ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №190
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба сархати нуздаҳуми банди 38 Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2016, № 190 «Дар бораи регламентҳои техникии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» тасдиқ шудааст, баъд аз калимаи «нахл» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои ғизоҳои табобатии F-75, F-100 ва ғизои табобатии омодаи истеъмол (BP-100)» илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 325
...