ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №617
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №617 "Дар бораи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
1) бандҳои 1, 2 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"1. Низомнома, сохтори марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 59 воҳиди корӣ (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 57 воҳид, муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, инчунин корҳои омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Саридора ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.";
2) ба Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархатҳои дувоздаҳум ва ҳаждаҳуми банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- додани тавсияҳо доир ба омӯзиши геологӣ, истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин;
- доир ба истифодабарии обҳои зеризаминӣ тавсия медиҳад, бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳоро барои додани иҷозатномаҳои омӯзиши геологӣ омода менамояд ва бо истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ шартномаҳои истифодабарии захираҳои табииро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад;";
- сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми банди 8 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- бо тартиби муқарраргардида басти вазифаҳои дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Саридораи геология ва сметаи хароҷоти онҳоро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва оинномаҳои ташкилотҳои низоми Саридораи геологияро тасдиқ менамояд;
- кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои низоми Саридораи геологияро бо тартиби муқарраргардида ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ мебандад, онро тағйир медиҳад, қатъ менамояд ва вазифаҳои хизматии онҳоро муайян менамояд;";
- банди 13 хориҷ карда шавад;
- дар банди 14 калимаҳои "баланси" ва ", суратҳисобҳо, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо кушода шудаанд, дорад" мувофиқан ба калимаҳои "тавозуни" ва "ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад" иваз карда шаванд;
3) замимаҳои 2 ва 3 дар таҳрири нав тасдиқ карда шуда, замимаи 4 илова карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 марти соли 2024, № 206
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2024, № 206
Сохтори дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо
Шуъбаи коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
Шуъбаи геология
Шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ
Шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ
Шуъбаи назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологӣ
Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ
Шуъбаи иқтисод
Шуъбаи истеҳсолию техникӣ
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия
Бахши низоми махфӣ ва бойгонӣ
Бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2024, № 206
Нақшаи идоракунии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Намояндагии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 марти соли 2024, № 206
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ"
Корхонаи воҳиди "Экспедитсияи иктишофии геологии Помир"
Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок
Муассисаи давлатии "Рӯзномаи Ганҷ"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ"
Муассисаи давлатии "Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ташхисгоҳи геологӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Экспедитсияи геофизикии Ҷанубӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Экспедитсияи иктишофи геологии Ҷануби Тоҷикистон"