохт-мони иншо-оти гидро-механикии гидроэлект-ромеханикӣ) | | | | | 380.00 | 100% | | | | | 380.00 |
2 | Лоти 1А | | | | | 118.00 | 100% | | | | | 118.00 |
3 | Лоти 2 (Шартномаи сарбанди асосӣ) | | | | | | | 470.00 | 22% | 1700.00 | 78% | 2170.00 |
4 | Лоти 3 (Иншооти соҳили рост) | | | | | 532.00 | 100% | | | | | 532.00 |
5 | Лоти 3А | | | | | 1140.00 | 100% | | | | | 1140.00 |
6 | Корҳои аввалия | | | | | | | 137.00 | 100% | | | 137.00 |
7 | Лоти 4 (Иншооти соҳили чап) | 59.05 | 86.66 | 145,71 | 29% | 353.47 | 71% | | | | | 499,18 |
8 | Нақшаи идоракунии муҳити зист ва иҷтимоӣ (НИМЗИ/ESMP) | | | | | | | 50.00 | 33% | 100.00 | 67% | 150.00 |
9 | Назорати лоиҳа ва баррасии лоиҳа (аз ҷумла назорати НИМЗИ/ESMP) | | | | | 125.00 | 100% | | | | | 125.00 |
10 | Таҷҳизоти иловагӣ | | | | | 125.00 | 45% | 50.00 | 18% | 100.00 | 36% | 275.00 |
11 | Хароҷоти муҳандисӣ ва корфармо | | | | | | | 39.00 | 25% | 120.00 | 75% | 159.00 |
12 | Қисмати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода | - | | | | - | | - | | - | | - |
Хароҷоти асосӣ | 59.05 | 86.66 | 145,71 | 3% | 2773.47 | 49% | 746.00 | 13% | 2020.00 | 36% | 5685.18 |
Ҳолатҳои ғайричашм-дошти физикӣ | 0,47 | 1.67 | 2.14 | 8% | 23.28 | 92% | | | | | 25.42 |
Арзиши ҳолатҳои ғайричашмдошт | 0,47 | 1.67 | 2.14 | 8% | 23.28 | 92% | | | | | 25.42 |
Ҳамагӣ | 60.00 | 90.00 | 150.00 | 3% | 2820.03 | 49% | 746.00 | 13% | 2020.00 | 35% | 5736.03 |
НАҚШАИ МУФАССАЛИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БАРОИ ЛОТИ 4
(*) Ҳама рақамҳо ба истиснои фоизҳо бо доллари ИМА оварда шудаанд.
ҶАДВАЛИ II. УСУЛИ ХАРИДИ ДОРОИҲОИ ЛОИҲА
Хариди дороиҳои лоиҳа ба таври зерин амалӣ карда мешавад:
Дастурҳои дахлдори харид. Хариди корҳо ва хизматрасониҳое, ки аз ҷониби аъзои ГҲА ва БИР якҷоя маблағгузорӣ мешаванд, ки дар он БИР ҳаммаблағгузори асосӣ мебошад, мувофиқи Дастурамали БИР оид ба хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои алоқаманд дар доираи маблағгузории лоиҳаи БИР амалӣ карда мешавад ( Нашри апрели соли 2019, феврали соли 2023, аз нав дида баромада) ва Дастур оид ба хариди хизматрасониҳои машваратии молияи БИР (нашри апрели соли 2019, феврали соли 2023, аз нав дида баромада) бо истифода аз ҳуҷҷатҳои дахлдори хариди стандартии БИР.
Истифодаи ҳуҷҷатҳои стандартии харид барои фаъолиятҳои аз ҷониби БИР маблағгузоришаванда: Агентии иҷрокунанда бояд ҳуҷҷатҳои дахлдори хариди стандартиро барои корҳо ва молҳо ва Дархост барои пешниҳодҳо (RFP) барои хизматрасониҳои машваратии аз ҷониби БИР додашударо бо тағйироти ҳадди ақали қобили қабул барои БИР истифода намояд то мувофики талаботи ҳалли масъалаҳои конкретии мамлакат ва лоиҳа ба кор бурда шаванд.
Ҳама муомилоти харид бояд ба Дастур оид ба мубориза бо коррупсияи Гурӯҳи БИР оид ба пешгирӣ ва мубориза бо қаллобӣ ва коррупсия дар фаъолиятҳои аз ҷониби Гурӯҳи БИР маблағгузорӣшаванда, инчунин расмиёти таҳримҳо мувофиқ бошанд.
Бастани пешакии Созишнома. Барои тезонидани татбиқи Лоиҳа, Шартномаи пешакӣ метавонад барои ( i) пудратчии корҳои сохтмонӣ ва (ii) ташкилоти аудити молиявӣ истифода шавад.
Ҳама шартномаҳои пешакӣ мувофиқи Дастур оид ба хариди БИР (нашри апрели соли 2019, ки дар феврали соли 2023 аз нав дида баромада шудааст) амалӣ карда мешаванд. Додани огоҳинома дар бораи интихоби хизматҳои машваратӣ тибқи Шартномаи пешакӣ бояд аз ҷониби БИР тасдиқ карда шавад.
Тартиби харид дар ҷадвали зерин ҷамъбаст карда шудааст:
Категория | Корҳо | Хизматрасониҳо |
ОРБ-ии кушод бо КП (ICB- ии кушод бо PQ) | ХММ/LCS - маҳаллӣ |
Корҳои сохтмонӣ | X | |
Аудити молиявии Лоиҳа | | X |
ЗАМИМАИ - III ШАКЛИ ИРСОЛИ ОГОҲИНОМА
[ДАР ШАКЛ-ФОРМАИ САРМАКТУБИ РАСМӢ ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД]
Бонки Исломии Рушд
8111 кӯчаи Подшоҳ Холид, ноҳияи Ал-Нузла Ал- Ямания. Блоки №1
Ҷидда-22332-2444, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Тел: +966 12 6361400
Факс: +966 12 6366871
Почтаи электронӣ: IDARCHIVES@isdb.org
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
ОГОҲИНОМА ОИД БА ТАҲВИЛ
Мо ба Созишномаи агентие, ки байни мо дар санаи ______/______/______ баста шудааст, истинод мекунем («Созишномаи агентӣ»).
Истилоҳоте, ки дар Созишномаи агентӣ муайян шудаанд (аз ҷумла Шартҳои умумӣ), ҳангоми истифода дар Огоҳиномаи мазкур оид ба таҳвил худи ҳамон маъноро доро мебошанд.
- Огоҳиномаи мазкур дар бораи таҳвил тибқи Созишномаи агентӣ дода мешавад ва дар зер имзокунанда ваколатдор аст, ки ин Огоҳиномаро аз номи ширкат иҷро ва таҳвил диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ба ин тариқ, БИР огоҳ карда мешавад, ки дороиҳои Лоиҳа аз ҷониби пудратчӣ ба мо расонида шудаанд.
- Мо дороиҳои Лоиҳаро баррасӣ кардем ва муайян намудем, ки дороиҳои Лоиҳа ба мушаххасоти дар Қарордод ва Созишномаи агентӣ зикршуда мувофиқанд ва дороиҳои Лоиҳаро мувофиқи он қабул намудем.
- Бо интишори ин Огоҳинома оид ба таҳвил мо тасдиқ мекунем, ки хариди дороиҳои лоиҳа анҷом ёфтааст.
БА ТАСДИҚИ ОНҲО Огоҳиномаи мазкур дар бораи таҳвил дар санаи ин санад ба расмият дароварда ва расонида мешавад.
Аз ном ва супориши
Номро ворид намоед
____________________________
Ном | Вазифаи шахси имзокунанда
САҲИФАИ ИҶРО
БАР ШАҲОДАТ БА ОН, намояндагони ба таври дахлдор ваколатдоршудаи Тарафҳо, Созишномаи мазкурро оид ба сохтмони Лоти-4 (Иншоотҳои соҳили чап)-и Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун, Тоҷикистон (TJK1042) дар санаи дар боло зикршуда ба забони англисӣ ба имзо расониданд.
АЗ НОМ ВА БО СУПОРИШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН _____________________________________ ҷаноби Файзиддин Қаҳҳорзода Вазири молия | АЗ НОМ ВА БО СУПОРИШИИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД _____________________________________ Доктор Муҳаммад Ал Ҷасир Президент |