ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Номгӯйи ташкилотҳои низоми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади вусъат додани фаъолият дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар муҳлати 3 моҳ харитаи роҳро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- таъмини иҷрои реҷаи махсуси танзимиро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки шароити махсуси ташкилию ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад, амалӣ намояд;
- индикаторҳои калидии самаранокии тадбирҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдорро, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ҷиҳати дар фаъолияташон истифода гардидани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои ҳар сол таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки бо мақсади вусъат додани фаъолияти корӣ ҳармоҳа тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандон иловапулии яккаратаи музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулии дар банди 3 фармони мазкур муқарраргардидаро танҳо дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пешбинӣ намояд.
5. Қоидаҳои реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тасдиқ карда шаванд (замимаи 4).
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.
7. Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147 "Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 рақами "60" ба рақами "75" иваз карда шавад;
- дар банди 3 калимаи "ду" ба калимаи "се" ва рақами "5" ба рақами "7" иваз карда шаванд;
- дар банди 4 рақами "3" ба рақами "4" иваз карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 марти соли 2024, № 798